https://sputnik.tj/20230606/lavrov-havodis-ukraina-tanho-juze-muboriza-1057570994.html
Лавров дар Душанбе сабабу ҳадафи амалиёт дар Украинаро гуфт
Лавров дар Душанбе сабабу ҳадафи амалиёт дар Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Русияро водор карданд, ки ба ҷанги оғозкардаи ҳукуматдорони Украина дар Донбасс посух диҳаду амнияти миллии худро таъмин созад, гуфт мақомдори баландпоя
2023-06-06T16:55+0500
2023-06-06T16:55+0500
2023-06-06T16:55+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
сергей лавров
украина
амалиёт
амният ва мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054188030_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_14671a1f9dac44230da89eda1f29045b.jpg
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Мақомдорони ғарбӣ эътироф карданд, ки созишномаи Минск, танҳо баҳона барои тӯл додани вақту таҳкими қудрати низомии Украина буд. Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни мулоқот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи славянӣ дар шаҳри Душанбе баён дошта, афзуд, ки ин худ баҳои созишпазирии ҳукуматдорони Киеву пуштибонҳои ғарбияшон мебошад. Вай таъкид намуд, ки дар чунин шароит Маскавро маҷбур ба оғози амалиёти вижаи низомӣ карданд, то таҳдидҳо ба амнияти миллии Русия бартараф карда шаванд. Дипломат гуфт, Русия ночор ба ҷанги оғозкардаи Украина дар Донбас барои ҳимояи русҳо ва русзабонҳо дар замине, ки садҳо сол аҷдодонашон дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд, посух дод. Лавров изҳор дошт, ки ҳаводиси Украина танҳо қисме аз мубориза барои низоми меъмории ҷаҳонӣ аст. Муайян мешавад, ки низоми ҷаҳонии оянда адолатпарвару бисёрқутбӣ хоҳад буд ё танҳо манфиатҳои кишварҳои алоҳидаро таъмин мекунад, изҳор дошт ӯ. Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
https://sputnik.tj/20230606/ukraina-istifoda-bomba-iflos-rusiya-omoda-1057567856.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/0d/1054188030_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_53c7acbca87c7a55c4879872d9562ace.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сергей лавров, амалиёт, вижа, оғоз, душанбе, украина
сергей лавров, амалиёт, вижа, оғоз, душанбе, украина
Лавров дар Душанбе сабабу ҳадафи амалиёт дар Украинаро гуфт
Русияро водор карданд, ки ба ҷанги оғозкардаи ҳукуматдорони Украина дар Донбасс посух диҳаду амнияти миллии худро таъмин созад, гуфт мақомдори баландпояи рус
ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Мақомдорони ғарбӣ эътироф карданд, ки созишномаи Минск, танҳо баҳона барои тӯл додани вақту таҳкими қудрати низомии Украина буд.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни мулоқот бо донишҷӯён дар Донишгоҳи славянӣ дар шаҳри Душанбе баён дошта, афзуд, ки ин худ баҳои созишпазирии ҳукуматдорони Киеву пуштибонҳои ғарбияшон мебошад.
Вай таъкид намуд, ки дар чунин шароит Маскавро маҷбур ба оғози амалиёти вижаи низомӣ карданд, то таҳдидҳо ба амнияти миллии Русия бартараф карда шаванд.
Дипломат гуфт, Русия ночор ба ҷанги оғозкардаи Украина дар Донбас барои ҳимояи русҳо ва русзабонҳо дар замине, ки садҳо сол аҷдодонашон дар ин ҷо зиндагӣ мекарданд, посух дод.
Лавров изҳор дошт, ки ҳаводиси Украина танҳо қисме аз мубориза барои низоми меъмории ҷаҳонӣ аст. Муайян мешавад, ки низоми ҷаҳонии оянда адолатпарвару бисёрқутбӣ хоҳад буд ё танҳо манфиатҳои кишварҳои алоҳидаро таъмин мекунад, изҳор дошт ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ амалӣ карда истодааст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи амалиёти вижаи низомиро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқибу наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.