Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Амалиёти вижаии низомӣ: охирин киштии қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии Украина ба қаър рафт

© Sputnik / Игорь МасловДесантный корабль ВМФ Украины "Юрий Олефиренко"
Десантный корабль ВМФ Украины Юрий Олефиренко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Обуна шудан
Воқеияти театри амалиёти ҷангии украинӣ ба “сармоягузорӣ”-и бехудона, суханпардозиҳои назди ом ва умедҳои пурасрори Ғарби дастҷамъӣ мувофиқат намекунад
Қувваҳои мусаллаҳи ФР муттассил артиши Украина ва захираҳои ҷангии НАТО, марказҳои идоракунии ҷангӣ дар Киев, аслиҳаи дорои урани тиҳикардашуда дар Хмелнитский, флоти украиниро дар Одесса нобуд карда истодаанд.
Нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина – роҳи ҳатмӣ ва ягона ба сулҳ, ба амнияти ягона ва қисматнашавандаи Аврупо аст. Дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ Русия маҳз бо ҳамин машғул аст.
Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия 29 май дар бандари Одесса бо зарбаи яроқи нишонрасиаш дақиқ киштии ҷангии охирини қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии Украина - СДК "Юрий Олефиренко"-ро нобуд сохтанд.
Ҳузури ҳарбӣ-баҳрии бе ҳамон ҳам рамзии режими киевӣ дар Баҳри сиёҳ хотима ёфт. Талафоти калон барои қувваҳои мусаллаҳи Украина ва НАТО.
Боқимонда катерҳои қаровулии синфи дарёӣ, киштиҳои таъминоти ақибгоҳу қаиқҳои резинии дамкардашуда қодир нсетанд вазифаҳои муҳими ҷангиро ба иҷро расонанд, амалиётҳои десантӣ гузаронанд ва ё худ соҳилу акваторияро назорат баранд.
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
"Пинҳон шав": дар интернет Зеленскийро аз оқибатҳои изҳорот дар бораи Русия ҳушдор доданд
Таркиши аслиҳаи ғарбӣ ва, эҳтимол, бесарнишинҳои худкуши рӯиобӣ - дар таҳхонаву борхонаи киштии "Юрий Олефиренко" бемаънӣ будани интиқоли яроқи натогиро –чӣ ошкорову чӣ ниҳон – исбот намуд.
Хотиррасон менамоям, ки Пентагон 31 май дар бораи пешниҳоди ”баста”-и нави 39-уми кӯмаки низомӣ ба андозаи 300 млн доллар ба Киев эълон дошт. Яқин, ки “гегемон” ҳаҷм ва суръати пештараи интиқоли яроқро гум кардааст.
Агар ин маблағро ба аслиҳа гардонем, 300 млн доллар – ин ҳамагӣ 60 ҳаз. гулӯлаи тӯпии калибраш 155-мм мебошад.
Ин меъёри даҳрӯзаи тӯпҳои украинӣ аст. Агар онро то хати ҷабҳа расонида тавонанд.
Қувваҳои мусаллаҳи ФР муттассил артиши Украина ва захираҳои ҷангии НАТО, марказҳои идоракунии ҷангии артиши Украинаро ҳам дар Киев ва ҳам дар тамоми қаламравҳои зери назорати душман нобуд карда истодаанд.
Дар ин ҳангом, қисмати талхи киштии десантии миёнаҳаҷми лоиҳаи “773” "Юрий Олефиренко" (ҳамон СДК-137-и "Кировоград"), ки он соли 1970 ба об дар Лаҳистон шиноро сар карда буд, таърихи украинаи “соҳибистиқлол”-ро дар худ таҷассум менамояд.
Ин мисол, чун намунаи “сӯхтани” беҳунаронаи ҳамаи мероси бузурги русиягӣ ва шӯравӣ аз ҷониби ҳукумати киевӣ, аҳамияти хоса мехоҳад .

