Миқдори партовҳои газҳои гулхонаӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон дар куҷост?

Обуна шудан
Манбаъҳои асосии партовҳои газҳои гулхонаӣ дар минтақаи Авруосиё ва инчунин дар ҷаҳон барқ ва нерӯи ҳароратӣ, инчунин саноат мебошад
Дар рейтинг миёни кишварҳои минтақаи Авруосиё Тоҷикистон камтарин партовҳои газҳои гулхонаиро дорад.
Ба ҳар сокини ҷумҳурӣ солона 1,1% тонна рост меояд. Миқдори зиёди партовҳо ба саноат, энергетика ва нақлиёт рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, дар зинаи охирин дар раддабандӣ кишвари аз ҷиҳати экологӣ наонқадар тоза – Қазоқистон – ҷойгир шудааст.
Раддабандии ҳавои ИДМ: То чӣ андоза фазои кишварҳои Иттиҳод касиф аст?
Дар он ҷо, ба мисли Русия, партовҳои газҳои гулхонаӣ аз ҳисоби миёнаи ҷаҳонӣ зиёдтар буда, ба ҳар як нафар дар як сол 14,4% ва 12,1% тоннаро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки манбаъҳои асосии партовҳои газҳои гулхонаӣ дар минтақаи Авруосиё ва инчунин дар ҷаҳон нерӯи барқ ​​ва гармӣ мебошанд.
Самти асосии рушди энергетикаи сабз истифодаи офтоб, шамол, об, энергияи геотермалӣ, инчунин энергияи биомасса мебошад.
Лентаи хабарҳо
0