Даргузашти ситорае, ки роҳашро аз "Тоҷикфилм" оғоз кард

© Sputnik / РИА НовостиАктер Рустам Уразаев
Актер Рустам Уразаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Ҳунарпеша аввалин нақшҳои барҷастаи худро дар киностудияи "Тоҷикфилм"-и замони шӯравӣ бозида, пас аз намоиши фильми "Садама дар фурудгоҳ" шуҳратёр шуд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ситораи "Тоҷикфилм"-и замони шӯравӣ, ҳунарпеша ва коргардони ӯзбеку рус Рустам Уразаев дар соли 66-уми умраш даргузашт.
Уразаев пас аз бемории тӯлонӣ даргузашт, хабар дод ҳамкораш Рашид Маликов дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Марҳум бо саратони дараҷаи сеюм мубориза мебурд ва дар яке аз беморхонаи Маскав табобат мегирифт.
Уразаев соли 1978 дар филми маъруфи тоҷикии "Ошпаз ва сароянда" ҳамроҳи ҳунарпеша Махфират Ҳамроқулова нақши асосиро бозида, пас аз намоиши филми "Садама дар фурудгоҳ" дар соли 1989 шӯҳрати умумииттифокӣ пайдо кард.

Тарҷумаи ҳоли Рустам Уразаев

Ҳунарпеша ва коргардони театр, кино ва телевизиони шӯравӣ ва русӣ 21 январи соли 1958 дар Ӯзбекистон таваллуд шудааст.
Донишкадаи рассомӣ ва факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Тошкандро хатм кардааст, узви Иттифоқи синамогарони Русия буд. Уразаев фаъолияти актёрии худро соли 1974 оғоз карда, дар театру синамо беш аз 50 нақш бозидааст.
Букет гвоздик в руке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2023
Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон Шавкат Халилзода даргузашт
Ӯ дар силсилафимлҳое аз қабили "Знахар" ва "Глухар" нақш бозида, дар таҳияаашон ҳамчун коргардон низ фаъолият кардааст.
Илова бар ин, вай дар филмҳои "Бо тахаллуси "Албанӣ", "Қиссаҳои занон", "Гвардияи панҷум", "Хона дар зери офтоби гарм", "Ҷавонии як нобиға", "Гу-га", "Шағолҳо", "Рок-н-ролл барои маликаҳо" ва "Атаман" нақш офаридааст.
Дар байни асарҳои Уразаев ҳамчун коргардон, қисматҳое аз силсилафилмҳои "Из", "Шамшер", "Саргузаштҳои занон", "Тор" ва ғайра ҷой доранд.
Лентаи хабарҳо
0