Внешэкономбанк хостори низоми ҳисоббаробаркунӣ бо пулҳои миллӣ шуд

© Foto / Захоири аксии Оҷонсии sco-russia2020.ru / Гузариш ба медиабонкЗаседание Совета национальных координаторов государств ШОС
Заседание Совета национальных координаторов государств ШОС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Обуна шудан
Яке аз бонкҳои пешсафи низоми молияии Русия пешниҳод кардааст, ки ташкили низоми ҳисоббаробарсозӣ бо пулҳои миллии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тезонда шавад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бонки иқтисоди хориҷӣ - Внешэкономбанк аз ҳукуматҳои Русия ва Чин даъват кардааст, ки ташкили низоми муассири ҳисоббаробаркуниҳои мутақобиларо бо рубл, юан ва асъори кишварҳои дигари узви СҲШ ва БРИКС суръат бахшанд.
Ин нуктаро раиси ВЭБ Игор Шувалов дар ҷараёни форуми тиҷоратии Русияву Чин дар Шанхай баён дошт. Ҳадафи пешниҳод амиқтар кардани ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории байни давлатҳо арзёбӣ шудааст, ки ба инфрасохтори комилан нав ниёз дорад.
"Мо ҳам ҳукумати Федератсияи Русия ва ҳам шарикони мо аз Чинро даъват мекунем, ки ҳарчӣ фаъолтар амал кунанд, то ҳарчи зудтар чунин инфрасохтор пайдо шавад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Шувалов, яке аз самтҳои афзалиятнок на танҳо таъмин кардани ниёзҳои дуҷонибаи тиҷорати Русияву Чин мебошад, балки қонеъ кардани ниёзҳои кишварҳои дигар, аз ҷумла фароҳам овардани имконот барои истифодаи асъори кишварҳои узви СҲШ ва БРИКС мебошад.
Бонкдор таъкид намудаст, ки тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бидуни эҷоди "инфрасохтори комилан нав" барои шарикии иқтисодии давлатҳо ғайриимкон аст.
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Аз гузариш ба пули миллӣ то ҳавопаймосозӣ: Мишустин дар Чин чӣ гуфт?
Ин дар ҳолест, ки додугирифт миёни кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай тайи солҳои охир таҳким ёфтааст.
Ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути шабакаи роҳҳои оҳани Русия бо кишварҳои СҲШ дар семоҳаи аввали соли 2022 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 қарибаи 48% афзоиш ёфтааст.
Шабакаи асосии роҳи оҳани кишварҳои узви СҲШ (Русия, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон) зиёда аз 340 ҳазор километр арзёбӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0