https://sputnik.tj/20230523/ukraina-nametavonad-jang-piruz-1057314078.html
Орбан: Украина наметавонад дар майдони ҷанг пирӯз шавад
Орбан: Украина наметавонад дар майдони ҷанг пирӯз шавад
Sputnik Тоҷикистон
Сиёсатмадори Маҷористон ба ин суол, ки оё ӯ воқеан фикр мекунад, ки украиниҳо шонси муваффақият шудан надоранд, посухи якнавохт дод
2023-05-23T19:25+0500
2023-05-23T19:25+0500
2023-05-23T19:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
виктор орбан
амалиёт
низоъ
пирӯзӣ
русия
маҷористон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047077815_0:0:2797:1574_1920x0_80_0_0_4b32e22ef886068116a85ee0e0eca0ce.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Украина наметавонад дар низоъ бо Русия пирӯз шавад, гуфт Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон.Сиёсатмадори маҷорӣ ин андешаро дар Анҷумани иқтисодии Қатар, ки дар Доҳа ҷараён дорад, изҳор дошт. Ӯ ҳангоми посух гуфтан ба ин суол, ки оё воқеан фикр мекунад, ки Украина шонси муваффақият надорад, чунин гуфт.Вай таъкид кард, ки Маҷористон аз ибтидои муноқиша ҷонибдори ҳалли осоишта ва оташбаси он буд. "Мо бояд дар бораи чӣ гуна наҷот додани ҷони мардум фикр кунем. Ин мавқеи ман аст", - афзуд нахуствазир. Қаблан Орбан гуфта буд, ки Русия - кишвари дорои 140 млн нафар бо бузургтарин арсенали силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон наметавонад мағлуб шавад. Сиёсатмадор афзуд, ки русҳо паси сар нахоҳанд гирифт ва бингаранд, ки чӣ гуна онҳо шикаст хӯрдаанд ва низоми сиёсии онҳо шикастааст. Орбан: дар муноқишаи Украина баранда нахоҳад будРусия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".Вазифаҳои амалиёт инчунин аз нозизудоии Украина иборатанд.
украина
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/19/1047077815_12:0:2743:2048_1920x0_80_0_0_7b33b8326e9aa0236925d48c28bbb139.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, майдони ҷанг, пирӯз, намешавад
украина, майдони ҷанг, пирӯз, намешавад
Орбан: Украина наметавонад дар майдони ҷанг пирӯз шавад
Сиёсатмадори Маҷористон ба ин суол, ки оё ӯ воқеан фикр мекунад, ки украиниҳо шонси муваффақият шудан надоранд, посухи якнавохт дод
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Украина наметавонад дар низоъ бо Русия пирӯз шавад, гуфт Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон.
Сиёсатмадори маҷорӣ ин андешаро дар Анҷумани иқтисодии Қатар, ки дар Доҳа ҷараён дорад, изҳор дошт. Ӯ ҳангоми посух гуфтан ба ин суол, ки оё воқеан фикр мекунад, ки Украина шонси муваффақият надорад, чунин гуфт.
"Агар шумо ба воқеиятҳо, рақамҳо, ба вазъи умумӣ назар кунед, <...> комилан маълум мешавад, ки украинҳо дар майдони ҷанг ғолиб омада наметавонанд", - гуфт Орбан.
Вай таъкид кард, ки Маҷористон аз ибтидои муноқиша ҷонибдори ҳалли осоишта ва оташбаси он буд.
"Мо бояд дар бораи чӣ гуна наҷот додани ҷони мардум фикр кунем. Ин мавқеи ман аст", - афзуд нахуствазир.
Қаблан Орбан гуфта буд, ки Русия - кишвари дорои 140 млн нафар бо бузургтарин арсенали силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон наметавонад мағлуб шавад.
Сиёсатмадор афзуд, ки русҳо паси сар нахоҳанд гирифт ва бингаранд, ки чӣ гуна онҳо шикаст хӯрдаанд ва низоми сиёсии онҳо шикастааст.
Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард.
Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Вазифаҳои амалиёт инчунин аз нозизудоии Украина иборатанд.