Эрон дар ҳоли баррасии хуруҷ аз созиши ҳастаӣ аст

© Sputnik / Антон Быстров / Гузариш ба медиабонкФлаг Ирана на одной из улиц Тегерана
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.03.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи Эрон эълом кард, ки тарҳи қонун дар бораи муҳлати ҳадди аксари музокирот дар бораи БАРҶОМ ба порлумон ироа шудааст
ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Эрон метавонад аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шавад, агар шарикони муколама бозгашт ба музокирот дар бораи Нақшаи ҳамаҷонибаи амалиёти муштаракро ба таъхир андозанд.
Дар ин бора Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён, вазири хориҷаи кишвар дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Ал-Ҷазира" изҳор дошт.

"Ба порлумони Эрон тарҳи қонуне пешниҳод шудааст, ки муҳлати ҳадди ниҳоӣ барои музокирот барои бозгашт ба созиши ҳастаӣ муқаррар шавад",- гуфт вай.

Тавре Абдуллоҳиён таъкид кард, "дарҳои муколама на ҳамеша боз хоҳанд буд."
Города мира. Шанхай - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2022
Чин: Аз узвияти Эрон дар БРИКС ҳимоят мекунем
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи март мудири кулли МАГАТЭ Рафаэл Гроссӣ бо як сафари расмӣ дар Теҳрон қарор дошт.
Вай бо раиси Созмони энержии атомии Эрон Муҳаммад Исломӣ гуфтугӯ кард.
Гроссӣ гуфт, оҷонсӣ дар пайи дастёбӣ ба тавофуқ бо Эрон аст, ки ба эҳёи Барномаи муштараки ҳамаҷонибаи иқдом дар мавриди тарҳи ҳастаии Эрон кумак кунад.
Лентаи хабарҳо
0