Селхезӣ дар Тоҷикистон хисорот ба бор овард: ҳушдори КҲФ

© КҲФОқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2023
Обуна шудан
Дар натиҷаи боронгариҳо ва селхезиҳо дар водии Ромит бархе аз хоҷагиҳои аҳолии ин минтақа осеб дидаанд, итттилоъ дод мақомоти изтирории Тоҷикистон
ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар деҳаи Варваи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат дар натиҷаи боришоти шадиди борон сел фаромад.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар натиҷаи селфароӣ 3 манзили истиқоматӣ ва 10 қитъаи наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ қисман зарар расонд.
Таъкид шуд, ки дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои изтирории шаҳри Ваҳдат кор мебарад. Кормандони масъули дастгоҳи марказии Кумита барои расонидани ёрии амалӣ ба ҷойи ҳодиса рафтанд.
Аз захираи КҲФ ба шаҳрвандони осебдида кумак дар шакли маҷмӯаҳои маишӣ ва гигиенӣ фиристода шуд.
Сел дар Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷони 24 нафарро гирифт
Инчунин селфароӣ дар шарқи Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст. Ин офати табиӣ дар километрҳои 5-8 ва 9-уми шоҳроҳи Нуробод-Сангвор роҳро бастаст.
Ба иттилои КҲФ, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ кормандон ва техникаи махсуси хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти кишвар ҷалб шудаанд.
Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ таъкид мекунанд, ки бар асари омадани сел талафоти ҷонӣ нест.
КҲФ зикр намудаст, ки то 26 майи соли ҷорӣ эҳтимоли фаромадани тарма, фаромадани сел, ярч, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо ва обанборҳо боқӣ мемонад. Ин ниҳод аз аҳолӣ даъват менамояд, ки ҳушёр бошанд ва аз эҳтиёт кор бигиранд.
Лентаи хабарҳо
0