Эрдуғон мухолифони Туркияро барои "ҳамла" ба Русия танқид кард

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкСаммит G20 в Риме
Саммит G20 в Риме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2023
Обуна шудан
Номзад аз ҳизби мухолифи "Иттиҳоди мардумӣ" Федератсияи Русияро дар мудохила ба интихоботи президентии Туркия муттаҳам кард
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ба мухолифин иҷоза намедиҳад, ки ба президент Владимир Путин ва Русия ҳамла кунанд, хабар медиҳад "РИА Новости".
"Бай-бай Кемол (Кемол Қиличдароғлу - идора) ба Путин ва Русия ҳамла мекунад. Ман наметавонам ба ин иҷоза диҳам. Муносибатҳои мо бо Маскав чун бо Вашингтон муҳим аст", - афзуд кишвардори Туркия зимни суханронӣ дар Истанбул.
Рӯзи 7 май Эрдуғон навори суханронии рақиби аслии худ дар интихоботи президентӣ, номзади мухолифи "Иттиҳоди мардумӣ" Камол Қиличдароғлуро ба тарафдоронаш намоиш дод, ки дар он Мурат Карайл, раҳбари Ҳизби Коргарии Курдистони мамнуъ дар Курдистон нишон дода шудааст.
Матбуот ин нашрияро қалбакӣ номид. Қиличдароғлу инро як тавтеае арзёбӣ кард, ки дар паси он "дӯстони азизи рус" истодаанд.
"Ҳоло ҷаноби Камол Русияро тамасхур кардааст. Мегӯяд, ки Маскав интихоботи моро зери назорат дорад. Шармандагӣ! Агар бигӯем, ки Амрикову Англия ва Олмон интихоботро зери назорат доранд?", - суол гузошт Эрдуғон.
Министр внутренних дел Турции Сулейман Сойлу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2023
Вазири умури дохилии Туркия ИМА-ро дар талоши мудохила ба интихобот муттаҳам кард
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков қайд кард, ки Маскав ба сиёсати дохилӣ ва равандҳои интихоботии дигар давлатҳо дахолат намекунад.
Интихоботи президентӣ ва порлумонӣ дар Туркия рӯзи 14 май таъин шудааст. Рақиби аслии Эрдуғон Қиличдароғлу хоҳад буд.
Номзади эътилофи Ata Синан Оган низ дар интихобот ширкат мекунад. Агар ягон номзад 50 дарсади ороро ба даст наорад, даври дуюми интихоботи президентӣ рӯзи 28 май баргузор мешавад.
Лентаи хабарҳо
0