Бо вуҷуди таҳримҳо: Русия ва Тоҷикистон тиҷоратро афзоиш медиҳанд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкКонтейнерный терминал, архивное фото
Контейнерный терминал, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Обуна шудан
Сарвазири Русия мегӯяд, Русия шарики асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст, зеро дар соли 2022 гардиши мол ба 1,5 миллиард рубл расид
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Русия ва Тоҷикистон саъй доранд ҳамкориҳои дуҷонибаро ба роҳ монда, онро аз таҳримҳои Ғарб ҳифз кунанд. Дар ин бора сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин изҳор дошт.
"Мо тавассути ҳукумат иҷрои тавофуқоти раҳбаронамонро таъмин мекунем, ба таҳкими равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкориҳо, ҳифзи он аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳем", - афзуд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Русия шарики асосии тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Ҳамин тариқ, дар соли 2022 тиҷорати мутақобила 18% афзоиш ёфта, қариб ба 105 миллиард рубл расид.
"Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш ёфта, ширкатҳои ватанӣ дар бахши энержӣ, иқтисодиёти рақамӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва як қатор бахшҳои дигар фаъол кор мекунанд", - гуфт сарвазири Русия.
Мишустин афзуд, ки ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ диққати махсус дода мешавад.
"Имсол дар назар аст, ки Рӯзи синамои Русия ва Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон баргузор шавад", - шарҳ дод ӯ.
Вай қайд кард, ки ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки ба афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоя ва роҳандозии лоиҳаҳои нави муштараки ҳамкорӣ мусоидат мекунад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда мешавад.
Қаблан Михаил Мишустин гуфта буд, ки Русия тиҷорат бо Тоҷикистонро соддатар мекунад.
Флаги на переговорах верхних палат парламентов России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.06.2023
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги Русия баргузор мешаванд
Ба таъкиди ӯ, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби тавофуқнома дар бораи осон кардани равандҳои тиҷоратӣ суръат бахшидан ба интиқоли коло ва афзоиши назорат бар амалиёти тиҷоратии байнулмилалӣ хоҳад шуд.
Сарвазир қайд кард, ки Русия ин соҳаро фаъолона рушд медиҳад, то русҳо имкони кор бо ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ дошта бошанд ва ҷараёни кори коғазро кам кунанд.
Чунин ҳамкориҳо байни кишварҳои узви ИИАО низ ба роҳ монда мешаванд.
Вай афзуд, ки ин шаффофияти муомилоти тиҷорати хориҷиро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш медиҳад ва соҳибкорони ватаниро, ки дар самти шарқ кор мекунанд, дастгирӣ хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0