https://sputnik.tj/20230520/afzaliyat-ba-pahpodho-dar-namoishgohi-milex-2023-dar-minsk-1057248232.html
Афзалият ба паҳподҳо дар намоишгоҳи MILEX-2023 дар Минск
Афзалият ба паҳподҳо дар намоишгоҳи MILEX-2023 дар Минск
Sputnik Тоҷикистон
Дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия мутахассисон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба паҳпод ва воситаҳои мубориза бо онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд
2023-05-20T10:01+0500
2023-05-20T10:01+0500
2023-05-20T11:06+0500
русия
дар русия
паҳпод
намоишгоҳ
минск
белорус
таваҷҷуҳ
аслиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057222329_0:148:3158:1924_1920x0_80_0_0_c9c386f4f605aa0f4322be6e3540486e.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Минск аз 17 то 20 май дар якҷоягӣ бо Конфронси илмии байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар масъалаҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амният - “MILEX.INOVATIONS 23” - Намоишгоҳи байналхалқии яроқ ва техникаи низомии “MILEX-2023” баргузор шуда истодааст.Дар масоҳати 24 ҳаз. метри квадратӣ дар ҳудуди маҷмааи "Минск-арена" намояндагони 170 ташкилотҳои иштирокдори конфросро аз 30 давлати дунё хеле гарм пазироӣ намуданд. Дар намоишгоҳ 500 намунаҳои яроқ, техникаи низомӣ ва махсус - бесарнишинҳо, техникаи зиреҳпӯш, маҷмааҳои мушакӣ, маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳамаи навъҳои технологияҳои мудофиа ва амниятӣ ба намоиш гузошта шудаанд.177 намунаҳо бори аввал намоиш дода шуда истодаанд. Тасодуф нест, ки байни меҳмонон намояндагони тамоми қитъаҳои сайёра ҳастанд.Намунаҳои диққати ҳамаро бештар ҷалб менамуда – бесарнишинҳои ҷосусиву зарбазани "Буревестник", "Ловчий", "Чекан" ва "Орион", ҳамзамон – чархболи бесарнишини “Hunter”, маҷмааи мутаҳаррики мубориза бо дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда "Миротворетс" ва модули ҷангии "Кречет" барои мубориза бо дронҳо буданд.Маҷмааҳои зарбазани роботикунонидашудаи "Берсерк" низ диққати ҳамаро ба худ ҷалб менамуданд. Дар намоишгоҳи “MILEX-2023” маҷмааи реактивии оташи силсилавии дар ҷаҳон овозадори "Полонез"-и дурии парвозаш то 300 км-ро системаи реактивии оташи силсилавии ихчамтари "Флейта" бо дурии парвозаш то 52 км, ки ҳамчунин истеҳсоли комплекси саноати ҳарбии белорусияги мебошад, пурра менамояд."Буревестник" бовиқор алвонҷ мезанадБесарнишинҳои авиатсионии маҷмааи "Буревестник"–и истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус қодиранд аст сарбории фоиданоки то 80 кг-ро баранд – дастгоҳҳои ҷосусӣ, то ҳашт адад мушаки “С-5” ва ё ду адад дрони “худкушро”. Вақти парвоз дар баландии то 1000 метр – то 10 соат. Радиуси амал бе гум кардани алоқаи радиоӣ – то 70 км, бо истифода аз ретранслятор – то 220 км. Бо вазни ниҳоии парвоз, ки 390 кг мебошад, ин дастгоҳ боли паҳноиаш 9,24 метраро дорад. Мошини пурқувват барои иҷрои вазифаҳои муҳим.Намунаҳои беҳтарини дронҳои беларусӣ "Ловчий" ва "Чекан" бо дурии парвоз, сарбории фоиданок ва бо тактикаи истифодаи ҷангӣ фарқ мекунанд. Датсгоҳи парвозкунандаи бесарнишини "Ловчий" метавонад дар ҳаво то 8 соат парвоз намояд. Радиуси амалаш 70 км, мушакҳои сабук ва бомбаҳои авиатсионии вазнашон то 20 кг-ро бурда метавонад.Дрони “худкуш”-и ихчамтари "Чекан" барои ҷустуҷӯ ва нобуд сохтани иншоотҳои беҳаракат ва ҳаракаткунандаи заминӣ – қувваи зинда ва техникаи душман (дар фосилаи равшани шабонарӯз) пешбинӣ карда шудааст. Реҷаи автоматикунонидашудаи идоракунии парвоз дорад, радиуси амали тактикиаш – то 25 км. Давомнокии парвозаш – то 45 дақиқа дар баландии то 1000 метр бо суръати 140 км/соат. Вазни дрон - 12 кг, заряди ҷангиаш – то 2,5 кг.