https://sputnik.tj/20230602/zarbai-neru-havoii-rusiya-difoi-ukraina-1057522787.html
Зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия ба иншооти низоми дифои фазои Украина
Зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия ба иншооти низоми дифои фазои Украина
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати мудофиаи Русия натиҷаи амали нерӯҳои кишвар дар минтақаи амалиёти вижаи низомиро баён дошта, талафоти ҷониби Украинаро эълон намуд
2023-06-02T20:20+0500
2023-06-02T20:20+0500
2023-06-02T20:20+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
амалиёт
низомӣ
тӯп
мошин
украина
вазорати мудофиа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046714180_0:10:1679:954_1920x0_80_0_0_77a1cdf1d35fe1b235031a9830988915.jpg
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Русия ба системаҳои дифои ҳавоӣ, ки иншооти зерсохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ҳимоя мекарданд, зарба заданд. Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дода, афзуд, ки ҳамаи ҳадафҳои таъйиншуда нобуд карда шуданд. "Нерӯҳои ҳавоии Русия як зарбаи гурӯҳӣ бо аслиҳаи дурпарвози дақиқи ҳавоӣ ба системаҳои дифоъи ҳавоии душман, ки иншооти муҳими инфрасохтори низомии Украинаро фаро гирифта буданд, зарба заданд", - омадааст дар иттилоия. Инчунин зикр шуд, ки нерӯҳои вижаи "Ахмат" пешравиҳоро дар самти тактикии Маринск давом дода истодаанд. Гуруҳи нерӯҳои ҷанубӣ бошад дар масири Авдеевка амалиёти бомуваффақият гузаронданд, илова намуд Вазорати мудофиа. Манбаъ афзуд, ки умуман, дар самти Донетск рақиб то 50 низомӣ, 4 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ ва 2 мошини боркаш, 3 се гаубисаи D-20, 2 мошини ҷангии дастгоҳи "Град", 2 маҷмааи артиллерии М777 ва як дастгоҳи худгарди "Paladin"-и истеҳсоли ИМА-ро талаф дод. Талафоти бештари нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск ва Запороже рух додаст. Дар он ҷо низомиёни Русия то 150 сарбози украинӣ, ду мошин, як тӯпхонаи худгард, як гаубисаи D-20 ва як истгоҳи назорати заминии ҳавопаймоҳои бесарнишинро нобуд карданд. Дар самти Херсон Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то 30 сарбоз, дар самти Краснолиманск то 60 ҷанговар, дар самти Купянский то 70 нафарро талаф доданд. Илова бар ин, ба нерӯҳои зиддиҳавоӣ муяссар шуд, ки як ҳавопаймои Су-25 ва 29 адад бесарнишини душманро сарнагун созанд, афзуд Вазорати мудофиа.
https://sputnik.tj/20230602/amaliyoti-vizhaii-nizomi-okhirin-kishtii-quvva-ukraina-1057517580.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046714180_304:0:1679:1031_1920x0_80_0_0_20538ac59548e4ad502c7a70437f0662.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тахриб, ҳаво, иншоот, украина, дифоъ
тахриб, ҳаво, иншоот, украина, дифоъ
Зарбаи нерӯҳои ҳавоии Русия ба иншооти низоми дифои фазои Украина
Вазорати мудофиаи Русия натиҷаи амали нерӯҳои кишвар дар минтақаи амалиёти вижаи низомиро баён дошта, талафоти ҷониби Украинаро эълон намуд
ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Ҳавопаймоҳои Русия ба системаҳои дифои ҳавоӣ, ки иншооти зерсохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ҳимоя мекарданд, зарба заданд.
Дар ин бора Вазорати мудофиаи Русия хабар дода, афзуд, ки ҳамаи ҳадафҳои таъйиншуда нобуд карда шуданд.
"Нерӯҳои ҳавоии Русия як зарбаи гурӯҳӣ бо аслиҳаи дурпарвози дақиқи ҳавоӣ ба системаҳои дифоъи ҳавоии душман, ки иншооти муҳими инфрасохтори низомии Украинаро фаро гирифта буданд, зарба заданд", - омадааст дар иттилоия.
Инчунин зикр шуд, ки нерӯҳои вижаи "Ахмат" пешравиҳоро дар самти тактикии Маринск давом дода истодаанд. Гуруҳи нерӯҳои ҷанубӣ бошад дар масири Авдеевка амалиёти бомуваффақият гузаронданд, илова намуд Вазорати мудофиа.
Манбаъ афзуд, ки умуман, дар самти Донетск рақиб то 50 низомӣ, 4 мошини зиреҳпӯши ҷангӣ ва 2 мошини боркаш, 3 се гаубисаи D-20, 2 мошини ҷангии дастгоҳи "Град", 2 маҷмааи артиллерии М777 ва як дастгоҳи худгарди "Paladin"-и истеҳсоли ИМА-ро талаф дод.
Талафоти бештари нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самтҳои Южнодонетск ва Запороже рух додаст. Дар он ҷо низомиёни Русия то 150 сарбози украинӣ, ду мошин, як тӯпхонаи худгард, як гаубисаи D-20 ва як истгоҳи назорати заминии ҳавопаймоҳои бесарнишинро нобуд карданд.
Дар самти Херсон Қувваҳои Мусаллаҳи Украина то 30 сарбоз, дар самти Краснолиманск то 60 ҷанговар, дар самти Купянский то 70 нафарро талаф доданд. Илова бар ин, ба нерӯҳои зиддиҳавоӣ муяссар шуд, ки як ҳавопаймои Су-25 ва 29 адад бесарнишини душманро сарнагун созанд, афзуд Вазорати мудофиа.