Эрон бо Иёлоти Муттаҳида созишномаи муваққатӣ бастанӣ нест

© Sputnik / СтрингерФлаг Ирана
Флаг Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Обуна шудан
Намояндагии Эрон дар СММ дар бораи хабарҳое, ки дар расонаҳо аз имкони имзои санади нав миёни Эрон ва Амрико мунташир шуд, изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Эрон гузоришҳо дар бораи наздикшавии Теҳрон ва Вошингтон барои бастани як тавофуқи муваққатӣ ба ҷои Нақшаи ҳамаҷонибаи амалиёти муштаракро (БАРҶОМ) рад кард.
Намояндаи расмии ин кишвар дар СММ Амир Саъид Ирвонӣ гуфтааст, ки чунин масъала дар рӯзнома нест, хабар медиҳад Tasnim.
Ба гузориши ин хабаргузорӣ, як рӯз пештар сойти "Middle East Eye" бо такя ба ду манобеъи бидуни номаш гуфта буд, ки Эрон ва Амрико дар садади имзои созиши муваққатӣ барои лағви бархе аз таҳримҳои марбут ба маҳдудиятҳои ғанисозии уран дар Эрон ҳастанд.
"Дар пайи як силсила гузоришҳо дар бораи наздик шудани Эрон ва ИМА ба як тавофуқи муваққатӣ, намояндагии Эрон дар СММ эълом кард, ки ҳеҷ тавофуқи муваққатӣ дар рӯзномаи иваз кардани БАРҶОМ вуҷуд надорад",- афзудааст манбаъ.
Соли 2015 Британияи Кабир, Олмон, Чин, Русия, Иёлоти Муттаҳида, Фаронса ва Эрон як тавофуқи ҳастаӣ - Нақшаи муштараки амалиёти ҳамаҷониба (БАРҶОМ)-ро имзо карданд, ки он бар ивази маҳдуд кардани барномаи ҳастаии Эрон лағви таҳримҳоро дар бар мегирад.
Моҳи майи соли 2018 Иёлоти Муттаҳида таҳти раҳбарии президент Доналд Трамп аз БАРҶОМ хориҷ шуд ва таҳримҳо алайҳи Теҳронро барқарор кард.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Эрон дар ҳоли баррасии хуруҷ аз созиши ҳастаӣ аст
Дар посух, Эрон эълом кард, ки тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби ин созишро тадриҷан коҳиш дода, аз маҳдудият дар пажӯҳишҳои ҳастаӣ, сентрифугаҳо ва мизони ғанисозии уран даст кашид.
Музокирот дар Вена барои тамдиди БАРҶОМ ва лағви таҳримҳои Вашингтон алайҳи Теҳрон баргузор шуд.
Моҳи декабри соли 2021 ҷонибҳо дар бораи ду тарҳи созишнома ба тавофуқ расиданд, ки дар он ҷониби Аврупо мавқеъҳои Эронро низ шомил кард.
Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон Носир Канъонӣ гуфт, ки музокирот хуб ҷараён дорад, аммо Нед Прайс-сухангӯи Вазорати хориҷаи Амрико пешрафт дар Венаро хоксорона арзёбӣ карда, аз Теҳрон хост, ба ин масъала ҷиддӣ муносибат кунад.
Лентаи хабарҳо
0