https://sputnik.tj/20230606/amaliyot-vizhai-nizomi-qolab-nato-panj-peshpo-1057582791.html
Амалиёти вижаи низомӣ: ҳуҷум аз рӯи қолабҳои НАТО дар панҷ самт пешпо хӯрд
Амалиёти вижаи низомӣ: ҳуҷум аз рӯи қолабҳои НАТО дар панҷ самт пешпо хӯрд
Sputnik Тоҷикистон
Ба ИМА ва НАТО созиш бо воқеият душвор аст, ки ҳатто фарҷоми барои Ғарб созгори “ҳуҷуми ҷавобӣ”- и эълоннамудаи украинӣ ҳам наметавонад ҳалли низоъ бошад
2023-06-06T18:35+0500
2023-06-06T18:35+0500
2023-06-06T19:54+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
давлатӣ
ҳуҷум
украина
амалиёт
амният ва мудофиа
русия
низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047806261_0:0:3103:1745_1920x0_80_0_0_d9eb57e162271d1a8c0775da5c231e32.jpg
Гуруҳи қӯшунҳои русиягӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ чун пештара самаранок мавқеъ, иншоотҳо, захираҳо ва манбаҳои артиши украиниро нобуд карда истодааст – дар хати фронт ва дар ҳама қаламрави ақибгоҳи фаврии душман.Артиши украинӣ, ки ба хотири андармонкунӣ кӯшиши ҳуҷумкунӣ ва зарбазанӣ дар чанд самтро дорад, талафоти ҳангуфт дода истодааст ва умедҳои Ғарбро ба “Drang nach Osten”(“ҳамла ба Шарқ”)-и зафарбахш бароварданӣ накард.Қувваҳои мусаллаҳи Русия дируз (4 июн) дар панҷ минтақаи фронт дар самти Южно-Донетск ҳамлаҳои артиши Украинаро, ки тавассути 8 баталён (то 4 ҳазор одам ва даҳҳо танк) ташкил карда шуда буд, зада гардониданд.Дар ягонтои ин минтақаҳо душман вазифаи рахназаниро иҷро карда натавонист, ва бебозгашт беш аз 250 ҷанговар, 16 танк, 3 мошини ҷангӣ барои пиёдааскарон (БМП), 21 мошини ҷангии зиреҳпӯшро талаф дод. Фаъолнокии артиши украинӣ дар дигар минтақаҳои хати 1000 километраи фронт бо оташи артиллерия фурӯ нишонида шуд – ҷосусӣ бо ҷанг ба ҳадафҳои гузошташуда нарасонид.Дар самти Краснолиманск артиллерия ва авиатсияи қувваҳои мусаллаҳи Русия зерсохторҳои ду бригадаҳои механиконидашудаи артиши украинӣ (63-ум ва 67-ум) ва як бригадаи Горди миллии украиниро ба гурез кашиданд.Пештар президенти украинӣ Владимир Зеленский дар бораи омода буданаш ба оғози “ҳамлаи ҷавобӣ” ва талаф додани теъдоди зиёди қӯшунҳои украинӣ дар он хабар дод. Стратегияи НАТО барои зарфият оғози “ҳамлаҳои ҷавобӣ”-ро бо ким кадом натиҷаи фаъолнокии артиши украинӣ дар яке аз самтҳо муайян месозад. Якчанд мавҷи амалиётнокии фаъол ва хислати динамикӣ дошта бо даври 72-96 соатро пешгӯи менамоянд – дарозои вақте, ки тӯли он қӯшунҳои ҳамлавари ҷангӣ нафасгир мешаванд ва ё торумор карда мешаванд. Дар Пентагон умед доранд, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина метавонанд "мудофиаи русияро аз ҷой ҷунбонад" ва муваффақ шаванд – ҳатто бе танкҳо ва тайёраҳои “F-16”-и амрикоӣ. Вазъият дар театри амалиёти ҷангии украинӣ воқеӣ будани чунин баҳодиҳӣ ва чунин нақшаҳоро ҳеҷ тасдиқ наменамояд. Дар Ғарб ва дар Шарқи амрикоигаро яроқу аслиҳа барои режими киевӣ тамомшавӣ дорад – ин муаммои аз ҳама ҷиддӣ ва дар солҳои наздик ҳалношаванда мебошад. Қувваҳои мусаллаҳи Русия зарбазаниро ба зерсохторҳои артиши Украина дар маҳалҳои Славянско-Краматорск ва Днепропетровск пурзӯр менамоянд.