Аз гузариш ба пули миллӣ то ҳавопаймосозӣ: Мишустин дар Чин чӣ гуфт?

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел совещание с вице-премьерами РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Обуна шудан
Ҳукумати Русия ният дорад, аз ҳисоби сода ва бештар кардани дастрасӣ ба бозорҳои ҳамдигар ҳаҷми додугирифт бо Чинро ба таври назаррас боло барад
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Русия ва Чин аллакай дар соли равон муваффақ хоҳанд шуд, ки ҳаҷми муомилоти молро то ба 200 млрд доллар расонанд.
Ин нуктаро нахуствазири Русия, Михаил Мишустин зимни ҳамоиши тиҷорӣ бо намояндагони бахши хусусӣ дар Чин баён дошт.
Вай ишора кард, ки мустақилияти ҳамкории молиявӣ аз доллари амрикоӣ дар додугирифти ду кишвар афзоиш хоҳад ёфт. Аз ҷумла зикр намуд, ки аз ҳисоби ҳисоббаробаркуниҳо бо асъори миллӣ, истиқлоли молиявӣ низ таҳким хоҳад ёфт.
Вай ҳамчунин барои осон кардани дастрасии мутақобилан ба бозорҳои кишоварзӣ, таҳкими амнияти озуқаворӣ изҳори ҳавасмандӣ кард. Сарвазири Русия таъкид намуд, дар ин бахшҳо бояд тадбирандешиҳо бештар карда шавад.
Министр экономического развития и торговли Таджикистана Завки Завкизода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Завқизода: Тоҷикистон ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо ҷалби сармояи Чин манфиатдор аст
Инчунин барои афзоиши додугирифти мол омадурафти бештар зарур дониста шуд. Вусъат додани ҳаракати ҳавоӣ ва истифодаи фаъолонаи иқтидори масири баҳри шимолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мебошад, таъкид намуд Михаил Мушистин.
Аз самтҳои дигари афзалиятноки ҳамкорӣ бо Чин истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини шаҳрвандӣ ва мошину дастгоҳсозӣ арзрёбӣ шуд, изҳор дошт сарвазири Русия.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба иқтисоди ҳарду кишвар таъсири мусбат мерасонад. Феълан барои баррасии ҳамкорӣ бо Чин як ҳайати баландпояи Русия дар ин кишвар қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0