То Амир наояд масҷид боз намешавад: ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Душанбе маълум нест

© Sputnik / Амир ИсаевНовая мечеть в Душанбе
Новая мечеть в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.02.2021
Обуна шудан
Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон эълон доштанд, ки ифтитоҳи бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ аз вазъи ҳамагирӣ вобаста аст
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Давлатзода Сулаймон, раиси кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, санаи бозшавии бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ, ки бо сармояи Қатар дар шаҳри Душанбе сохта шудааст, маълум нест.
Вай афзуд, ки тибқи санадҳои ба имзо расида, давлати Қатар сармоягузорӣ асосӣ сохтмони Мисҷид ба ҳисоб меравад ва дар сурати сафари ҷониби Қатар ба Душанбе Масҷид ҳатман боз хоҳад шуд.
"Бозшавии масҷид ба вазъи эпидемиологӣ рабт дорад. Дар кишвар на танҳо Масҷиди сохти Қатар балки дигар масҷидҳо низ ба сабаби эпидемиологӣ муваққатан баста шуда буданд", - зикр кард Давлатзода Сулаймон.
Ёдрас мешавем, ки ба далели паҳншавии бемории короновирус, сафари амири Қатар ба Тоҷикистон ба таъхир афтод. Ҳамин тариқ ифтитоҳи Масҷиди нави ҷомеи марказии шаҳри Душанбе низ ба таъхир гузошта шуд.
Новая мечеть в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.01.2020
Намози Амири Қатар дар Душанбе: Масҷиди бузурги пойтахт кай ифтитоҳ мешавад?
Масҷиди мазкур, мебоист моҳи октябри соли гузашта ифтитоҳ шавад, аммо бо сабаби наомадани амири Қатар мавқуф гузошта шуд.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад.
Масҷиди бузурги ҷомеи шаҳри Душанбе дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Масоҳати зери бинои масҷид, 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат хоҳад буд.
Лентаи хабарҳо
0