Бо зарбаҳои омехта иншоотҳои низомии душман дар вилоятҳои Киев, Харков, Кировоград, Сумск самаранок нобуд карда шуда истодаанд. Отрядҳои ҳуҷумкунандаи русиягӣ дар Маринка бомуваффақона пеш мераванд – беш аз 70 фоизи қаламрави шаҳр озод карда шуд. Ҳанӯз то оғози “ҳамлаи ҷавобии доманадор”-и артиши Украина, амрикоиҳоро суръати “безараргардонӣ”-и артиши лӯхтакмонанди украинӣ тавассути маҷмааҳои вазнини оташнишонии “ТОС-1 "Солнцепек"-и артиши русиягӣ моту мабҳут кард.Сабзаи зичро даравиданаш осон Илова ба ҳама нохушиҳои Ғарб, комплекси саноати мудофиавии русиягӣ сатҳи самаранокии фантастикӣ нишон дода истодааст - таи панҷ моҳи соли 2023 беш аз 600 танкҳои “Т-90М” истеҳсол карда шуданд. Қайд менамоем, артиши Украина дар ним сол ҳамагӣ 60 танки олмонии кӯҳнаи "Леопард" гирифт, ки онҳо ҳамсоли танкҳои шӯравии “Т-54” ва “Т-55” мебошанд. Ёрдамчии президенти ИМА оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Джейк Салливан дар мусоҳиба бо CNN зикр намуд, ки “ҳамлаи ҷавобӣ”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина метавонад ба Киев барои тасарруфи “қаламравҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим”, ки айни замон таҳти назорати Русия қарор дорад, кӯмак расонида метавонад. Дар ҳамин ҳол, номзад ба мақоми президентии ИМА аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон ва собиқ сафир дар СММ Никки Хейли дар бораи эҳтимолияти баланди ҷанги ҷаҳонӣ дар сурате, ки агар “Украина аз ҷанги зидди Маскав барояд”, гуфт ва аз иттифоқчиён даъват намуд, ки бо яроқ таъмин намудани Украинаро идома диҳанд. Хайлӣ дурӯғи маҳз мегӯяд:”Русия гуфт, ки дар навбат Лаҳистон ва кишварҳои назди Балтик хоҳанд буд”, ва чунин мавқеъ дараҷаи рӯҳияи воҳимаангез дар Вашингтонро нишон медиҳад. Тарс дар Ғарб аз шикасти глобалӣ дар театри амалиёти ҷангии украинӣ афзунтар мешавад. НАТО ниҳону ошкоро аз муаммоҳои вобаста қабули Украина ба аъзогӣ ва низои ошкорои ҷангӣ бо Русия худро дур мекашад. Мулоқоти сарони давлатҳои аъзои НАТО дар Вилнюс барои Киев ягон чизи хуб ваъда намедиҳад. Сиёсатшиноси олмонӣ Волф Меркел қайд намуд, ки имрӯз Русия он қадар тавонманд аст, ки аз ин пеш ҳеҷ гоҳ набуд ва ҳисобу китоб намуд: аскарони артиши украинӣ пеш аз яроқи Ғарб ба онҳо медода ба охир мерасанд. Дар НАТО бошад бе Украина ҳам “рӯҳҳои зинда ” - яъне аъзоёни сирф рамзӣ ба монанди Черногория ва Македониияи Шимолӣ бо буҷаи мудофиавӣ дар ҳудуди 100 млн доллар дар як сол - мерасанд. Рӯномаи британиягии The Times қайд менамояд, ки “ҳамлаи ҷавобӣ”-и қувваҳом мусаллаҳи Украина, ки Ғарб дар интизораш аст, “ҷанги пешгӯинашаванда” ва “номуайянии азим” мебошад. Бахусус, бо назардошти ҷалб намудани зархаридони лаҳистонӣ ва кӯшишҳои рахназаниҳои иғвогаронаи гурӯҳҳои ҷосусии диверсионии украинӣ ба вилояти Белгород ва ҳам истифодабарӣ дар ин ҳамлаҳо аз техникаи низомии амрикоӣ ва яроқи белгиягӣ. Ба ИМА ва НАТО созиш намудан бо воқеият душвор аст –бо воқеияте, ки ҳатто фарҷоми барои Ғарб аз ҳама созгори “ҳуҷуми ҷавобӣ”- и эълоннамудаи украинӣ ҳам наметавонад ҳалли низоъ бошад, ва амалиёти вижаи русиягиро то анҷоми мантиқиаш (таърихиаш) наметавонад боздорад.
