https://sputnik.tj/20230606/ukraina-istifoda-bomba-iflos-rusiya-omoda-1057567856.html
Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" ба қаламрави Русия ҳамлаи террористӣ омода мекард
Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" ба қаламрави Русия ҳамлаи террористӣ омода мекард
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти иктишофии Украина кӯшиш кард, ки бо кӯмаки халабонҳои ҳавопаймоҳои сабукаш ба вилоятҳои Брянск, Тула ва Иваново ҷузъҳои бомбаҳоро интиқол диҳад
2023-06-06T11:29+0500
2023-06-06T11:29+0500
2023-06-06T11:40+0500
русия
украина
амният ва мудофиа
созмони амнияти федероли русия (фсб)
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056551549_0:57:1670:996_1920x0_80_0_0_256b4a0780283364534d07e2082cc35d.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хадамоти иктишофии низомии Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" дар Русия нақшаи як ҳамлаи террористиро дошт, хабар медиҳад, Хадамоти федеролии амнияти Русия. Хадамоти истихборот шарҳ дод, ки ин нақшаҳо ҳангоми тафтиши кӯшиши тахрибкорӣ дар фурудгоҳи "Северний" дар вилояти Иваново маълум шуданд, ки Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина ният дошт ҳавопаймоҳои дурпарвозро вайрон кунад.Барои ин, раиси Хадамоти иктишофии низомии Украина Кирилл Буданов як воҳиди дорои ҳавопаймоҳои сабукрав таъсис дод, ки бояд гурӯҳҳои тахрибкор ва иктишофӣ дар Русияро бо силоҳ таъмин кунад ва инчунин ба иншооти инфрасохтори сӯзишворӣ ва энергетикӣ зарба занад. Ҳамоҳангсозии истифодаи ҳавопаймоҳои сабук ба қисми ҳарбии рақами 3449 бо номи рамзии "Легион", ки ба ҳайати ХИНУ дохил мешавад, вогузор шудааст. "Ин воҳид аз аввали сол ба Русия панҷ парвозро ба нақша гирифта ва анҷом додааст, ки дар ҷараёни он ба иншооти маҷмааи сӯзишворӣ-энергетикӣ дар манотиқи ҳаммарзи Русия бо Украина осеб диданд", - афзуд ХФАР. Дар натиҷаи амалиёти вижа мақомоти амниятӣ ду халабонро боздошт карданд, ки ба гуноҳашон иқрор шуданд. Яке аз онҳо гуфт, аз ҷумла имкони интиқоли зарядҳои хурди сайёри ҳастаӣ ба Русия баррасӣ шудааст. "Бомбаи ифлос" контейнерест, ки дорои изотопҳои радиоактивӣ ва заряди тарканда аст. Ҳангоми таркидани зарф мешавад ва пуркунии радиоактивй бо мавчи зарба пошида, майдони калонро ифлос мекунад.Ҳангоми таркиш контейнер нобуд мешавад ва пуркунии радиоактивӣ бо мавҷи зарба пошида мешавад, ки майдони калонро ифлос мекунанд.
https://sputnik.tj/20221024/lavrov-rusiya-kiev-bomba-kasif-1052393773.html
русия
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056551549_134:0:1537:1052_1920x0_80_0_0_74122797483b57cea2885ad5192cf483.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина "бомбаи ифлос" қаламрав русия ҳамла террористӣ
украина "бомбаи ифлос" қаламрав русия ҳамла террористӣ
Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" ба қаламрави Русия ҳамлаи террористӣ омода мекард
11:29 06.06.2023 (Навсозишуда: 11:40 06.06.2023) Мақомоти иктишофии Украина кӯшиш кард, ки бо кӯмаки халабонҳои ҳавопаймоҳои сабукаш ба вилоятҳои Брянск, Тула ва Иваново ҷузъҳои бомбаҳоро интиқол диҳад
ДУШАНБЕ, 6 июн – Sputnik. Хадамоти иктишофии низомии Украина бо истифода аз "бомбаи ифлос" дар Русия нақшаи як ҳамлаи террористиро дошт, хабар медиҳад, Хадамоти федеролии амнияти Русия.
Хадамоти истихборот шарҳ дод, ки ин нақшаҳо ҳангоми тафтиши кӯшиши тахрибкорӣ дар фурудгоҳи "Северний" дар вилояти Иваново маълум шуданд, ки Сарраёсати иктишофии Вазорати дифои Украина ният дошт ҳавопаймоҳои дурпарвозро вайрон кунад.
"Аз ҷумла, нақшаи интиқол ва гузоштани бомбаҳои ба истилоҳ "ифлос", ки бо таймерҳои таъхиркунанда муҷаҳҳаз шудааст, барои ҳамзамон вайрон ва корношоям кардани минтақа барои зисти одамон таҳия шудааст",- гуфт манбаъ.
Барои ин, раиси Хадамоти иктишофии низомии Украина Кирилл Буданов як воҳиди дорои ҳавопаймоҳои сабукрав таъсис дод, ки бояд гурӯҳҳои тахрибкор ва иктишофӣ дар Русияро бо силоҳ таъмин кунад ва инчунин ба иншооти инфрасохтори сӯзишворӣ ва энергетикӣ зарба занад.
Ҳамоҳангсозии истифодаи ҳавопаймоҳои сабук ба қисми ҳарбии рақами 3449 бо номи рамзии "Легион", ки ба ҳайати ХИНУ дохил мешавад, вогузор шудааст.
"Ин воҳид аз аввали сол ба Русия панҷ парвозро ба нақша гирифта ва анҷом додааст, ки дар ҷараёни он ба иншооти маҷмааи сӯзишворӣ-энергетикӣ дар манотиқи ҳаммарзи Русия бо Украина осеб диданд", - афзуд ХФАР.
Дар натиҷаи амалиёти вижа мақомоти амниятӣ ду халабонро боздошт карданд, ки ба гуноҳашон иқрор шуданд.
Яке аз онҳо гуфт, аз ҷумла имкони интиқоли зарядҳои хурди сайёри ҳастаӣ ба Русия баррасӣ шудааст.
"Бомбаи ифлос" контейнерест, ки дорои изотопҳои радиоактивӣ ва заряди тарканда аст. Ҳангоми таркидани зарф мешавад ва пуркунии радиоактивй бо мавчи зарба пошида, майдони калонро ифлос мекунад.
Ҳангоми таркиш контейнер нобуд мешавад ва пуркунии радиоактивӣ бо мавҷи зарба пошида мешавад, ки майдони калонро ифлос мекунанд.