https://sputnik.tj/20210321/Kulob-inshoot-jashni-iftitoh-1033041858.html
Ҳакимзодаву Раҳмонзода дар Кӯлоб чанд иншооти ҷашниро ифтитоҳ карданд
Ҳакимзодаву Раҳмонзода дар Кӯлоб чанд иншооти ҷашниро ифтитоҳ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Абдуҷаббор Раҳмонзода дар шаҳри Кӯлоб чанд иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд 21.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-21T11:25+0500
2021-03-21T11:25+0500
2021-03-21T11:25+0500
дар тоҷикистон
ҳамаи хабарҳо
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102720/75/1027207505_0:0:3001:1688_1920x0_80_0_0_d130490d77188a0720a8b7bec45e40fe.jpg
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд.Ба иттилои котиботи раиси вилояти Хатлон, дар рафти баҳрабардориии ин иншоотҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ҳамчунин Ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат намуданд.Манбаъ меафзояд, яке аз иншоотҳои ҷашнӣ, ин ифтитоҳи Маркази “Маърифат” аст, ки аз ҷониби оилаи Раҳмонзодаҳо бунёд гардид ва 13 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.Бинои маркази мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз синфхонаи компютерӣ, Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхона, мағозаи хӯрокворӣ ва кошонаи ҳусниборат аст.Дар рафти чорабинии мазкур дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб парда аз рӯйи лавҳаи фахрӣ ба ифтихори профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз бардошта шуд.Ҳамчунин, дар шафати бинои Маркази “Маърифат” аз тарафи соҳибкори ҳамин деҳа Абдушукур Ширинов бинои дуошёнаи Маркази дӯзандагӣ бо ҷалби 15 нафар чирадастони маҳаллӣ ва дукони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.Ҳакимзода аз номи Президент як модари ниёзмандро табрик намуда, ба ӯ хона тақдим кардБо иштироки раиси вилоят дар ҳудуди ҶСК “Суғдиён”-и шаҳри Кӯлоб сехи истеҳсоли макарон бо иқтидори 3-3,5 тонна дар як шабонарӯз бо ҷалби 9 нафар корманди доимӣ аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
https://sputnik.tj/20210316/Badi-norozigi-sarvazir-mansabdoron-Kulob-1033012054.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102720/75/1027207505_53:0:2720:2000_1920x0_80_0_0_437c58d2bd8a134bc040709a688b3cdc.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, ҳамаи хабарҳо, иҷтимоъ
Ҳакимзодаву Раҳмонзода дар Кӯлоб чанд иншооти ҷашниро ифтитоҳ карданд
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва Абдуҷаббор Раҳмонзода дар шаҳри Кӯлоб чанд иншооти ҷашниро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб ба муносибати ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон чанд иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд.
Ба иттилои котиботи раиси вилояти Хатлон, дар рафти баҳрабардориии ин иншоотҳо раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва ҳамчунин Ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва кор бо ҷомеа, Абдуҷаббор Раҳмонзода ширкат намуданд.
Манбаъ меафзояд, яке аз иншоотҳои ҷашнӣ, ин ифтитоҳи Маркази “Маърифат” аст, ки аз ҷониби оилаи Раҳмонзодаҳо бунёд гардид ва 13 нафар сокинони деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.
Бинои маркази мазкур аз ду ошёна иборат буда, аз синфхонаи компютерӣ, Маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, китобхона, мағозаи хӯрокворӣ ва кошонаи ҳусниборат аст.
Дар рафти чорабинии мазкур дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб парда аз рӯйи лавҳаи фахрӣ ба ифтихори профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз бардошта шуд.
Ҳамчунин, дар шафати бинои Маркази “Маърифат” аз тарафи соҳибкори ҳамин деҳа Абдушукур Ширинов бинои дуошёнаи Маркази дӯзандагӣ бо ҷалби 15 нафар чирадастони маҳаллӣ ва дукони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ сохта шудааст, ифтитоҳ карда шуд.
Бо иштироки раиси вилоят дар ҳудуди ҶСК “Суғдиён”-и шаҳри Кӯлоб сехи истеҳсоли макарон бо иқтидори 3-3,5 тонна дар як шабонарӯз бо ҷалби 9 нафар корманди доимӣ аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.