Чархболи бесарнишини ҷосусӣ-зарбазани “Hunter” пурра роботонида шудааст, бо 2 таҷҳизоти бакорандозӣ барои 8 мушакҳои идоранашаванда ва 16 бомбаҳои зиддимушакии калибрашон 2,5 кг. ҷиҳозонида шудааст. Ин чархбол, ҳамчунин, курсии даввори тӯпу пулемёт, ки фосилавӣ идора карда мешавад, дорад ва дар он пулемёти Калашникови калибраш 7,62 мм бо лавозимоти ҷангӣ – 550 тир - насб карда шудааст. Чархбол маҷмааи нишонгир бо ҳисобкунаки баллистикӣ, 6 адад камераи видеоии биноишаш давродаври реҷаи кораш “шаб/рӯз”, таҷҳиҳоти муҳофизат аз мушакҳои радиолакатсионӣ ва асбоби худкори мубориза бо мушакҳоро дорад. Вазни ниҳоӣ ҳини парвоз - 750 кг, давомнокии парвоз – то 6 соат, баландии ниҳоии парвоз - 3500 метр. Яроқи барвоҳима.Бесарнишини русиягии "Орион" ба таври силсилавӣ аз соли 2019 истеҳсол карда мешавад, дар шароити ҷангӣ санҷида шудааст ва ба муаррифӣ ниёз ҳам надорад. Ба шарофати идоракунии моҳворавӣ радиуси идоракунандаи амалаш – то 4000 км – маҳдудияташ фақат вобаста ба захираи сӯзишворӣ аст. Давомнокии парвоз – то 24 соат, бо суръати 200км/соат дар баландии то 8000 метр. Сарбории ҷангии "Орион" – то 200 кг. (яроқи мушакии нишонрасиаш дақиқ)."Миротворетс"-и ҷиддӣ ва дигаронМаҷмааи муҳаррики "Миротворетс" барои мубориза бо дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар баландиҳои хурд ва миёна дар шароити мавҷуд будани монеаҳо пешбинӣ шудааст.Ба ин маҷмаа мошини ҷангии “9А33-2Б”, мушакҳои идоракунандаи зенитии “9М33М3”, истгоҳи заминии идоракунии “U-GCS” , таҷҳизоти бакорандозии “КР120”, бесарнишинҳои зарбазани "Беркут", воситаҳои нақлиёт ва алоқа дохил мешаванд. Таҳияи бисёр ҳам аҷоиби комплекси ҳарбӣ-саноатии беларусӣ.Дар намоишгоҳи MILEX-2023 бори аввал модули ҷангии беларусии барои мубориза бо бесарнишинҳои "Кречет" муаррифӣ гардид, ки қодир аст назорати давродаврии ҳарими ҳавоиро барад, дронҳои ҳаҷмашон хурдро ошкор ва онҳоро бо воситаи оташкушоӣ нобуд созад.Ин модули ҷангӣ дар автомашинаи зиреҳпӯши "Кайман" насб карда шудааст, дар автомобил, ҳамчунин, истгоҳи радиолакатсионии доираи назараш давродаври "Глобус" ва маҷмааи назоратӣ-оташфишонии (идоракуниаш фосилавӣ) автоматикунонидашуда бо пулемёти танкии Калашниковро дорад.Масофаи ниҳоии ошкорнамоии бесарнишинҳои душман – 6 км, дурии самараноки нишонрасӣ – 500 метр. Барои мубориза бо дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар минтақаи дуриаш аз 500 то 1000 метр дрони махсуси боздошткунанда истифода бурда мешавад.Боз як шоҳкории технологии намоишгоҳ дар Минск – маҷмааи роботикунонидашудаи худгарди зарбазани "Берсерк" мебошад, ки бо пулемёти авиатсионии насбшудаи ГШГ-7,62 (захираи ҷангиаш – 3000 тир) ҷиҳозонида шудааст. Маҷмаа таҳти идораи фосилавии оператор метавонад аз масофаи то 1000 метр оташ кушода, ба нишон расад.Суробҳои техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳои душманро "Берсерк" мутаносибан аз масофаи аз 6 то 10 км. мешиносад. Мошинаи мазкур қобилияти баланди гузароӣ дорад, худмухтор то 60 дақиқа кор карда метавонад, захираи гашташ – то 30 км.Соҳибон ва интиқолдиҳандагони асосии таҷҳизотҳои технологӣ дар “MILEX-2023” воқеан ҳам Беларус ва Русия буданд, ки тақрибан 150 ададӣ намунаҳои яроқ ва техникаро пешниҳод намудаанд – яъне ки зиёда аз нисфи экспонатҳои намоишгоҳро.