Голборону мусовӣ дар даври дуюми CAFA-2023: Кӣ бурду кӣ бохт?

© Дафтари матбуоти ФФТБозии футбол дар доираи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола
Бозии футбол дар доираи чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Обуна шудан
Дар ҷамъбасти ду даври чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола тими Ӯзбекистон дар ҷойи аввал қарор дорад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бозии даври дуюми чемпионати CAFA-2023 миёни тими Тоҷикистон (U-17) ва Афғонистон (U-20) мусовӣ анҷом ёфт.
Ба иттилои ФФТ, ин бозӣ дар варзишгоҳи "ТАЛКО-Арена"-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, натиҷаи он 1:1 шуд.
Манбаъ афзуд, ки дар бозии дигари даври дуюм дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе дастаҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон нерӯ санҷиданд. Дар ин сабқат ҷавонони ӯзбекистонӣ ҳамтоёнашон аз Туркманистонро голборон карда, бо ҳисоби 9:2 пирӯз гардиданд.
Бозиҳои чаҳорумин чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ - CAFA-2023 байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҷараён доранд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва қаҳрамони олимпӣ, Дилшод Назаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2023
Таъйини пардохтпулии якумрӣ барои ҷоизадорҳои олимпӣ дар Тоҷикистон
Дар ҷамъбасти ду даври ин сабқат дастаи Ӯзбекистон дар ҷои аввал, Афғонистон дар зинаи дуюм, Тоҷикистон дар ҷои сеюм, Эрон дар ҷои чорум ва Туркманистон дар мақоми охир қарор дорад.
Дар рӯзи аввали мусобиқа мунтахаби Ӯзбекистон бо ҳисоби 3:2 тими Эронро шикаст дода буд. Дар ин даври аввал футболбозони афғон бар тими миллии Туркманистон ба ҳисоби 2:1 баранда шуданд.
CAFA созмони минтақавии футбол мебошад, ки тайи солҳои охир мусобиқаҳои мухталиф миёни футболбозони ҳам мард ва ҳам занро дар Осиёи Марказӣ ташкил мекунад.
Лентаи хабарҳо
0