Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон ҷони 24 нафарро гирифт

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонСел дар Хатлон
Сел дар Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.04.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар додааст, дар моҳҳои январ-марти бар асари офатҳои табиӣ дар кишвар 24 нафар ҷон бохтааст
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли 2023 бар асари офатҳои табиӣ ва изтирорӣ 24 нафар кушта шуданд, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ
"Дар семоҳаи аввали соли 2023 дар Тоҷикистон 24 нафар бар асари офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ба ҳалокат расидаанд", - гуфт вай.
Последствия Ливней в Джаббар Расуловском районе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2023
Сел дар Суғд садҳо гектар киштзорро талаф дод: ба деҳқонон тухмии ройгон медиҳанд
Ба гуфтаи вай, дар моҳҳои январ-март 411 ҳодисаи табиӣ ва фавқулодда, аз ҷумла 335 тарма, 19 резиши санг, 18 заминларза, 16 ярч ва 13 сел ба қайд гирифта шудааст.
"Аз 411 ҳодисаи табиӣ ва фавқулоддаи ба қайд гирифташуда дар 19 ҳолат ба иқтисодиёти шаҳру навоҳии кишвар зиён расонида шудааст, ки беш аз 20,3 млн. сомонӣ (ҳудуди 2 миллион доллар)-ро ташкил медиҳад”, илова кард Умеда Юсуфӣ.
Ҳамзамон сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зикр кард, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ - бориши зиёди барф, тарма, боронҳои шадид, обхезӣ ва заминларза дар семоҳаи аввали соли 2023 дар кишвар беш аз 440 хона хароб шудааст.
Лентаи хабарҳо
0