Озодсозии Артёмовск – ғалабаи стратегии Русия

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкРазрушенные здания в Артемовске
Разрушенные здания в Артемовске - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Обуна шудан
Ҳамлаҳои вусъатноки 224-рӯзаи самти Соледар-Баҳмут дар ҷараёни амалиёти вижаи артиши русиягӣ бо озодкунии пурраи шаҳри Артемовск ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ин муваффақияти стратегии Русия самту ҳудудҳои нави амалиёти вижаи низомиро мекушояд, кӯшишҳои Ғарб ва захираҳои режими киевиро дар театри амалиёти ҷангии украинӣ барбод медиҳад.
Дар натиҷаи амалиётҳои дастаҳои ҳамлавари “Вагнер” бо дастгирии тӯпҳо ва авиатсияи “Южний”-и гурӯҳи низомиён 20 май озодкунии шаҳри Артёмовск ба охир расид. Маънии ин ғалаба муҳимтару фарохтар аз муҳорибаи ҷуғрофист.
Қӯшунҳои Русия таи 224 шабонарӯзи муҳорибаҳо дар “гӯштқимакунаки баҳмутӣ” то 100 ҳазор низомиён ва 1000 адад техникаи ҷангиро нобуд карданд. Ва ба маротиб имконияту захира ва рӯҳияи ҷангии қувваҳои мусаллаҳи Украинаро паст намуданд.
Шикасти “қалъаи Баҳмут” ба Қувваҳои мусаллаҳи ФР самту ҳудудҳои нави амалиёти вижаи низоми ва имкониятҳои амалиётҳои ҳамлавариро мекушояд – пеш аз ҳама дар самти Славянско-Краматорск.
Премьер-министр Венгрии Виктор Орбан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Орбан: Украина наметавонад дар майдони ҷанг пирӯз шавад
Озодкунии Артёмовск ба ҷаҳониён воқеияти сангини “ҳуҷуми ҷавобӣ”-и Қувваҳои мусаллаҳи Украинаро нишон дод, ва ба таври боэътимод заифии НАТО ва бемаънӣбудани дастгирии низомии ғарбиро ба Украина исбот намуда истодааст.
Бешубҳа, аз даст додани Бахмута/Артемовск – барои масхарабози асосии киевӣ фоҷеаи калон аст, ки ӯ дар ин мавзеъ барои нуфузи шахсии сиёсати берунааш чун “муборизи муваффақ” бо Русия, барои идома ёфтани интиқоли яроқу аслиҳа ва қарзҳои молиявии ғарбӣ қариб нисфи артиши украиниро қурбон намуд. Ин ҷо тамоюли хатарнок барои Киев мавҷуд аст.
Дар тарҳҳои минбаъдаи НАТО, гӯё ки, ваъдаи интиқоли теъдоди номуайяни қиркунандаҳои “F-16” ва омӯзонидани сарнишинони артиши Украинаро доданд. Аммо, зарур нест, ки қиркунандаҳои амрикоии “F-16” низ ҳамқисмати маҷмааҳои мушакиву зенитии “Patriot” дар Киев бошанд.
“Баста”-и дирӯзаи кӯмаки низомии ИМА ба андозаи 375 млн доллар ин қадар ҳам тассуротбахш нест – ин тирҳои тӯпии андозаашон 155-мм и 105-мм, аслиҳа барои “HIMARS”, ва маҷмааҳои зиддитанкии “Javelin”, “AT-4”, “TOW”-и иловагӣ мебошанд.
Маҷмааҳои “HIMARS”, “Javelin” ва ғайра дар театри амалиёти ҷангӣ аллакай бесамар будани худро сибот намуданд.Пулҳои амрикоӣ барои “эҳё”-и Қувваҳои мусаллаҳи Украина ба охир расида истодаанд, агар 375 млн долларро ба аслиҳа гардонем – ин ҳамагӣ 75 ҳазор тирҳои тӯпи андозаашон 155-мм, яъне ки меъёри дуҳафтаинаи сарфи тӯпҳои артиши Украина бе “зарбаҳои ҷавобӣ”.
Якчанд андозаҳои амалиёти вижаи низомӣ
Пас аз озодкунии Артёмовск ва пештар аз ин – Соледар фармондеҳони русиягӣ интихоби васеи самтҳои амалиётӣ, қувва ва воситаҳои оташнишон барои амалиётҳои ҳамлаварӣ доранд.
Начандон дуртар аз “қалъаи Баҳмут”-и фаношуда дигар мавзеъҳои аз ҷониби Қуваваҳои мусаллаҳи Украина муваққатан забтшуда ҷойгиранд, ки якчанд маҳалҳои калони аҳолинишин ба хатҳои мудофиаи тӯлонии воҳидҳои низомӣ табдил дода шудаанд - Часов Яр, Торетск, Константиновка, Дружковка, Славянск, Краматорск. Низомиёни Русиягӣ бо яроқи дақиқиаш возеҳи зарбазаниаш дур бомарому босамар нобудкунии ҳайати шахсӣ, техникаи низомӣ, иншоотҳо, лавозимот ва анбори сӯзишвории артиши Украинаро дар хати пеши ҷабҳа ва дар ҳудудҳои ақибгоҳи амалиётии душман идома дода истодаанд – дар шаҳрҳои номбурда, ҳамчунин – дар Николаев ва Одесса, дар Днепропетровск ва Харков.
