Дар ИМА аз таҳдиди эҳтимолии Флоти шимолии Русия нигаронӣ кардаанд

© Mil.ruПрибытие атомного подводного ракетного крейсера Северного флота "Орёл"
Прибытие атомного подводного ракетного крейсера Северного флота Орёл  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2023
Обуна шудан
Рӯзномаи New York Times менависад, ки нигоҳ доштани Русия дар Арктика ба яке аз авлавиятҳои Иттиҳоди Атлантикаи Шимолӣ табдил мешавад
ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида аз таҳдиди эҳтимолии флоти Русия ба Амрико нигарон аст.
Дар ин бора шореҳи рӯзномаи New York Times Стивен Эрланҷер менависад.
Ба гуфтаи ӯ, тағирёбии иқлим дар Арктика масирҳои нави баҳриро боз мекунад ва рақобатро миёни кишварҳои минтақа афзоиш медиҳад.
"Тарси он аст, ки Флоти шимолии Русия навсозишуда метавонад аз гулӯгоҳҳои байни Гренландия, Исландия ва Британияи Кабир гузарад, ки ин иқдом дар НАТО бо номи "Қулми рости сурх" маъруф аст, то хутути баҳрӣ ва кабелҳои зериобиро бурида, ба соҳили шарқии ИМА бо мушак таҳдид кунад", — менависад рӯзноманигор.
Ғайр аз ин, ба андешаи Эрлангер, дар ин қаламрав иттифоқи Атлантикаи Шимолӣ заифии ҷиддӣ дорад.
Малый ракетный корабль проекта 21631 Вышний Волочек  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2023
Флоти Баҳри Сиёҳ ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишинро ба Севастопол дафъ кард
Русия як қудрати бузурги Арктика бо силоҳ ва пойгоҳҳои дарёии замонавӣ дар минтақа боқӣ мемонад.
Муаллиф ба хулосае омадааст, ки маҳфуз доштани он дар Арктика яке аз авлавиятҳои аввалиндараҷаи НАТО мегардад.
Лентаи хабарҳо
0