https://sputnik.tj/20230517/haydarov-fazo-rasonai-tojikiston-ruszabon-1057172959.html
Ҳайдаров: фазои расонаӣ дар Тоҷикистон умдатан русзабон аст
Ҳайдаров: фазои расонаӣ дар Тоҷикистон умдатан русзабон аст
Sputnik Тоҷикистон
Забони русӣ дар Тоҷикистон мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дошта, умдатан фазои расонаии кишвар низ русзабон мебошад, гуфт коршиноси тоҷик
2023-05-17T12:15+0500
2023-05-17T12:15+0500
2023-05-17T12:15+0500
дар тоҷикистон
"валдай"
маориф
ҳамкорӣ
русия
донишгоҳ
забон
забони русӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/06/1026170647_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_bfd163a663e66dd6f9fe219362b1bf79.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳудуди 50%-и фазои иттилоотию расонаҳо дар Тоҷикистон русзабонанд, изҳор дошт роҳбари бахши минтақашиносии Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ, Музаффар Ҳайдаров. Ӯ зимни конфронси III-юми Осиёи Марказӣ дар клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", таъкид намуд, ки русӣ дар Тоҷикистон мақоми забони расмии муоширати байни миллатҳоро дорад. Ба гуфтаи Ҳайдаров, ҳеч маҳдудияте барои донишҷӯёни русзабон барои таҳсил дар ин кишвар мавҷуд надорад ва махсусан барои онҳо мувофиқ аст, ки майл ба масоили шарқшиносию забони форсӣ доранд. Вай зикр намуд, ки дар Тоҷикистон мактабҳои русӣ фаъол шуда истодаанд ва дар назар аст, боз чанд муассисаи дигар низ ба кор оғоз намоянд. Дар чунин шароит ниёз ба омӯзгорони забони русӣ бештар мешавад, ки феълан дар Тоҷикистон намерасанд, изҳор дошт Ҳайдаров. Дар ҳамин ҳол Русия ва Тоҷикистон талош доранд, ки ҳамкориро дар бахшҳои гуманитарӣ, аз ҷумла дар риштаи маориф таҳким бахшанд. Русия шумораи квотаҳо барои донишҷӯён аз Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад, изҳор дошт ахиран муовини вазири корҳои хориҷии ФР, Михаил Галузин.Вай дар Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соли нави таҳсил барои довталабон аз Тоҷикистон 152 квота бештар ҷудо мешавад. Теъдоди умумии квотаҳо дар назар аст, ки ба зиёда за 900 адад расонда шавад.
https://sputnik.tj/20230516/lavrov-hamkori-beshtar-tojikiston-1057143336.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102617/06/1026170647_169:0:2900:2048_1920x0_80_0_0_b125280f24ad64ca423eb0caa53f9cba.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фазо, иттилоот, забон, тоҷикистон, чӣ гуна
фазо, иттилоот, забон, тоҷикистон, чӣ гуна
Ҳайдаров: фазои расонаӣ дар Тоҷикистон умдатан русзабон аст
Забони русӣ дар Тоҷикистон мақоми забони муоширати байни миллатҳоро дошта, умдатан фазои расонаии кишвар низ русзабон мебошад, гуфт коршиноси тоҷик
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ҳудуди 50%-и фазои иттилоотию расонаҳо дар Тоҷикистон русзабонанд, изҳор дошт роҳбари бахши минтақашиносии Донишгоҳи миллии ҷумҳурӣ, Музаффар Ҳайдаров.
Ӯ зимни конфронси III-юми Осиёи Марказӣ дар клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", таъкид намуд, ки русӣ дар Тоҷикистон мақоми забони расмии муоширати байни миллатҳоро дорад.
Ба гуфтаи Ҳайдаров, ҳеч маҳдудияте барои донишҷӯёни русзабон барои таҳсил дар ин кишвар мавҷуд надорад ва махсусан барои онҳо мувофиқ аст, ки майл ба масоили шарқшиносию забони форсӣ доранд.
Вай зикр намуд, ки дар Тоҷикистон мактабҳои русӣ фаъол шуда истодаанд ва дар назар аст, боз чанд муассисаи дигар низ ба кор оғоз намоянд. Дар чунин шароит ниёз ба омӯзгорони забони русӣ бештар мешавад, ки феълан дар Тоҷикистон намерасанд, изҳор дошт Ҳайдаров.
Дар ҳамин ҳол Русия ва Тоҷикистон талош доранд, ки ҳамкориро дар бахшҳои гуманитарӣ, аз ҷумла дар риштаи маориф таҳким бахшанд.
Русия шумораи квотаҳо барои донишҷӯён аз Осиёи Марказиро афзоиш медиҳад, изҳор дошт ахиран муовини вазири корҳои хориҷии ФР, Михаил Галузин.
Вай дар Клуби байналмилалии мубоҳисавии "Валдай", аз ҷумла таъкид намуд, ки дар соли нави таҳсил барои довталабон аз Тоҷикистон 152 квота бештар ҷудо мешавад. Теъдоди умумии квотаҳо дар назар аст, ки ба зиёда за 900 адад расонда шавад.