Калонтарин масҷиди Душанберо Раҳмон ва амири Қатар боз мекунанд

© дафтари матбуоти раисиҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.06.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Масҷиди бузурги Душанбе муштаракан аз ҷониби Тоҷикистону Қатар сохта шудааст, пас аз интизориҳои зиёд ба қарибӣ дар назар аст, ки ифтитоҳ шавад
ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Амири давлати Қатар шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора Шоҳин Самадӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии кишвар ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, меҳмони воломақом рӯзҳои 8 ва 9 июн аз Душанбе боздид кунад.
Ҳамзамон, як манбаъ аз Кумитаи дини кишвар ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард, ки дар доираи ин сафар калонтарин масҷид дар пойтахт ифтитоҳ мешавад.

"Калонтарин масҷид, ки бо сармояи дуҷониба бунёд шудааст, бо ҳузури раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ боз мешавад", - афзуд манбаъ.

Қаблан раиси Кумитаи дин, Сулаймон Давлатзода низ гуфта буд, ки аз рӯи тартибу расмиёт масҷиди мазкур бояд бо иштироки ҳарду ҷониб ифтитоҳ гардад.
Масҷиди бузурги ҷомеи Душанбе яке аз бузургтарин масҷидҳои кишвару минтақа мешавад, ки ҳудуди 100 ҳазор нафарро дар як вақт ҷой медиҳад. Ҳазинаи сохтмони масҷид ҳудуди 100 млн доллар арзёбӣ мешуд, ки Қатар ҳудуди 70 миллион долларашро саҳмгузорӣ кардааст.
Он дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат мебошад.
Намаз на Ид аль-Фитр в Центральной мечети города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.02.2023
Тоҷикистон чанд масҷид дорад?
Масоҳати зери бинои масҷид 3 гектарро ташкил дода, санги асоси онро Эмомалӣ Раҳмон моҳи октябри соли 2009 дар рӯзҳои таҷлили 1310 - солагии Имоми Аъзам ва Соли бузургдошти асосгузор ва пешвои мазҳаби ҳанафӣ гузошта буд.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Масҷиди бузург бо назардошти унсурҳои бостонию муосири санъати меъмории мардуми тоҷик ва ҷаҳонӣ бунёд гардида, аз 4 манораи баландиаш 75-метрӣ ва гумбази 47-метрӣ иборат мебошад.
Лентаи хабарҳо
0