Боз як кишвари дигар узви бонки БРИКС мешавад

© Sputnik / Антон Денисов / Гузариш ба медиабонкIII Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС
III Международный фестиваль театральных школ стран БРИКС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2023
Обуна шудан
Ба раиси ин ниҳоди байналмилалии молиявӣ аз ҷониби Ҳондурас дархости расмӣ ворид шудааст, ки дар он пайвастани давлат ба ин созмон ба миён гузошта шудаст
ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Ҳондурас Сиомара Кастро барои ворид шудани ин кишвар ба Бонки нави рушди БРИКС дархости расмӣ пешниҳод кардааст.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти ҳукумати кишвар хабар додааст.
"Президент Сиомара Кастро дар Шанхай бо раиси Бонки hушди нави БРИКС Дилма Руссеф мулоқот кард, ки расман дархости Ҳондурасро барои пайвастан ба ин созмон қабул кардааст", - таъкид аст ҳукумати ин кишвар.
Тавре хадамоти матбуотӣ афзуд, дар рӯзҳои наздик комиссияи техникии ҳукуматӣ барои идораи ин раванд таъсис дода мешавад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Арабистони Саудӣ барои пайвастан ба Бонки нави рушди БРИКС ба унвони узви нав музокирот дорад.
Саммит БРИКС. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
БРИКС имкон дорад ба як иттиҳоди дифоии ҷаҳонӣ табдил ёбад
Тасмими таъсиси як ниҳоди молӣ дар соли 2013 гирифта шуда, кори он 7 июли соли 2015 дар Маскав расман оғоз шуд.
Вазифаи асосии он маблағгузории лоиҳаҳои зерсохторӣ ва ташаббусҳои рушди устувор дар кишварҳои узви БРИКС ва кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад.
БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0