https://sputnik.tj/20230607/vmkb-zaminjunb-qavi-takon-dod-1057591059.html
ВМКБ -ро заминҷунбии қавӣ такон дод
ВМКБ -ро заминҷунбии қавӣ такон дод
Sputnik Тоҷикистон
Маркази мониторинги сейсмикӣ ва пешгӯии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон дар бораи заминларзаи шаби гузашта дар водии дарёи Ғунд хабар дод.
2023-06-07T10:09+0500
2023-06-07T10:09+0500
2023-06-07T10:09+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
заминҷунбӣ
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_0:0:3000:1688_1920x0_80_0_0_2ea85e3a2d11876e22f695b2574f6e20.jpg
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбии навбатӣ рух дод, хабар медиҳад Маркази мониторинги пешгӯии сейсмикии Ӯзбекистон.Бар хабари манбаъ, офати табиӣ тақрибан соати 3-и шаб дар 60-километрии ҷанубу ғарби Мурғоб, дар наздикии деҳаи Аличур, воқеъ дар шоҳроҳи Помир, дар водии рӯдхонаи Ғунд сар зад.Шиддати ҷунбиши замин ба 4,4 дараҷа баробар буд. Ба гуфтаи зилзилашиносон, умқи ларзиши замин тақрибан 173 километрро ташкил додааст. Дар ҳамин ҳол, чанд муддат боз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон бобати рух додани заминҷунбӣ дар ин ҳолат чӣ гуна рафтор бояд кард. корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.Наҷотдиҳандагон ба аҳолӣ на танҳо зарурати риояи қатъии тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза хотиррасон мекунанд, балки ба калонсолон ва кӯдакон варақаҳои иттилоотии муҳимро паҳн мекунанд.Маврид ба зикр аст, ки имсол шадидтарин заминҷунбӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо манзили сокинон ва иншоотҳои зиёд тахриб шуданд.Зарари оқибати заминҷунбӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ маълум шудМақомот зарари ин офати табииро 4,2 млн сомонӣ арзёбӣ карданд.
https://sputnik.tj/20230517/hukumat-bloger-khona-zaminlarza-mastchoh-1057178324.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/11/1044868314_205:0:2817:1959_1920x0_80_0_0_6e712dc3ea28fccd8604b9889a840ee4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вмкб заминҷунбӣ
ВМКБ -ро заминҷунбии қавӣ такон дод
Маркази мониторинги сейсмикӣ ва пешгӯии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон дар бораи заминларзаи шаби гузашта дар водии дарёи Ғунд хабар дод.
ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон заминҷунбии навбатӣ рух дод, хабар медиҳад Маркази мониторинги пешгӯии сейсмикии Ӯзбекистон.
Бар хабари манбаъ, офати табиӣ тақрибан соати 3-и шаб дар 60-километрии ҷанубу ғарби Мурғоб, дар наздикии деҳаи Аличур, воқеъ дар шоҳроҳи Помир, дар водии рӯдхонаи Ғунд сар зад.
Шиддати ҷунбиши замин ба 4,4 дараҷа баробар буд. Ба гуфтаи зилзилашиносон, умқи ларзиши замин тақрибан 173 километрро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, чанд муддат боз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандон бобати рух додани заминҷунбӣ дар ин ҳолат чӣ гуна рафтор бояд кард. корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Наҷотдиҳандагон ба аҳолӣ на танҳо зарурати риояи қатъии тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми заминларза хотиррасон мекунанд, балки ба калонсолон ва кӯдакон варақаҳои иттилоотии муҳимро паҳн мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки имсол шадидтарин заминҷунбӣ дар Кӯҳистони Мастчоҳ рух дод, ки дар натиҷа даҳҳо манзили сокинон ва иншоотҳои зиёд тахриб шуданд.
Мақомот зарари ин офати табииро 4,2 млн сомонӣ арзёбӣ карданд.