Раҳмон хостори ташкили бештари гармхонаҳо шуд

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон посетил фермера "Ходжи Лайло"
Эмомали Рахмон посетил фермера Ходжи Лайло - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар доираи сафари корияш ба шаҳри Турсунзода бо ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ, кишти шолӣ ва гармхонаҳо шинос шуд
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Зиёд намудани майдони гармхонаҳо омили муҳими таъмини фаровонии маҳсулот дар бозорҳо дар тамоми фасли сол мебошад.
Ин нуктаро раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни боздидаш аз хоҷагии деҳқонии "Сомон-2016" дар шаҳри Турсунзода баён дошт.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисҷмуҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои густариш додани фаъолияти гармхона ва ба даст овардани ҳосили хуб ба хоҷагидорон маслиҳатҳои муфид дод.
"Дар ин баробар, хоҷагидоронро муваззаф намуданд, ки ҳар порча замини дар ихтиёрдоштаашонро самаранок истифода бурда, таҷрибаи рӯёнидани чанд ҳосил аз як заминро хубу оқилона мавриди истифодабарӣ қарор диҳанд", - омадааст дар иттилоия.
Зикр гардид, ки хоҷагии "Сомон-2016" 3 гектар заминро дар ихтиёр дошта, ба парвариши бодиринг, помидор, қаламфури булғорӣ, тарбуз, ҷуворимакка барои дон ва дигар номгӯи маҳсулоти кишоварзӣ машғул мебошад.
Хоҷагӣ соли 2016 ташкил гардида, дар он 8 саҳмдор ба корҳои кишоварзӣ машғуланд.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
"Талко" навсозӣ мешавад: Теъдоди кормандону иқтидори истеҳсолӣ зиёд мегардад
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар масоҳати 1,5 гектар замини хоҷагӣ токзор бунёд карда шудааст ва ба хотири истифодаи самараноки ҳар як порча замин, байни қаторҳои ток тарбузи навъи "Холлер" шинонида шудааст.
Ба хотири рӯёнидани ҳосил дар тамоми фасли сол ва таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулот, хоҷагидорон тасмим гирифтаанд, ки дар масоҳати 1,50 гектар замин гармхонаи доимоамалкунандаи муосир бунёд намоянд.
Лентаи хабарҳо
0