https://sputnik.tj/20230606/ukraina-istifoda-bomba-iflos-rusiya-omoda-1057567856.html
https://sputnik.tj/20230606/lavrov-havodis-ukraina-tanho-juze-muboriza-1057570994.html
https://sputnik.tj/20230605/korshinos-avrupo-ima-bahrabardor-asli-nizo-ukraina-1057558351.html
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/14/1047806261_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_39d7aa8346f4c2730ed8278a29a93cd9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
пешпо, ҳамла, ҷавобӣ, нато, украина
пешпо, ҳамла, ҷавобӣ, нато, украина
Амалиёти вижаи низомӣ: ҳуҷум аз рӯи қолабҳои НАТО дар панҷ самт пешпо хӯрд
18:35 06.06.2023 (Навсозишуда: 19:54 06.06.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Ба ИМА ва НАТО созиш бо воқеият душвор аст, ки ҳатто фарҷоми барои Ғарб созгори “ҳуҷуми ҷавобӣ”- и эълоннамудаи украинӣ ҳам наметавонад ҳалли низоъ бошад
Гуруҳи қӯшунҳои русиягӣ дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ чун пештара самаранок мавқеъ, иншоотҳо, захираҳо ва манбаҳои артиши украиниро нобуд карда истодааст – дар хати фронт ва дар ҳама қаламрави ақибгоҳи фаврии душман.
Артиши украинӣ, ки ба хотири андармонкунӣ кӯшиши ҳуҷумкунӣ ва зарбазанӣ дар чанд самтро дорад, талафоти ҳангуфт дода истодааст ва умедҳои Ғарбро ба “Drang nach Osten”(“ҳамла ба Шарқ”)-и зафарбахш бароварданӣ накард.
Қувваҳои мусаллаҳи Русия дируз (4 июн) дар панҷ минтақаи фронт дар самти Южно-Донетск ҳамлаҳои артиши Украинаро, ки тавассути 8 баталён (то 4 ҳазор одам ва даҳҳо танк) ташкил карда шуда буд, зада гардониданд.
Дар ягонтои ин минтақаҳо душман вазифаи рахназаниро иҷро карда натавонист, ва бебозгашт беш аз 250 ҷанговар, 16 танк, 3 мошини ҷангӣ барои пиёдааскарон (БМП), 21 мошини ҷангии зиреҳпӯшро талаф дод.
Фаъолнокии артиши украинӣ дар дигар минтақаҳои хати 1000 километраи фронт бо оташи артиллерия фурӯ нишонида шуд – ҷосусӣ бо ҷанг ба ҳадафҳои гузошташуда нарасонид.
Дар самти Краснолиманск артиллерия ва авиатсияи қувваҳои мусаллаҳи Русия зерсохторҳои ду бригадаҳои механиконидашудаи артиши украинӣ (63-ум ва 67-ум) ва як бригадаи Горди миллии украиниро ба гурез кашиданд.
Пештар президенти украинӣ Владимир Зеленский дар бораи омода буданаш ба оғози “ҳамлаи ҷавобӣ” ва талаф додани теъдоди зиёди қӯшунҳои украинӣ дар он хабар дод.
Стратегияи НАТО барои зарфият оғози “ҳамлаҳои ҷавобӣ”-ро бо ким кадом натиҷаи фаъолнокии артиши украинӣ дар яке аз самтҳо муайян месозад.
Якчанд мавҷи амалиётнокии фаъол ва хислати динамикӣ дошта бо даври 72-96 соатро пешгӯи менамоянд – дарозои вақте, ки тӯли он қӯшунҳои ҳамлавари ҷангӣ нафасгир мешаванд ва ё торумор карда мешаванд.
Дар Пентагон умед доранд, ки қувваҳои мусаллаҳи Украина метавонанд "мудофиаи русияро аз ҷой ҷунбонад" ва муваффақ шаванд – ҳатто бе танкҳо ва тайёраҳои “F-16”-и амрикоӣ.
Вазъият дар театри амалиёти ҷангии украинӣ воқеӣ будани чунин баҳодиҳӣ ва чунин нақшаҳоро ҳеҷ тасдиқ наменамояд. Дар Ғарб ва дар Шарқи амрикоигаро яроқу аслиҳа барои режими киевӣ тамомшавӣ дорад – ин муаммои аз ҳама ҷиддӣ ва дар солҳои наздик ҳалношаванда мебошад.
Қувваҳои мусаллаҳи Русия зарбазаниро ба зерсохторҳои артиши Украина дар маҳалҳои Славянско-Краматорск ва Днепропетровск пурзӯр менамоянд.
Бо зарбаҳои омехта иншоотҳои низомии душман дар вилоятҳои Киев, Харков, Кировоград, Сумск самаранок нобуд карда шуда истодаанд.
