https://sputnik.tj/20230608/kalontarin-masjid-dushanbe-nisfiruzi-boz-1057617186.html
Калонтарин масҷиди Душанбе пас аз нисфирӯзӣ боз мешавад
Калонтарин масҷиди Душанбе пас аз нисфирӯзӣ боз мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Дар ифтитоҳи масҷиди бузургтарини Душанбе ва Осиёи Марказӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ширкат мекунанд
2023-06-08T13:42+0500
2023-06-08T13:42+0500
2023-06-08T14:21+0500
дар тоҷикистон
дин ва оин
душанбе
масҷид
шайх тамим ибни ҳамад оли сонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/35/1030903593_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_ab592828c9b3a85d0d4b92046791d69e.jpg
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Масҷиди калони Душанбе имрӯз баъди соати 16:00 кушода мешавад. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.Ба иттилои манбаъ қарор аст, дар ифтитоҳи масҷиди бузургтарини Душанбе ва Осиёи Марказӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ширкат мекунанд.Меҳмони воломақом рӯзҳои 8 ва 9 июн аз Душанбе боздид кунад.Ҳамзамон, як манбаъ аз Кумитаи дини кишвар ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дар доираи ин сафар калонтарин масҷид дар пойтахт ифтитоҳ мешавад."Калонтарин масҷид, ки бо сармояи дуҷониба бунёд шудааст, бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ боз мешавад", - афзуд манбаъ.Қаблан раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода низ гуфта буд, ки аз рӯи тартибу расмиёт масҷиди мазкур бояд бо иштироки ҳарду ҷониб ифтитоҳ гардад.Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Ҳазинаи сохтмони масҷид ҳудуди 100 млн доллар арзёбӣ мешуд, ки Қатар ҳудуди 70 миллион долларашро саҳмгузорӣ кардааст.Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.То Амир наояд масҷид боз намешавад: ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Душанбе маълум нестМасоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат мебошад.
https://sputnik.tj/20230605/kalontarin-masjid-dushanbe-rahmon-amrir-qatar-boz-1057549177.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103090/35/1030903593_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_b158fa514faf5a6ac7d5cebf308650c3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
масҷид, калонтарин, душанбе
масҷид, калонтарин, душанбе
Калонтарин масҷиди Душанбе пас аз нисфирӯзӣ боз мешавад
13:42 08.06.2023 (Навсозишуда: 14:21 08.06.2023) Эксклюзив
Дар ифтитоҳи масҷиди бузургтарини Душанбе ва Осиёи Марказӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ширкат мекунанд
ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Масҷиди калони Душанбе имрӯз баъди соати 16:00 кушода мешавад.
Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ қарор аст, дар ифтитоҳи масҷиди бузургтарини Душанбе ва Осиёи Марказӣ президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ширкат мекунанд.
Меҳмони воломақом рӯзҳои 8 ва 9 июн аз Душанбе боздид кунад.
Ҳамзамон, як манбаъ аз Кумитаи дини кишвар ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дар доираи ин сафар калонтарин масҷид дар пойтахт ифтитоҳ мешавад.
"Калонтарин масҷид, ки бо сармояи дуҷониба бунёд шудааст, бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ боз мешавад", - афзуд манбаъ.
Қаблан раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода низ гуфта буд, ки аз рӯи тартибу расмиёт масҷиди мазкур бояд бо иштироки ҳарду ҷониб ифтитоҳ гардад.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Ҳазинаи сохтмони масҷид ҳудуди 100 млн доллар арзёбӣ мешуд, ки Қатар ҳудуди 70 миллион долларашро саҳмгузорӣ кардааст.
Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат мебошад.