ВУХ Русия: Маскав тасаввур намекунад, ки Осиёи Миёна ба таҳримҳо пайваст шавад

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2023
Обуна шудан
Ҷанбаи тиҷоративу иқтисодии ҳамкорӣ бо Маскав барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти мустақим дорад, изҳор дошт муовини вазири хориҷаи Русия
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Маскав ҳоло сенарияеро тасаввур намекунад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия ҳамроҳ шаванд.
Ин нуктаро муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин зимни суҳбат тариқи телевизионии "Россия 24" изҳор дошт.
"Ман итминон дорам, ки иттифоқчиён, шарикон ва дӯстони Осиёи Марказӣ аҳамияти афзалиятноки тамоми маҷмӯи муносибатҳо бо кишвари моро равшан дарк мекунанд", - таъкид кард ӯ.
Пас аз ин, дипломат ҷанбаи мустақими тиҷоративу иқтисодии ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақаро қайд кард.
Контейнерный терминал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Бо вуҷуди таҳримҳо: Русия ва Тоҷикистон тиҷоратро афзоиш медиҳанд
"Суде, ки аз пайвасти эҳтимолӣ ба таҳримҳо дар муқоиса бо талафоте, ки шикасти равобит бо Русия метавонад дар пай дошта бошад, ҳеҷ чиз аст", - гуфт Михаил Галузин.
Қаблан раиси ҷумҳури Русия, Владимир Путин гуфт, ки сиёсати боздошт ва заиф кардани кишвар стратегияи дарозмуддати Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
Ба фикри ӯ, мақсади асосии Ғарб бадтар кардани зиндагонии миллионҳо нафар мебошад.
Федератсияи Русия борҳо изҳор доштааст, ки кишвар бо фишори таҳримоте, ки Ғарб чанд сол пеш алайҳи Русия оғоз карду дар ҳоли афзоиш аст, мубориза хоҳад бурд.
Маскав қайд кард, ки Ғарб ҷуръати эътирофи нокомии таҳримҳо алайҳи Русияро надорад. Дар худи кишварҳои Ғарб ҳам дар бораи бетаъсир будани таҳримҳои зидди Русия фикру ақидаҳо борҳо шунида шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0