БРИКС имкон дорад ба як иттиҳоди дифоии ҷаҳонӣ табдил ёбад

© Sputnik Саммит БРИКС. Архивное фото.
Саммит БРИКС. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Обуна шудан
Русия таъсиси "Доираи некӣ"-ро истисно намекунад: иттиҳодияе, ки ба дахолат накардан, баробарӣ ва амнияти дастаҷамъӣ асос ёфтааст
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. БРИКС, ба ҷуз иттиҳоди иқтисодӣ, метавонад ба як иттиҳоди дифоъии ҷаҳонӣ табдил ёбад, мегӯяд, Виктор Бондарев, раиси кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба дифоъ ва амният.
Вай чунин иттиҳодияро "Доираи некӣ" номид: ин гуна иттиҳод бояд дар асоси дахолат накардан, баробарҳуқуқӣ ва ба нафъи амнияти ҳамдигар асос ёбад.
"Мо бояд ба хотири чизе муттаҳид шавем, на бар зидди касе - ин асоси тартиботи нави одилонаи ҷаҳонӣ аст",- гуфт сиёсатмадор.
Ба гуфтаи Бондарев, дар ҳоли ҳозир БРИКС баh асоси меъмории ояндаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, дар сиёсати ҷаҳонӣ нақши муҳим дорад.
"Ин иттиҳодия ба як маркази ҷалби бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ки орзуи озодии тиҷорат, ҳамкориҳои одилонаи байналмилалӣ ва истиқлолият аз долларро доранд, табдил меёбад", - таъкид кард вай.
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2022
Лавров: Эрон номзади шоиста барои БРИКС аст
Ёдовар мешавем, ки БРИКС Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин ва Африқои Ҷанубиро муттаҳид мекунад.
Як қатор дигар мамлакатҳо ният доранд, ки ба блоки иқтисодӣ дохил шаванд, аз он ҷумла Аргентина, Эрон ва ба гуфтаи Вазорати корҳои хориҷии Чин, Индонезия, Туркия, Арабистони Судӣ ва Миср.
Лентаи хабарҳо
0