https://sputnik.tj/20230610/safir-rusiya-ima-khohon-sulh-ukraina-nest-1057660257.html
Сафири Русия гуфт, ИМА хоҳони сулҳ дар Украина нест
Сафири Русия гуфт, ИМА хоҳони сулҳ дар Украина нест
Sputnik Тоҷикистон
Баргардонидани сулҳ ба сарзамини бисёр азияткашидаи Украина ба нақшаҳои стратегҳои Вашингтон шомил нест, зеро онҳо бохти стратегӣ бар Русияро таҳаммул надоранд
2023-06-10T12:20+0500
2023-06-10T12:20+0500
2023-06-10T12:20+0500
има
украина
русия
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101408/47/1014084762_0:90:2780:1654_1920x0_80_0_0_9d5d9d868dfdd7d5531b9d7120b8a77a.jpg
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Тақсими бастаи нави бузурги кӯмаки низомӣ ба Украина аз майл надоштани мақомоти Амрико дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мусолиматомези низоъ шаҳодат медиҳад. Дар ин бора сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ба хабарнигорон изҳор дошт.Ахиран Пентагон дар бораи таҳвили аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ба маблағи 2,1 миллиард доллар эълон кард. Ба гуфтаи вай, мақомоти Кохи Сафед ҳеҷ коре накардаанд, то режими Зеленский ба сари мизи музокирот биёяд.Сардори намояндагии дипломатӣ афзуд, ки барои Вашингтон "бохти стратегӣ бар Русия" ғайриқобили қабул аст. "Обрӯи роҳбарияти кишвар, ки на роҳҳои дипломатӣ, балки ҷангро интихоб кардааст, зери хатар аст... Равшан аст, ки баргардонидани сулҳ ба сарзамини бисёр азияткашидаи Украина ба нақшаҳои стратегҳои Вашингтон шомил нест”, - хулоса кард Антонов.Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад. Тавре вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо таъмини силоҳ, балки бо омӯзиши кадрҳо бевосита даст доранд.
https://sputnik.tj/20230426/lavrov-ima-khohishi-iqtisod-rusiya-bayn-1056695829.html
има
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101408/47/1014084762_40:0:2761:2041_1920x0_80_0_0_b73f5fa76623ad725497eb2aac5722a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафир русия има сулҳ украина
сафир русия има сулҳ украина
Сафири Русия гуфт, ИМА хоҳони сулҳ дар Украина нест
Баргардонидани сулҳ ба сарзамини бисёр азияткашидаи Украина ба нақшаҳои стратегҳои Вашингтон шомил нест, зеро онҳо бохти стратегӣ бар Русияро таҳаммул надоранд
ДУШАНБЕ, 9 июн – Sputnik. Тақсими бастаи нави бузурги кӯмаки низомӣ ба Украина аз майл надоштани мақомоти Амрико дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мусолиматомези низоъ шаҳодат медиҳад.
Дар ин бора сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ба хабарнигорон изҳор дошт.
Ахиран Пентагон дар бораи таҳвили аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ ба маблағи 2,1 миллиард доллар эълон кард.
"Иёлоти Муттаҳида иаъмини дастпарварони худ бо навъҳои нави аслиҳаи марговар идома медиҳад. Ҷудо кардани ин гуна манобеъи таъсирбахши молӣ ба ин ҳадафҳо аз як чиз шаҳодат медиҳад: Вашингтон қасди ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли дипломатии низоъро надорад", - таъкид кард Антонов.
Ба гуфтаи вай, мақомоти Кохи Сафед ҳеҷ коре накардаанд, то режими Зеленский ба сари мизи музокирот биёяд.
Сардори намояндагии дипломатӣ афзуд, ки барои Вашингтон "бохти стратегӣ бар Русия" ғайриқобили қабул аст.
"Обрӯи роҳбарияти кишвар, ки на роҳҳои дипломатӣ, балки ҷангро интихоб кардааст, зери хатар аст... Равшан аст, ки баргардонидани сулҳ ба сарзамини бисёр азияткашидаи Украина ба нақшаҳои стратегҳои Вашингтон шомил нест”, - хулоса кард Антонов.
Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад.
Тавре вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо таъмини силоҳ, балки бо омӯзиши кадрҳо бевосита даст доранд.