Таъиноти гумшуда

Ба сохтани киштиҳои миёнаҳаҷми десантии “773” бо обғунҷоии 1150 тонн дар аввали соли 1970 дар заводҳои киштисозии Лаҳистон оғоз намуданд.
Таъиноти киштиҳои миёнаҳаҷми десантӣ - ин тавассути баҳр кашонидан ва фаровардани десант ва техника низомӣ дар соҳилҳои таҷҳизониданашуда ва ҳам нобудсозии қувваҳои душман дар соҳил пеш аз фуруд овардани десант мебошад.
Ҳайати экипаж - 41 нафар. Ғунҷоишиш - 6 танк ва 180 нафар десентчӣ (ва ё 180 тонна бори дигар). Дарозии киштӣ – 81,3 метр, бараш – 9,3 метр, ғӯтониш дар об – 3,6 метр.
Суръат дар гашти пурра – 18 банди баҳрӣ, дурии шинокунӣ – 30 ҳазор мил бо 12 банди баҳрӣ.
Аз ҷиҳати сохт – оддӣ, боэътино ва дар истифода сарфакор – бо ин хусусиятҳо киштиҳои лоиҳаи “773” соҳиби баҳои баланди низомиёни баҳрӣ гаштаанд.
Директор Федеральной службы безопасности (ФСБ) РФ Александр Бортников, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Раҳбари ХФА: Ғарб талоши нооромии ИДМ-ро дорад
Аз афзалиятҳои киштиҳои миёнаҳаҷми десантӣ - дар ҳайаташ мавҷуд будани яроқҳои маҷмааи реактивии оташи силсилавии дурии нишонзаниаш то 9800 метр (2х18 140-мм WM-18 НУРС), маҷмааи худии мудофиаи зиддиҳавоӣ – дастгоҳҳои тӯпандози АК-230 ва дастгоҳҳои насбшудаи ПЗРК "Стрела" мебошад.
Маълум, ки “СДК-137” дар ҳайати қувваҳои ҳарбӣ-баҳрии шӯравӣ соли 1973 дар минтиақаи низои арабу-исроилӣ ҳуҷумҳои душманро моҳирона баргардонида буд. Ҳатто дар обҳои Порт-Саид қиркунанда-бомбаандози исроилии “F-4 Phantom”-ро ба нишон гирифтаву нобуд сохта буд.
Зери парчами украинӣ соли 2010 киштӣ ном дигар намуда ("Кировоград"), ҳини гузаронидани машқҳо оташ гирифт (бо таркиши аслиҳа ва марги якчанд ҳайати экипаж). Аз рӯи яке аз фарзияҳо, сӯхтор бар асари зарбаи мушаки идоранашавандаи украинӣ ба танаи киштӣ аз тайёраи ҳуҷумкунандаи боз ҳам украинии “Су-25” сар задааст.
Дертар, дар соли 2016, киштии миёнаҳаҷми десантӣ номи нав гирифт, ба хотири “қаҳрамони АТО” – ҷазодиҳандаи аҳолии осоиштаи Донбасс, ки соле пеш аз ҷониби ҳамяроқонаш дар наздикии Мариупол кушта шуд. Киштии украинии "Юрий Олефиренко" хизмати кӯтоҳ ва бешарафона дошт.
Тобистони соли 2022 бо сабаби сатҳи “пасти ахлоқиву рӯҳии” экипаж, ки аз иҷрои фармони қумондонҳо ва аз қаровулии халиҷи Днепровский сар печида буд, аз минтақаи амалиёти ҷангӣ бароварда ва ба ноҳияи Очаковои Одесса гузаронида шуд.
 Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Лукашенко гуфт, Киев нахост вазъият бо роҳи маслиҳат ҳал шавад
Тазоди таърихӣ он аст, ки аскари хадамоти махсуси шӯравӣ Олефиренко дар Афғонистон - дар ҳайати ротаи алоҳидаи 459-уми армияи 40-ум мардонавор амал менамуд, бо ордени “Ситораи Сурх” сарфароз гардонида шуда буд.
