Ду марказ ва корхонаи коркарди қоғаз: Аҳмадзода аз сохтмони иншоотҳои ҷашнӣ дидан кард

© Фото : Пресс-служба главы Согдийской областиГлава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода
Глава Согдийской области Раджаббой Ахмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2023
Обуна шудан
Дар шаҳри Хуҷанд ба муносибати Ваҳдати миллӣ ва 35 -умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сохтмони иншоотҳои гуногун идома доранд
ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода ҳамроҳ бо раиси шаҳри Хуҷанд аз иншоотҳои ҷашнӣ дар шаҳр шинос шуданд, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.
Бар хабари манбаъ, нахуст аз рафти сохтмони иншооти Маркази диллерии "Тойота" ва Маркази савдои фирмавии "Хонаи ман" ошноӣ пайдо карданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо иқдоми ҶДММ "Таҷмоторс" Маркази диллерии "Тойота"-и кишвари Ҷопон ташкил гардида, минбаъд мустақиман автомашинаи ширкати маъруфи "Тойота" ва қисмҳои эҳтиётии он дар ин маркази савдо фурўхта мешавад.
ҶДММ "Хонаи ман" бошад бо ширкатҳои кишвари Дания шартномаи ҳамкорӣ бастааст ва минбаъд асбобу техникаи маишии барои хона ин ҷо фурӯхта хоҳад шуд.
Дар идома, Аҳмадзода ва Шарифзода дар маҳаллаи "Темурмалик" аз сохтмони корхонаи коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ дидан намуданд.
Приветственная арка перед въездом в город Куляб. архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2021
Ҳакимзодаву Раҳмонзода дар Кӯлоб чанд иншооти ҷашниро ифтитоҳ карданд
Зикр гардид, ки ҷамъият дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои туркӣ дар ояндаи наздик коргоҳи бузурги коркарди қоғаз ва истеҳсоли маҳсулоти полиграфиро ба роҳ мемонанд.
Ҳамчунин, дар микроноҳияи 27-уми шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ширкати ҶДММ “Сохтмони Кабир” корхонаи истеҳсоли конструксияҳои оҳанӣ ҷараён дорад.
Дар ҷараёни сафари корӣ ҳамзамон аз рафти корҳои сохтмонии Маркази ташхисию табобатии "Садаф, ки дар маҳаллаи “Навбаҳор”-и шаҳри Хуҷанд" бунёд шуда истодааст, ошноӣ пайдо карда шуд.
Манбаъ меафзояд, раиси вилоятба масъулини сохтмони ширкатҳо бо сифати баланд ва истифодаи масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дод. Ҳамзамон ҷиҳати батартибдарории ҳудуди иншооти ҷашнӣ, тақвияти корҳои ободонӣ, зеббахшӣ ва сабзкорӣ дастурҳо дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0