Хаймаҳои русиягӣ пеш аз ҳама бо номгӯи васеи техникаи авиатсионӣ, азҷумла - тайёраҳои “содиротивазкунанда”-и “МС-21” ва “Superjet” хело ҷаззоб буданд.Мутахассисони русиягӣ дар Минск мекӯшанд ҳамкориҳои боз ҳам зичтарро бо истеҳсолкунандагони беларусӣ ба роҳ монанд, ҳаҷми фурӯши ҷузъҳои авиатсионӣ, қисмҳои васлкунӣ, агрегатҳоро зиёд намоянд. Барои дар қаламрави Чумҳурии Беларус ташкил намудани майдончаҳо барои таъмир ва ба роҳ мондани хизматрасонии техникаи авиатсионии ба ин кишвар интиқолдодашуда чораҳо андешда шуда истодаанд.Ҷониби Беларус дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ истеҳсол ва интиқоли техникаи низомиро ба Русия ба таври чашмрас афзоиш додааст. Сухан дар бораи садҳо миллион доллар меравад.Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба иштирокчиён ва меҳмонони “MILEX-2023” муроҷиат намуда, хотиррасон намуд, ки ҳадафи асосии баргузор намудани намоишгоҳ – ивази таҷриба, рушди ҳамкории байналхалиқии низомиву техникӣ, дастгирии сулҳу субот дар тамоми гӯшаҳои сайёра мебошад.Котиби давлатии ин кишвари Иттифоқӣ Дмитрий Мезентсев дар тантанаи ифтитоҳи ”MILEX-2023” дар бораи афзоиши имкониятҳои мудофиавии муштараки Беларус ва Русия сухан кард.Сардори Ситоди муттаҳидаи ИИАО генерал-полковник Анатолий Сидоров дар Минск ба дастовардҳои яроқсозони беларусӣ баҳои баланд дод.
https://sputnik.tj/20230429/hamla-pahpod-anbori-zakhirai-mavodi-sukht-sevastopol-video-1056769852.html
https://sputnik.tj/20230412/video-markazi-artemovsk-pahpod-navorbardor-1056412282.html
https://sputnik.tj/20230317/shoygu-khalabon-pahpod-amriko-qadrdoni-1055590400.html
https://sputnik.tj/20230131/eron-hamlahoi-pahpodi-korkhonaho-isfahon-1054605893.html
https://sputnik.tj/20230331/vazorati-difo-pahpodi-forpost-amaliyoti-vizhai-video-1055897554.html
русия
минск
белорус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/12/1057222329_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_49b17af83bc16ab824db99389a814c0d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Александр Хроленко
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102355/97/1023559789_227:0:893:666_100x100_80_0_0_f7d72bc13e9e7ca3f77570f3a97739ff.jpg
русия, минск, белорус, намоишгоҳ, афзалият, паҳпод, ҳавопаймои бесарнишин, ҷомеаи ҷаҳонӣ, воситаи мубориза
русия, минск, белорус, намоишгоҳ, афзалият, паҳпод, ҳавопаймои бесарнишин, ҷомеаи ҷаҳонӣ, воситаи мубориза
Афзалият ба паҳподҳо дар намоишгоҳи MILEX-2023 дар Минск
10:01 20.05.2023 (Навсозишуда: 11:06 20.05.2023) Александр Хроленко
шореҳи низомӣ
Дар пасманзари амалиёти вижаи низомии Русия мутахассисон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба паҳпод ва воситаҳои мубориза бо онҳо таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар Минск аз 17 то 20 май дар якҷоягӣ бо Конфронси илмии байналмилалӣ оид ба ҳамкориҳо дар масъалаҳои ҳарбӣ-техникӣ ва амният - “MILEX.INOVATIONS 23” - Намоишгоҳи байналхалқии яроқ ва техникаи низомии “MILEX-2023” баргузор шуда истодааст.
Дар масоҳати 24 ҳаз. метри квадратӣ дар ҳудуди маҷмааи "Минск-арена" намояндагони 170 ташкилотҳои иштирокдори конфросро аз 30 давлати дунё хеле гарм пазироӣ намуданд. Дар намоишгоҳ 500 намунаҳои яроқ, техникаи низомӣ ва махсус - бесарнишинҳо, техникаи зиреҳпӯш, маҷмааҳои мушакӣ, маҷмааҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ, ҳамаи навъҳои технологияҳои мудофиа ва амниятӣ ба намоиш гузошта шудаанд.
177 намунаҳо бори аввал намоиш дода шуда истодаанд. Тасодуф нест, ки байни меҳмонон намояндагони тамоми қитъаