https://sputnik.tj/20230527/nazarpursi-qilichdaroghlu-intikhobot-turkiya-1057390919.html
Назарсанҷӣ: Қиличдароғлу дар интихоботи президентии Туркия имкони пирӯзӣ дорад
Назарсанҷӣ: Қиличдароғлу дар интихоботи президентии Туркия имкони пирӯзӣ дорад
Sputnik Тоҷикистон
Пешгӯии аввали назарсанҷии ORC амалӣ нашуд, зеро бар тибқи натоиҷи он дар даври аввал номзад аз ҳафт ҳизби мухолифи Туркия бояд пирӯз мешуд 27.05.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-05-27T14:30+0500
2023-05-27T14:30+0500
2023-05-27T14:30+0500
дар ҷаҳон
туркия
сиёсат
интихоботи президентӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057233441_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_0eb41746dfb72904e257596e4952ff18.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бар асоси як назарсанҷии ORC, номзади мухолифин Камол Қиличдароғлу метавонад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бар Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури феълӣ, пирӯз шавад. Эрдуғон дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ 49,52%, рақиби ӯ аз 7 ҳизби мухолиф Камол Қиличдароғлу 44,88% овозҳоро ба даст овард. Даври дуюми интихоботи президентӣ рӯзи 28 май доир мешавад. Барои пирӯзӣ ба номзад аксарияти оддии овозҳо лозим аст. Назарсанҷӣ рӯзҳои 24-25 май дар 28 вилояти Туркия бо ҳузури 3 950 нафар баргузор шуд.Ҳамин тавр натиҷаи назарсанҷӣ чунин аст: Қиличдароғлу 50,8% ва Эрдуғон 49,2% раъи мардумро соҳиб мегарданд.Пас аз нашри назарсанҷӣ ин марказ хабар дод, ки вебсайташ мавриди ҳамлаи ботҳо қарор гирифтааст. Қобили зикр аст, ки пешгӯии марказ пеш аз даври аввал иҷро нашуд: дар назарсанҷии даври аввали интихобот натиҷа чунин буд: 51,7% ҷонибдори Қиличдароғлу ва 44,2% пуштибони Эрдуғон буданд.
https://sputnik.tj/20230513/erdughon-mukholifon-turkiya-hamla-rusiya-tanqid-1057086430.html
туркия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057233441_57:0:2788:2048_1920x0_80_0_0_5a4e045393f32754010a37231c0f0924.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
туркия интихобот прездентӣ назарсанҷӣ
туркия интихобот прездентӣ назарсанҷӣ
Назарсанҷӣ: Қиличдароғлу дар интихоботи президентии Туркия имкони пирӯзӣ дорад
Пешгӯии аввали назарсанҷии ORC амалӣ нашуд, зеро бар тибқи натоиҷи он дар даври аввал номзад аз ҳафт ҳизби мухолифи Туркия бояд пирӯз мешуд
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Бар асоси як назарсанҷии ORC, номзади мухолифин Камол Қиличдароғлу метавонад дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ бар Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури феълӣ, пирӯз шавад.
Эрдуғон дар даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ 49,52%, рақиби ӯ аз 7 ҳизби мухолиф Камол Қиличдароғлу 44,88% овозҳоро ба даст овард. Даври дуюми интихоботи президентӣ рӯзи 28 май доир мешавад. Барои пирӯзӣ ба номзад аксарияти оддии овозҳо лозим аст.
Назарсанҷӣ рӯзҳои 24-25 май дар 28 вилояти Туркия бо ҳузури 3 950 нафар баргузор шуд.
"46,7% посух доданд, ки омодаанд ба тарафдории Эрдуғон ва 48,1% ҷонибдори Қиличдароғлу мебошанд. 5.2% ҳоло намедонанд аз кадом номзад пуштибонӣ мекунанд", - чунин аст натиҷаи назарпурсӣ.
Ҳамин тавр натиҷаи назарсанҷӣ чунин аст: Қиличдароғлу 50,8% ва Эрдуғон 49,2% раъи мардумро соҳиб мегарданд.
Пас аз нашри назарсанҷӣ ин марказ хабар дод, ки вебсайташ мавриди ҳамлаи ботҳо қарор гирифтааст. Қобили зикр аст, ки пешгӯии марказ пеш аз даври аввал иҷро нашуд: дар назарсанҷии даври аввали интихобот натиҷа чунин буд: 51,7% ҷонибдори Қиличдароғлу ва 44,2% пуштибони Эрдуғон буданд.