https://sputnik.tj/20230606/darguzasht-sattor-tursun-navisanda-shinokhta-1057565754.html
Даргузашти Саттор Турсун, нависандаи шинохта ва аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон
Даргузашти Саттор Турсун, нависандаи шинохта ва аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон
Sputnik Тоҷикистон
Маросими видоъ бо нависандаи хушнома дар манзилаш доир шуда, ҷанозааш бошад, дар Масҷиди марказии Душанбе пас аз намози пешин доир хоҳад шуд
2023-06-06T09:43+0500
2023-06-06T09:43+0500
2023-06-06T16:00+0500
нависанда
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_0:139:2646:1627_1920x0_80_0_0_2b0641ee1c816dbd58b8236d972ccaf3.jpg
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Нависандаи халқии Тоҷикистон ва мутарҷими чирадаст Саттор Турсун дар Душанбе даргузашт.Тавре яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нависанда пас аз бемории тӯлонии саратон аз олам рафт.Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бо нависанда соати 12:00 дар назди манзилаш гузашта, ҷаноза дар Масҷиди марказии пойтахт пас аз намози пешин доир мешавад.Гуфта мешавад, ки ӯро низ дар қатори дигар бузургон дар қабристони Лучоб дафн хоҳанд кард.Тибқи ҳолномаи нависанда дар Донишномаи озод, ӯ 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи ҶШС Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи "Садои Шарқ" оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст.Солҳои 1990—1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.Соли 1993 аввалин сухангӯи роҳбари давлат Эмомалӣ раҳмон буд, ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накард, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия муҳим медонанд.Солҳои 1994—1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Баҳори Аҷам”-ро ба уҳда дошт.Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад. Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад.Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои "Камони Рустам", "Пайванд", "Ситораи корвонкуш", "Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976—1977)", "Зиндагӣ дар домани талҳои сурх", "Барф ҳам мегузарад", "Падар", "Се рӯзи як баҳор", "Думбура", "Пайғамбарзот" маъруф аст.Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои ӯ бо номи "Дили гарм" соли 1971 рӯйи чопро дидааст ва ба дунболи он маҷмуаи дигари повесту ҳикояҳояш бо номи "Сукути қуллаҳо" интишор ёфт. Асарҳо ва китобҳои дигари нависанда: "Камони Рустам" (1976), "Аз субҳ то шом" (1979),, "Дувоздаҳ ҳикоя" (барои бачаҳои синни калони мактабӣ, 1986), "Дарахти ҳазорсола" (1991), "Санг дар бағал ба тӯфон" (2002), "Чорбанди домангир" (2011) ва ғайра.Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст.Ӯ дорандаи Ҷоизаи Комсомоли Ленини Тоҷикистон (1985), Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), Нависандаи халқии Тоҷикистон (соли 1998), Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.
https://sputnik.tj/20230525/darguzasht-sabohat-qosimova-1057345752.html
https://sputnik.tj/20230519/darguzasht-sitora-roh-tojikfilm-1057226680.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/0b/1032249503_147:0:2499:1764_1920x0_80_0_0_9cac77bca977d1bc87e920668bef1f4d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саттор турсун нависанда
Даргузашти Саттор Турсун, нависандаи шинохта ва аввалин сухангӯи Эмомалӣ Раҳмон
09:43 06.06.2023 (Навсозишуда: 16:00 06.06.2023) Эксклюзив
Маросими видоъ бо нависандаи хушнома дар манзилаш доир шуда, ҷанозааш бошад, дар Масҷиди марказии Душанбе пас аз намози пешин доир хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Нависандаи халқии Тоҷикистон ва мутарҷими чирадаст Саттор Турсун дар Душанбе даргузашт.
Тавре яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, нависанда пас аз бемории тӯлонии саратон аз олам рафт.
“Аз бемории саратон ранҷ мебурданд ва шабт 5 июн дар синни 77-солагӣ аз олам гузаштанд”,- афзуд манбаъ.
Ба иттилои манбаъ, маросими видоъ бо нависанда соати 12:00 дар назди манзилаш гузашта, ҷаноза дар Масҷиди марказии пойтахт пас аз намози пешин доир мешавад.
Гуфта мешавад, ки ӯро низ дар қатори дигар бузургон дар қабристони Лучоб дафн хоҳанд кард.
Тибқи ҳолномаи нависанда дар Донишномаи озод, ӯ 15 феврали соли 1946 дар деҳаи Пасурхии ноҳияи Бойсуни вилояти Сурхондарёи ҶШС Ӯзбекистон ба дунё омада, соли 1970 бахши арабии факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти кории худро аз маҷаллаи "Садои Шарқ" оғоз намуда, муддати бист сол дар вазифаҳои мудири шуъбаи очерк ва публитcистика, мудири шуъбаи наср, муовини сардабир, иҷрокунундаи вазифаи сардабири ҳамин маҷалла кор кардааст.
Солҳои 1990—1991 мудири Шуъбаи идеологии Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд.
Соли 1993 аввалин сухангӯи роҳбари давлат Эмомалӣ раҳмон буд, ҳарчанд дар ин вазифа зиёд кор накард, вале нақшашро дар таъсиси ниҳоди мазкур дар Дастгоҳи иҷроия муҳим медонанд.
Солҳои 1994—1997 сардабири маҷаллаи адабии русии “Памир” буд. Баъдан чанд соли дигар вазифаи сардабирии нашрияи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон “Баҳори Аҷам”-ро ба уҳда дошт.
Саттор Турсунро нависандае медонанд, ки набзи замонро некӯ эҳсос мекунад, ба воқеаву рӯйдодҳои муҳимми зиндагӣ воқеъбинона ва устокорона баҳо медиҳад. Аз соли 1972 узви Иттифоқи нависандагони ИҶШС мебошад.
Саттор Турсун миёни хонандагонаш бо повесту роман ва қиссаҳои "Камони Рустам", "Пайванд", "Ситораи корвонкуш", "Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд(1976—1977)", "Зиндагӣ дар домани талҳои сурх", "Барф ҳам мегузарад", "Падар", "Се рӯзи як баҳор", "Думбура", "Пайғамбарзот" маъруф аст.
Аввалин маҷмуаи ҳикояҳои ӯ бо номи "Дили гарм" соли 1971 рӯйи чопро дидааст ва ба дунболи он маҷмуаи дигари повесту ҳикояҳояш бо номи "Сукути қуллаҳо" интишор ёфт.
Асарҳо ва китобҳои дигари нависанда: "Камони Рустам" (1976), "Аз субҳ то шом" (1979),, "Дувоздаҳ ҳикоя" (барои бачаҳои синни калони мактабӣ, 1986), "Дарахти ҳазорсола" (1991), "Санг дар бағал ба тӯфон" (2002), "Чорбанди домангир" (2011) ва ғайра.
Повесту роман ва ҳикояҳои ӯ ба беш аз 20 забони халқҳои дунё тарҷумаву нашр шудааст.
Ӯ дорандаи Ҷоизаи Комсомоли Ленини Тоҷикистон (1985), Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994), Нависандаи халқии Тоҷикистон (соли 1998), Дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст.