Тағйироти кадрӣ дар соҳаи маориф дар Суғд

© Sputnik / Михаил ВоскресенскийПустое кресло
Пустое кресло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо имзои як фармон дар бахши маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тағйироти кадрӣ анҷом додаст
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Манзура Олимова, мудири шуъбаи маориф дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таъйин шуд. Қарор дар ин бораро вазири маориф ва илми Тоҷикистон, Раҳим Саидзода имзо кардааст.
Таъйиноти мазкурро муовини шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Насимҷон Муродов ба Sputnik Тоҷикистон таъйид кард.
“"Муаррифии мудири нав бо иштироки сардори Раёсати маорифи вилоят ва муовини раиси ноҳия ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия доир гардид" – изҳор дошт Муродов.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Аз санҷиш нагузаштанд: барканории мудирони мактабҳо ва таъйини мудири маориф дар Бохтар
Олимова Манзура Зоидовна соли 1970 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, соли 1992 Институти давдатии педагогии Ленинобод ба номи А. С. Киров, (ҳоло ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров) -ро бо ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик хатм намудааст.
Мудири нав фаъолияти меҳнатиашро соли 1992 ба ҳайси омӯзгор дар мактаби № 25-и ноҳия оғоз намудааст.
Шурӯъ аз соли 2010 то ин вақт дар ин муассисаи таълимӣ дар як қатор вазифаҳо аз ҷумла муовин ва директор кор кардааст.
Олимова бо таъйин шуданаш ба вазифаи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ин мақом Нигора Ғаффориро иваз намуд.
Лентаи хабарҳо
0