https://sputnik.tj/20230524/iqtidor-tedod-kormandon-talko-beshtar-1057327063.html
"Талко" навсозӣ мешавад: Теъдоди кормандону иқтидори истеҳсолӣ зиёд мегардад
"Талко" навсозӣ мешавад: Теъдоди кормандону иқтидори истеҳсолӣ зиёд мегардад
Sputnik Тоҷикистон
Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и "Ширкати алюминийи тоҷик" дар 3 марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ гуфта мешавад
2023-05-24T12:20+0500
2023-05-24T12:20+0500
2023-05-24T12:20+0500
дар тоҷикистон
саноат
алюминий
талафот
талко
навсозӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_0:154:2943:1809_1920x0_80_0_0_be2ec36a0cbbfeef40034ac3d9170e42.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати алюминийи тоҷик" шинос шуд.Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и "Ширкати алюминийи тоҷик" бо дарназардоштаи талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.Таҷдиди "Талко" аз ҷониби ширкатҳои чинӣ бо истифода аз навтарин технологияҳои системаи автоматонии идораи равандҳои технологӣ ва таъминоти худкори гилхок сурат мегирад."Ҷорӣ намудани технологияи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот бо навсозии пурраи силсилаҳои 5 ва 6-и "Ширкати алюминийи тоҷик" то соли 2027 иқтидори истеҳсолиро то 300 ҳазор тонна дар як сол мерасонад", - омадааст дар иттилоия. Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки паз аз навсозии пурра ва дубора ба фаъолият оғоз кардани силсилаҳои мазкур 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам мешавад. Таъкид гардидаст, ки дар пайи навсозӣ арзиши маҳсулоти ниҳоӣ коҳиш дода мешавад. Аз ҷумла истифодаи қувваи барқ зиёда аз як маротиба коҳиш дода шуда, маҳсулнокии гилхок, алюминийи фтордор, криолит ва анод ба маротиб беҳтар карда шавад. Масъулини "Талко" мегӯянд, технологияи мавҷудаи электролизёрҳо дар ширкат, ки қисми зиёди онҳо ба солҳои пеш тааллуқ доранд, аллакай куҳна гардида, боиси талафёбии гилхок ва ифлосшавии он шуда, хароҷоти меҳнатро афзун менамоянд.
https://sputnik.tj/20230519/rusiya-sodiroti-mahsulot-metallurgi-tojikiston-afzoish-1057232003.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/13/1032654640_164:0:2780:1962_1920x0_80_0_0_0569f3b1f73e3ecc350ef9845f9e2b25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
талко, корхона, тавлид, истеҳсол, афзоиш, шумора
талко, корхона, тавлид, истеҳсол, афзоиш, шумора
"Талко" навсозӣ мешавад: Теъдоди кормандону иқтидори истеҳсолӣ зиёд мегардад
Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и "Ширкати алюминийи тоҷик" дар 3 марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи "Ширкати алюминийи тоҷик" шинос шуд.
Таҷдиду навсозии силсилаҳои 5 ва 6-и "Ширкати алюминийи тоҷик" бо дарназардоштаи талаботи муосир дар се марҳила амалӣ гардида, ҳадаф аз он афзоиш додани устувории саноати металлургӣ мебошад.
Таҷдиди "Талко" аз ҷониби ширкатҳои чинӣ бо истифода аз навтарин технологияҳои системаи автоматонии идораи равандҳои технологӣ ва таъминоти худкори гилхок сурат мегирад.
"Ҷорӣ намудани технологияи пешқадами ҷаҳонӣ дар раванди истеҳсолот бо навсозии пурраи силсилаҳои 5 ва 6-и "Ширкати алюминийи тоҷик" то соли 2027 иқтидори истеҳсолиро то 300 ҳазор тонна дар як сол мерасонад", - омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон афзуд, ки паз аз навсозии пурра ва дубора ба фаъолият оғоз кардани силсилаҳои мазкур 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам мешавад.
Таъкид гардидаст, ки дар пайи навсозӣ арзиши маҳсулоти ниҳоӣ коҳиш дода мешавад.
Аз ҷумла истифодаи қувваи барқ зиёда аз як маротиба коҳиш дода шуда, маҳсулнокии гилхок, алюминийи фтордор, криолит ва анод ба маротиб беҳтар карда шавад.
Масъулини "Талко" мегӯянд, технологияи мавҷудаи электролизёрҳо дар ширкат, ки қисми зиёди онҳо ба солҳои пеш тааллуқ доранд, аллакай куҳна гардида, боиси талафёбии гилхок ва ифлосшавии он шуда, хароҷоти меҳнатро афзун менамоянд.