Государственные флаги России и Китая  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.05.2023
ВУХ Чин: Ҳамкории Русия ва Чин бар зидди кишварҳои дигар нигаронида нашудааст
Пас аз кашолёбии “ҳамлаи ҷавобӣ” дар қанотҳои шимоливу ҷанубии Артемовск, режими киевӣ ҳоло ба як қарор наомадааст, дар куҷо "Drang nach Osten"-и худкушонаро идома диҳад.
Сарфармондеҳи олӣ ва президенти украинӣ Владимир Зеленский дар Ҷопон таърихи Хиросимаро меомӯзад. Фармондеҳии ятиммондаи артиши Украина чун одат аз “яроқи иқлимӣ“-и Русия шикоят доранд.
Кӯшишҳои ноумедонаи хадамоти ҷосусии Украина ба харобкориҳо дар минтақаҳои алоҳидаи Русия ба назар мерасанд ва ҳадаф аз онҳо – ҷалби диққати ҷомеаи украинӣ ва ҷаҳонӣ аз шикасти стратегӣ ва шармандавори “қалъаи Баҳмут” мебошад.
Имрӯз воҳидҳои сарҳадии Хадамоти Федералии амният ва Вазорати мудофиаи Русия дар вилояти Белгород ба таври мутассил ва таъҷилӣ харобкорони украинӣ нобуд карда шуданд.
Ғарби дастҷамъона байни ду оташ тапидан дорад – байни таҳдидҳо ба унвонии Русия ва тарс дар назди давлати аз ҳама абарқудрати ҳастаии ҷаҳон: бисёр мехоҳад ҷанги муфлискунандаи украинӣ (бо шартҳои Вашингтон) ба анҷом расад ва намехоҳад “тезутундшавии таҳти назоратро” ба амалиётҳои доманадори воқеан ҳам ҷангӣ дар қаламрави НАТО (азҷумла, қаламравҳои амрикоишимолии ИМА) интиқол диҳад.
БПЛА “Форпост” армии России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.03.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Вазорати дифоъ кори паҳподи “Форпост”-ро дар минтақаи амалиёти вижаи нишон дод – видео
Дар умум, Ғарбро қаламрави Украинае, ки бо хокистари ядроӣ пӯшонида шуда бошад, қонеъ мекунонад – қувва ва воситаи бемуҷозот амалӣ намудани ин лоиҳа мавҷуд нест. Нашрияи The American Conservative қайд менамояд: ”Хароҷотҳо ва хавфи низои тӯлкашида, вақте ки Русия ҳар чӣ ночор ва антогонистӣ мегардад, бесёр ҳам калон мегарданд – бахусус барои Амрикои аз ҷиҳати молиявӣ батангомадаю аз ҷиҳати сиёсӣ ноустувор ”.
Бинобар ин, аз ҳама кори калоне, ки метавонад Вашингтон ба Украина пешниҳод кунад, ин кафолати амният азрӯи “тарҳи исроилӣ” мебошад – бо яроқ таъмин намудани ИМА (бар ивази пул) беӯҳдадориҳои мудофиавии дастҷамъонаи НАТО.
Воқеан, сарони вазоратҳои корҳои хориҷаи дарлатҳои Иттиҳоди Аврупо имрӯз натавонитанд қарорҳоро мувофиқи бастаи 11-уми таҳримҳо алайҳи Русия ва қарорро дар бораи кӯмакҳои нави низомӣ ба Украинаро қабул намоянд.
Мувофиқи маълумоти шабакаи телевизионии CNBC, амалдорони варупоӣ оҳиста ба бохти Байден дар интихоботи соли 2024 омодагӣ мебинанд. Ва аз он дар ташвишанд, ки ба онҳо лозим меояд “муаммои Украинаро” бе ИМА ҳал кунанд.
Шореҳи сиёсии амрикоӣ Джексон Хинкл шарҳ медиҳад: ”Баҳмут шикаст хӯрд, навбати Часов Яр”. Залужний дар ҳолати ваҳим қарор дорад. Зарбаи ҷавобии баҳорӣ сурат нагирифт. Украина теъдоди ҳангуфти одамонро аз даст дод. Зеленский дар ҳамаи Аврупои ғарбӣ гадоӣ дорад”
Аз рӯи мушоҳидаҳои Newsweek, дар театри амалиёти ҷангии украинӣ артиши нави Русия шакл грифта истодааст – бо таҷрибаи бештар, сахтгир, ва чун пештара – хело хуб ҷиҳозонидашуда ва \роқноккардашуд.
Международная выставка вооружения и военной техники MILEX-2023 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2023
Афзалият ба паҳподҳо дар намоишгоҳи MILEX-2023 дар Минск
Дар қаноти шарқӣ инзомиёни НАТО барои муқовимат бо ФР омодагӣ мебинанд.
Украина ҳоло ҳам “дар байни вайронаҳо имкониятҳо мебинад”, аммо Ғарб, ҳолати бечораҳолонаи лӯхтакмонандҳои киевиро дар вазъияти воқеии сангин сарфи назар намуда, дигар наметавонад дар бораи ғалабаи тахайюлӣ аз болои Русия бовар надорад. Амалиёти вижаи низомии Русия идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0