https://sputnik.tj/20230526/rusiya-konfrons-duum-baynalmilalii-ob-tojikiston-1057388074.html
Русия аз Конфронси дуюми байналмилалии об дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад
Русия аз Конфронси дуюми байналмилалии об дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвазири ҳукумати Русия таъкид кард, ки Маскав дар соли 2015 кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист даъват кардааст
2023-05-26T21:00+0500
2023-05-26T21:00+0500
2023-05-26T21:00+0500
дар русия
об
иҷтимоъ
конфронс
смм
ҳимоят
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_0:27:1532:889_1920x0_80_0_0_2eb6898ff30978432e6e1675d6e7de57.jpg
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Русия аз нияти Тоҷикистон барои мизбонии Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди захираҳои обро истиқбол мекунад. Ин нуктаро муовини нахуствазири Русия, Виктория Абрамченко дар Конгресси байналмилалии экологии Нев изҳор дошт. "Мо Тоҷикистонро дар ташаббусҳои марбут ба об ва нияти баргузории Конфронси дуввум дар соли 2028 дар чаҳорчӯби даҳсолаи амал барои об дар Душанбе комилан дастгирӣ мекунем", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи вай, як ниҳоди дигари муҳим ва муассири байналмилалӣ дар соҳаи экология ин БРИКС мебошад. Абрамченко таъкид кард, ки Русия дар соли 2015 дар замони раёсаташ кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар заминаи ҳифзи муҳити зист даъват карда буд."Мо пешбурди ташаббуси русиягии "Платформаи технологияҳои тозаи БРИКС" ва барномаи "Дарёҳои тозаи БРИКС"-ро идома медиҳем", - афзуд муовини сарвазири Русия. Маврид ба зикр аст, ки конгресси X-и байналмилалии экологии Невский рӯзҳои 25-26 май дар Санкт-Петербург ҷараён дошт. Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ мусоидат ба ташаккули низоми байналмилалии амнияти экологӣ, ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳо, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тарғиби ғояҳои тарзи ҳаёти солим арзёбӣ гардиданд.
https://sputnik.tj/20230526/miqdor-partov-gaz-gulkhona-kishvarho-om-1057377621.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0b/18/1032336603_116:0:1377:946_1920x0_80_0_0_44309ce0ca32f620909e30c59add0575.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳимоят, душанбе, маскав, муҳит, зист,
ҳимоят, душанбе, маскав, муҳит, зист,
Русия аз Конфронси дуюми байналмилалии об дар Тоҷикистон пуштибонӣ мекунад
Муовини сарвазири ҳукумати Русия таъкид кард, ки Маскав дар соли 2015 кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Русия аз нияти Тоҷикистон барои мизбонии Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид дар мавриди захираҳои обро истиқбол мекунад.
Ин нуктаро муовини нахуствазири Русия, Виктория Абрамченко дар Конгресси байналмилалии экологии Нев изҳор дошт.
"Мо Тоҷикистонро дар ташаббусҳои марбут ба об ва нияти баргузории Конфронси дуввум дар соли 2028 дар чаҳорчӯби даҳсолаи амал барои об дар Душанбе комилан дастгирӣ мекунем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, як ниҳоди дигари муҳим ва муассири байналмилалӣ дар соҳаи экология ин БРИКС мебошад.
Абрамченко таъкид кард, ки Русия дар соли 2015 дар замони раёсаташ кишварҳоро ба ҳамкорӣ дар заминаи ҳифзи муҳити зист даъват карда буд.
"Мо пешбурди ташаббуси русиягии "Платформаи технологияҳои тозаи БРИКС" ва барномаи "Дарёҳои тозаи БРИКС"-ро идома медиҳем", - афзуд муовини сарвазири Русия.
Маврид ба зикр аст, ки конгресси X-и байналмилалии экологии Невский рӯзҳои 25-26 май дар Санкт-Петербург ҷараён дошт.
Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ мусоидат ба ташаккули низоми байналмилалии амнияти экологӣ, ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳо, баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ ва тарғиби ғояҳои тарзи ҳаёти солим арзёбӣ гардиданд.