Отрядҳои ҳуҷумкунандаи русиягӣ дар Маринка бомуваффақона пеш мераванд – беш аз 70 фоизи қаламрави шаҳр озод карда шуд.
Ҳанӯз то оғози “ҳамлаи ҷавобии доманадор”-и артиши Украина, амрикоиҳоро суръати “безараргардонӣ”-и артиши лӯхтакмонанди украинӣ тавассути маҷмааҳои вазнини оташнишонии “ТОС-1 "Солнцепек"-и артиши русиягӣ моту мабҳут кард.
Сабзаи зичро даравиданаш осон
Илова ба ҳама нохушиҳои Ғарб, комплекси саноати мудофиавии русиягӣ сатҳи самаранокии фантастикӣ нишон дода истодааст - таи панҷ моҳи соли 2023 беш аз 600 танкҳои “Т-90М” истеҳсол карда шуданд.
Қайд менамоем, артиши Украина дар ним сол ҳамагӣ 60 танки олмонии кӯҳнаи "Леопард" гирифт, ки онҳо ҳамсоли танкҳои шӯравии “Т-54” ва “Т-55” мебошанд.
Ёрдамчии президенти ИМА оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Джейк Салливан дар мусоҳиба бо CNN зикр намуд, ки “ҳамлаи ҷавобӣ”-и қувваҳои мусаллаҳи Украина метавонад ба Киев барои тасарруфи “қаламравҳои аз ҷиҳати стратегӣ муҳим”, ки айни замон таҳти назорати Русия қарор дорад, кӯмак расонида метавонад.
Дар ҳамин ҳол, номзад ба мақоми президентии ИМА аз ҳизби Ҷумҳурихоҳон ва собиқ сафир дар СММ Никки Хейли дар бораи эҳтимолияти баланди ҷанги ҷаҳонӣ дар сурате, ки агар “Украина аз ҷанги зидди Маскав барояд”, гуфт ва аз иттифоқчиён даъват намуд, ки бо яроқ таъмин намудани Украинаро идома диҳанд.
Хайлӣ дурӯғи маҳз мегӯяд:”Русия гуфт, ки дар навбат Лаҳистон ва кишварҳои назди Балтик хоҳанд буд”, ва чунин мавқеъ дараҷаи рӯҳияи воҳимаангез дар Вашингтонро нишон медиҳад.
Тарс дар Ғарб аз шикасти глобалӣ дар театри амалиёти ҷангии украинӣ афзунтар мешавад. НАТО ниҳону ошкоро аз муаммоҳои вобаста қабули Украина ба аъзогӣ ва низои ошкорои ҷангӣ бо Русия худро дур мекашад.
Мулоқоти сарони давлатҳои аъзои НАТО дар Вилнюс барои Киев ягон чизи хуб ваъда намедиҳад. Сиёсатшиноси олмонӣ Волф Меркел қайд намуд, ки имрӯз Русия он қадар тавонманд аст, ки аз ин пеш ҳеҷ гоҳ набуд ва ҳисобу китоб намуд: аскарони артиши украинӣ пеш аз яроқи Ғарб ба онҳо медода ба охир мерасанд.
Дар НАТО бошад бе Украина ҳам “рӯҳҳои зинда ” - яъне аъзоёни сирф рамзӣ ба монанди Черногория ва Македониияи Шимолӣ бо буҷаи мудофиавӣ дар ҳудуди 100 млн доллар дар як сол - мерасанд.
Рӯномаи британиягии The Times қайд менамояд, ки “ҳамлаи ҷавобӣ”-и қувваҳом мусаллаҳи Украина, ки Ғарб дар интизораш аст, “ҷанги пешгӯинашаванда” ва “номуайянии азим” мебошад.
Бахусус, бо назардошти ҷалб намудани зархаридони лаҳистонӣ ва кӯшишҳои рахназаниҳои иғвогаронаи гурӯҳҳои ҷосусии диверсионии украинӣ ба вилояти Белгород ва ҳам истифодабарӣ дар ин ҳамлаҳо аз техникаи низомии амрикоӣ ва яроқи белгиягӣ.
Ба ИМА ва НАТО созиш намудан бо воқеият душвор аст –бо воқеияте, ки ҳатто фарҷоми барои Ғарб аз ҳама созгори “ҳуҷуми ҷавобӣ”- и эълоннамудаи украинӣ ҳам наметавонад ҳалли низоъ бошад, ва амалиёти вижаи русиягиро то анҷоми мантиқиаш (таърихиаш) наметавонад боздорад.