Аз санҷиш нагузаштанд: барканории мудирони мактабҳо ва таъйини мудири маориф дар Бохтар

© Foto / Дафтари матбуоти Вазорати маорифи ТоҷикистонВазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Обуна шудан
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон ба масъулини соҳа дар Хатлон таъкид кард, ки аз ғасби заминҳои мактаб ва ҷамъоварии маблағ пешгирӣ карда шавад
ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Шоиста Абдуназарзода мудири нави шуъбаи маориф дар Бохтар таъйин шуда, дар ҳузури вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ, Раҳим Саидзода муаррифӣ гардид.
Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон, сипас Раҳимзода дар Бохтар бо масъулини бахши маориф масоили мубрами соҳаро баррасӣ намуд.
"Аз ҷумла, дар хусуси таъмири муассисаҳои таълимӣ, пешгирии азхудкунии заминҳои муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба ҷамъоварии маблағҳо ва чанде дигар гуфта гузашт", - омадааст дар иттилоия.
Раҳим Саидзода қайд намуд, нафароне, ки аз аттестатсияи ғайринавбатии директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ нагузаштаанд, бояд аз вазифаи директори муассисаи таълимӣ озод карда шаванд.
Россия увеличила количество квот для таджикских абитуриентов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2023
Русия теъдоди квотаҳоро барои довталабони тоҷик афзоиш дод
Вазир таъкид намуд, ки мудирони барканоршуда дар пайи санҷиш метавонанд дар дигар вазифаҳо фаъолият намоянд.
"Дар ҷойи онҳо кадрҳои тахассусманди соҳа бо фармоиши мудири шуъбаи маориф таъин карда шаванд. Таъин кардан ба вазифаи директори муассисаи таълимӣ ба уҳдаи мудири шуъбаи маориф дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошад", - зикр намуд ӯ.
Дар идома вазири маориф ва илм дар бораи иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар дар олимпиадаҳои фаннӣ суханронӣ намуда, дастовардҳои онҳоро дар ин самт начандон хуб баҳо додаст.
Раҳим Саидзода аз масъулин барои ислоҳи камбудиҳо ва даст ёфтан ба пешравиҳо дастур додааст.
Лентаи хабарҳо
0