https://sputnik.tj/20230524/namoyandagon-tojikiston-gran-pri-dushanbe-1057328234.html
Намояндагони Тоҷикистон дар Гран Прии Душанбе маълум шуданд
Намояндагони Тоҷикистон дар Гран Прии Душанбе маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мизбон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудокорон дар Душанбе 34 варзишгар, аз ҷумла 28 мард ва 6 зан муаррифӣ мекунанд
2023-05-24T15:00+0500
2023-05-24T15:00+0500
2023-05-24T15:00+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дзюдо
дзюдо
намояндагӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055188759_0:396:1080:1004_1920x0_80_0_0_9667039b84369bac79f3307cd2fb374a.jpg
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти "Сайри ҷаҳонии ҷудо"-и Федератсияи байналмилалии ҷудо аввали июн дар назар буда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад. Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, барои ширкат дар Гран Прии Душанбе ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё сабт ном шудаанд. Аз ҷумла, тими мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар – 28 мард, 6 зан – дар ин мусобиқа ширкат мекунанд, афзуд манбаъ. Коллегияи мураббиён ва роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар асоси дастовардҳо ва натиҷаи тамринҳо дар вазни то 60кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода интихоб кардаанд. Дар вазни то 66кг Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Шаҳбоз Саидаброров, Фирӯз Мелибойзода, дар вазни то 73кг Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Мирзоҷамил Рамазонов намояндагӣ мекунанд. Дар вазни то 81кг Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 90кг Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов сабқат мекунанд. Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Эмомризо Анварзода, Раҳматулло Мирзоев дар вазни то 100 кило, Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳим Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило зӯр меозмоянд. Дар сабқати бонувон дар вазни то 48кг Шукрона Қарчиева, Мадина Қурбонзода, дар вазни то 52кг Аҳлия Муъминова, дар вазни то 57кг Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева, дар вазни то 63кг Мавлуда Одинаева намояндагӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20230523/golboron-musovi-davri-duumi-cafa-1057301410.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/1b/1055188759_0:193:1080:1003_1920x0_80_0_0_41952e90eb2d65e8d87338c72ed88e17.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гранпри, намояндагӣ, душанбе, варзишгар
тоҷикистон, гранпри, намояндагӣ, душанбе, варзишгар
Намояндагони Тоҷикистон дар Гран Прии Душанбе маълум шуданд
Тоҷикистонро ҳамчун кишвари мизбон дар мусобиқаи байналмилалии ҷудокорон дар Душанбе 34 варзишгар, аз ҷумла 28 мард ва 6 зан муаррифӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 24 май – Sputnik. Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти "Сайри ҷаҳонии ҷудо"-и Федератсияи байналмилалии ҷудо аввали июн дар назар буда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.
Ба иттилои Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, барои ширкат дар Гран Прии Душанбе ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё сабт ном шудаанд.
Аз ҷумла, тими мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар – 28 мард, 6 зан – дар ин мусобиқа ширкат мекунанд, афзуд манбаъ.
Коллегияи мураббиён ва роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар асоси дастовардҳо ва натиҷаи тамринҳо дар вазни то 60кг Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов, Муҳаммад Маҳмадизода интихоб кардаанд.
Дар вазни то 66кг Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов, Шаҳбоз Саидаброров, Фирӯз Мелибойзода, дар вазни то 73кг Беҳрӯз Хоҷазода, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов, Абубакр Шеров, Мирзоҷамил Рамазонов намояндагӣ мекунанд.
Дар вазни то 81кг Сомон Маҳмадбеков, Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Сайфиддин Сайфиддинзода дар вазни то 90кг Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов, Ҳақназар Назаров, Акмал Муродов сабқат мекунанд.
Абубакри Акобир, Исроил Раҳимов, Эмомризо Анварзода, Раҳматулло Мирзоев дар вазни то 100 кило, Темур Раҳимов, Мансур Раҳмон, Иброҳим Элмуродов, Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 100 кило зӯр меозмоянд.
Дар сабқати бонувон дар вазни то 48кг Шукрона Қарчиева, Мадина Қурбонзода, дар вазни то 52кг Аҳлия Муъминова, дар вазни то 57кг Шоҳида Қаландарова, Фазилат Гулбоева, дар вазни то 63кг Мавлуда Одинаева намояндагӣ мекунанд.