https://sputnik.tj/20230525/darguzasht-sabohat-qosimova-1057345752.html
"Модари Аҳорун": даргузашти Сабоҳат Қосимова
"Модари Аҳорун": даргузашти Сабоҳат Қосимова
Sputnik Тоҷикистон
Ӯро аз сутунҳои театру кинои тоҷик ном мебаранд, ки пас аз марги шавҳараш Фаррух Қосимов нагузошт театри озоди “Аҳорун” фурӯ пошад.
2023-05-25T10:06+0500
2023-05-25T10:06+0500
2023-05-25T10:06+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
даргузашт
театр
намоишсарои аҳорун
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/47/1027624747_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_5647d254c27b2367bbe0c1e572181b0e.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сабоҳат Қосимова, яке аз ҳунармандон ва коргардонони маъруфи театри тоҷик дар синни 72-солагӣ олами фониро падруд гуфт.Яке аз наздикони марҳум ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вай як соли ахир аз маризии саратон ранҷ мебурд ва вақтҳои ахир комилан бистарӣ шуда буд. Сабоҳат Қосимова 19 ноябри соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон (1973) аст.Вай ба Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ба кор омад ва то соли 1990 ҳунарпешаи он буд. Адиба ("Интихоби домод"-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба ("Аллома Адҳам ва дигарон"-и Сотим Улуғзода), Шараф (“Корвони бахт”-и Мирсаид Миршакар), Неля (“Бозиҳои бераҳмона”-и Алексей Арбузов), Мадлена (“Тӯдаи риёкорон”-и Михаил Булгаков) аз нақшҳои мондагори Сабоҳат Қосимова дар Театри Лоҳутӣ ба шумор мераванд. Соли 1990 ӯ дар канори шавҳараш, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, коргардони маъруф Фаррух Қосимов театри мустақили “Аҳорун” – ро поягузорӣ кард. Ҳарду ҳамсинфи донишгоҳӣ буданд ва соли 1973 баробари хатми таҳсил издивоҷ карданд. “Аҳорун” яке аз дастовардҳои санъати театри Тоҷикистон аст. Дар даҳаи 1990 иҷроҳои он натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷӣ, монанди Эрон, Русия, Белгия, Лаҳистон, Нидерланд ва Фаранса низ ба намоиш гузошта шуд. Зулайхо (“Юсуфи гумгашта…”-и Абдураҳмони Ҷомӣ), Карделия (“Шоҳ Лир”-и Вилям Шекспир), Ширинкор (“Шоҳ Фаридун”-и Абулқосим Фирдавсӣ) ва ғайра аз нақшҳои фаромӯшношудании Сабоҳат Қосимова дар Театри “Аҳорун” ба шумор меоянд. Пас аз марги шавҳараш дар соли 2010 ӯ раҳбарии Театри “Аҳорун” – ро ба зимма гирифт ва дар миёни мухлисону кормандони театр лақаби “Модари “Аҳорун” – ро камоӣ кард. Сабоҳат Қосимова барандаи ҷашнвораи ҷаҳонии театрҳо дар Гурҷистон (1983), ҷоизаи "Барои беҳтарин нақши зан“ дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии „Наврӯз-90“, “Тугайлик" дар шаҳри Уфа, "Даҳаи фаҷр" дар Эрон ва “Осиёи Миёна” дар шаҳри Антверпени Белгия аст. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шавкат Халилзода даргузаштВай аз як хонаводаи хеле маъруфи аҳли санъати тоҷик намояндагӣ мекард. Ба ҷуз шавҳари маъруфаш, хоҳари ӯ Муқаддас Набиева, келини Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешагони маъруфи даврони Шӯравӣ низ буд.Сабоҳат Қосимова Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аст.
https://sputnik.tj/20230519/darguzasht-sitora-roh-tojikfilm-1057226680.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102762/47/1027624747_144:0:2811:2000_1920x0_80_0_0_84c194d8db2922c4d9f2930055fc6b75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сабоҳат қосимова, даргузашт
сабоҳат қосимова, даргузашт
"Модари Аҳорун": даргузашти Сабоҳат Қосимова
Ӯро аз сутунҳои театру кинои тоҷик ном мебаранд, ки пас аз марги шавҳараш Фаррух Қосимов нагузошт театри озоди “Аҳорун” фурӯ пошад.
ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сабоҳат Қосимова, яке аз ҳунармандон ва коргардонони маъруфи театри тоҷик дар синни 72-солагӣ олами фониро падруд гуфт.
Яке аз наздикони марҳум ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, вай як соли ахир аз маризии саратон ранҷ мебурд ва вақтҳои ахир комилан бистарӣ шуда буд.
“Соли гузашта як маротиба бо талоши фарзандон ба кишвари Ҳинд низ барои тадовӣ рафт ва муддате ҳам он ҷо буд”, - гуфт манбаъ.
Сабоҳат Қосимова 19 ноябри соли 1951 дар деҳаи Ватани ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба дунё омада, хатмкардаи шуъбаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон (1973) аст.
Вай ба Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ ба кор омад ва то соли 1990 ҳунарпешаи он буд. Адиба ("Интихоби домод"-и Ҳоҷӣ Содиқ), Ҳабиба ("Аллома Адҳам ва дигарон"-и Сотим Улуғзода), Шараф (“Корвони бахт”-и Мирсаид Миршакар), Неля (“Бозиҳои бераҳмона”-и Алексей Арбузов), Мадлена (“Тӯдаи риёкорон”-и Михаил Булгаков) аз нақшҳои мондагори Сабоҳат Қосимова дар Театри Лоҳутӣ ба шумор мераванд.
Соли 1990 ӯ дар канори шавҳараш, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, коргардони маъруф Фаррух Қосимов театри мустақили “Аҳорун” – ро поягузорӣ кард.
Ҳарду ҳамсинфи донишгоҳӣ буданд ва соли 1973 баробари хатми таҳсил издивоҷ карданд.
“Аҳорун” яке аз дастовардҳои санъати театри Тоҷикистон аст. Дар даҳаи 1990 иҷроҳои он натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои хориҷӣ, монанди Эрон, Русия, Белгия, Лаҳистон, Нидерланд ва Фаранса низ ба намоиш гузошта шуд.
Зулайхо (“Юсуфи гумгашта…”-и Абдураҳмони Ҷомӣ), Карделия (“Шоҳ Лир”-и Вилям Шекспир), Ширинкор (“Шоҳ Фаридун”-и Абулқосим Фирдавсӣ) ва ғайра аз нақшҳои фаромӯшношудании Сабоҳат Қосимова дар Театри “Аҳорун” ба шумор меоянд.
Пас аз марги шавҳараш дар соли 2010 ӯ раҳбарии Театри “Аҳорун” – ро ба зимма гирифт ва дар миёни мухлисону кормандони театр лақаби “Модари “Аҳорун” – ро камоӣ кард.
Сабоҳат Қосимова барандаи ҷашнвораи ҷаҳонии театрҳо дар Гурҷистон (1983), ҷоизаи "Барои беҳтарин нақши зан“ дар озмуни театрҳои ҷавонон ва наврасони Осиёи Миёна ва Қазоқистон дар Тошканд, озмунҳои байналмилалии „Наврӯз-90“, “Тугайлик" дар шаҳри Уфа, "Даҳаи фаҷр" дар Эрон ва “Осиёи Миёна” дар шаҳри Антверпени Белгия аст.
Вай аз як хонаводаи хеле маъруфи аҳли санъати тоҷик намояндагӣ мекард.
Ба ҷуз шавҳари маъруфаш, хоҳари ӯ Муқаддас Набиева, келини Муҳаммадҷон Қосимов ва Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешагони маъруфи даврони Шӯравӣ низ буд.
Сабоҳат Қосимова Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аст.