https://sputnik.tj/20230517/hukumat-bloger-khona-zaminlarza-mastchoh-1057178324.html
Хонаҳои нав ба ҷабрдидаҳои заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ кай супорида мешаванд?
Хонаҳои нав ба ҷабрдидаҳои заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ кай супорида мешаванд?
Sputnik Тоҷикистон
Сохтмони иморату иншоотҳои сокинон, ки бар асари рухдоди зилзила дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тахриб гардида буд, то як моҳи дигар ба анҷом расонида хоҳад шуд
2023-05-17T12:55+0500
2023-05-17T12:55+0500
2023-05-17T13:02+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
сохтмон
хона
заминларза
куҳистони мастчоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054337586_0:314:3020:2013_1920x0_80_0_0_29d475c48b388b78677dd825852ce5ed.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Дар деҳаи Палдораки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хонаҳое, ки бар асари заминларзаи моҳи марти соли равон пурра хароб гардида буданд, оғоз гардид. Дар ин бора сардори бахши КҲФ дар ноҳияи мазкур, Зафар Мирзобошиев, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Мирзобошиев аз саҳми блогерону саховатмандон ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар зикр кард, ки то ин вақт ба зарардидагони зилзила ёриҳои башардӯстонаи худро аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, маблағ ва маводи озуқаворӣ расонида истодаанд.Маврид ба зикр аст, ки санаи 23 марти соли ҷорӣ заминҷунбии шадид дар деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ харобиҳо дар пай гузошт. Он замон мақомот шиддати заминҷунбиро то 6 бал арзёбӣ намуданд. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 53 хонаю иншооти сокинон қисман ва 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ тахриб гардида, инчунин 120 сар чорвои сокинон талаф ёфта буд. Масъулони ситод оид ба бартарафсозии паёмади заминҷунбӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодисаи харобиовар ба ин ноҳияи дурдасти шимоли Тоҷикистон дар умум 4,2 млн сомонӣ зарар расидааст.
https://sputnik.tj/20230516/vmkb--zaminlarza-1057144604.html
куҳистони мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054337586_246:0:2930:2013_1920x0_80_0_0_ecf1f7dcafe94fcc4834b7dd0dbba1d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҷабрдида, заминларза, хона, суғд, мастчоҳ
ҷабрдида, заминларза, хона, суғд, мастчоҳ
Хонаҳои нав ба ҷабрдидаҳои заминларза дар Кӯҳистони Мастчоҳ кай супорида мешаванд?
12:55 17.05.2023 (Навсозишуда: 13:02 17.05.2023) Эксклюзив
Сохтмони иморату иншоотҳои сокинон, ки бар асари рухдоди зилзила дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тахриб гардида буд, то як моҳи дигар ба анҷом расонида хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Дар деҳаи Палдораки ноҳияи Куҳистони Мастчоҳ сохтмони хонаҳое, ки бар асари заминларзаи моҳи марти соли равон пурра хароб гардида буданд, оғоз гардид.
Дар ин бора сардори бахши КҲФ дар ноҳияи мазкур, Зафар Мирзобошиев, ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод.
"Дар назар аст, сохтмони хонаҳои нав дар оғози моҳи июл пурра ба анҷом расонида шаванд", - гуфт ӯ.
Мирзобошиев аз саҳми блогерону саховатмандон ва ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар зикр кард, ки то ин вақт ба зарардидагони зилзила ёриҳои башардӯстонаи худро аз қабили масолеҳи сохтмонӣ, маблағ ва маводи озуқаворӣ расонида истодаанд.
Маврид ба зикр аст, ки санаи 23 марти соли ҷорӣ заминҷунбии шадид дар деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ харобиҳо дар пай гузошт.
Он замон мақомот шиддати заминҷунбиро то 6 бал арзёбӣ намуданд. Бар асари ин ҳодисаи табиӣ 53 хонаю иншооти сокинон қисман ва 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ тахриб гардида, инчунин 120 сар чорвои сокинон талаф ёфта буд.
Масъулони ситод оид ба бартарафсозии паёмади заминҷунбӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодисаи харобиовар ба ин ноҳияи дурдасти шимоли Тоҷикистон дар умум 4,2 млн сомонӣ зарар расидааст.