Коҳиши башиддати рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Обуна шудан
Рубли русӣ дар бозори арзи Тоҷикистон дар қиболи пули миллӣ устуворияшро аз даст медиҳад, аммо евро бошад тадриҷан гарон мешавад
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло 1000 рубл 132,5 сомонӣ арзиш дошта, нисбат ба як рӯзи қаблӣ 1 сомонӣ поин рафтааст.
Вазъи доллари амрикоӣ низ наонқадар хуб буда, он ҳам коҳиш меёбад.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.9125 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як доллар ба 10.9128 сомонӣ баробар буд.
Вазъи пули аврупоӣ дар ҳоли муътадил боло меравад. Ҳамакнун дар кишвар бар ивази як евро 11.7386 сомонӣ медиҳанд. Як рӯз қабл бар ивази як евро 11. 7007 сомонӣ медоданд.
Денежные купюры. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.05.2023
Володин ба давлатҳои вобастаи доллар барои ҷустуҷӯи ҷойгузини он тавсия дод
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9125 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.7386 то 12.0000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0. 1325 то 0.1350 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
Лентаи хабарҳо
0