Баъдтар, хатмкардаи омӯзишгоҳи фармондеҳии десантии ҳарбӣ-ҳавоии Рязан дар қисмҳои махсус, аз ҷумла – дар маркази 73-уми баҳрӣ дар Очаково хизмат намудааст.
Соли 2007 дар ҳайати литвонии этилофи байналмилалӣ ба Афғонистон баргашт. Соли 2010 ба захира рафт, аммо тобистони соли 2014 ихтиёран ба хизмат баргашт ва баталйони 42-уми (миллатгароёнаи) мудофиаи ҳудудиро дар вилояти Кировоград роҳбарӣ намуд – барои куштори ҳамватанонаш дар Донбасси онвақта.
Тақдири инсон ва киштӣ бори дигар исбот менамояд, ки душманони Русия умри дароз намебинанд. Ин ба ҳамаи блоки НАТО, ки бар асари “ғамхориҳояш” артиш (ва давлатдории) украинӣ ба ҳайси қурбонӣ оварда шуда истодааст, дахл дорад.
Зарфияти Украина, ки ҳоло ҳам кӯшишҳои аъзошавӣ ба иттифоқи рӯшод зиддирусиягии НАТО-ро дорад, ҳасуднобурданист.
Вашингтон, Лондон ва Брюссел Зеленскийро чун восита барои низои беохир бо Русия истифода бурда истодаанд. Онҳо иштибоҳ доранд – Украина , ки воқеан, рӯз ба рӯз хурдшавӣ дорад, ҳатто бо кӯмаки онҳо низ истодагарӣ карда наметавонад. Ана баъд, ҳатто амрикоиҳо аз баҳри Украина мебароянд, ва шояд ин ҳолат ба наздикӣ рух медиҳад.
Дистанционное управление боевым лазерным комплексом Пересвет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Беларус ва Русия гиперболоиди пуриқтидорро барои нобудсозии бесарнишинҳои НАТО месозанд
Ғайр аз кӯмаки низомӣ ва молиявӣ Киев имрӯз барои он истодагарӣ карда истодааст, ки дар давоми 30 соли истиқлолият шарикони ғарбиаш шаҳвардонашро дар рӯҳияи бадбинии Русия хеле хуб “мағзшӯӣ” намудаанд, ва дар асл бошад , украиниҳоро ба таври касбӣ фанд додаанду фиреб”,- баҳои боадолатона медиҳад нашрияи SCMP (Гонконг).
Ғарб ҷанги иқтисодиро бо Русия бохт ва дар ҷанги бо дасти дигарон бурда истодааш низ ногузир бохт хоҳад кард.
Собиқ мушовири роҳбари Пентагон, полковник Дуглас Макгрегор дар мусоҳиба ба шабакаи Youtube-и Judging Freedom эълон дошт, ки ҳукумати ИМА, ки “худфиребӣ”-ву “мағрури”-ро пеша кардаанд, нисбати Русия гумроҳии чуқур доранд,
Онҳо гумон доранд, ки бо давлати нокоми солҳои 1990 сару кор доранд – кадоме, ки иқтисодаш суст аст ва ҷамъияти кадоме дар остонаи шӯришҳо қарор дорад. Ин ақидаҳо васеъ паҳн шудаанд, мутлақо нодурустанд.
Ҳар касеро, ки аққалан ними мағзи сараш кор мекунад, мефаҳмад, ки Русия иқтисоди басо пурқувват дорад, Русия дорои захираҳост”, - мегӯяд ӯ.
Мувофиқи иттилои Reuters, истеҳсолот дар Русия моҳи 13-ум аст, ки мунтазам пешравӣ дорад, шуғли аҳолӣ бошад, дар 20 соли охир бо суръати тез афзудан дорад.
Афзаляти низомии ИМА ва НАТО воқеан вуҷуд надорад. “Иттифоқи ғарбии қиркунандагон ва “ватандӯстон” ба шикаст маҳкум аст. Киштии натогии “Украина” ба қаър равона аст.
Лентаи хабарҳо
0