Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Путин: бесуботӣ дар ҷаҳон афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин
Президент РФ В. Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия афзоиши бесуботиро ба талоши бархе аз давлатҳо барои ҳифзи мавқеи пешсафияшон рабт дода, таъкид намуд бояд эҳтироми тарафайн бошад
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Вазъияти байналхалқӣ майли афзоиши бесуботӣ дорад, изҳор раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни муроҷиаташ ба иштирокдорони мулоқоти байналмилали мақомдорони баландпояи амниятӣ.
Ӯ гуфт, ин вазъият бевосита ба хоҳиши давлатҳои алоҳида барои нигоҳ доштани мавқеи ҳукмронии худ, комилан нодида гирифтани истиқлолият ва манфиатҳои дигар кишварҳо алоқаманд аст.
"Мо мебинем, ки ба вазъияти ҳозира ноустувории рӯзафзун дорад. Дар минтақаҳои гуногун ҷойҳои куҳнаи даргир мавҷуданду мавзеъҳои нави доғ ба вуҷуд меоянд. Бори манфии низоъҳо ҷамъ шуда истодааст", - гуфт ӯ.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: Украина наметавонад дар майдони ҷанг пирӯз шавад
Вай зикр намуд, ки халқҳои бисёр давлатҳо оқибати хеле фоҷиавии табаддулотро аз cap мегузаронанд, ки аз берун ташкил карда шудаанд.
"Ин вазъият мустақиман ба хоҳиши давлатҳо ва иттиҳодияҳои алоҳида барои ҳифз ва нигоҳ доштани бартарияти худашон иртибот дорад. Барои ҷорӣ кардани қоидаҳои худ, комилан нодида гирифтани истиқлолият, манфиатҳои миллӣ ва анъанаҳои давлатҳои дигар", - афзуд раҳбари Русия.
Ҳамаи ин бо афзоиши иқтидори низомӣ, дахолати густохона ба корҳои дохилии кишварҳо, инчунин кӯшиши ба даст овардани бартарии якҷониба аз бӯҳрони энергетикӣ ва озуқаворӣ рабт дорад, ки як қатор давлатҳои ғарбӣ ба вуҷуд овардаанд, гуфт Путин.
Вай барои суботи байналмилалӣ кори муштараки ҳамаи давлатҳо ва эҳтироми мутақобиларо дар ҳалли масоил муҳим хонд.
Лентаи хабарҳо
0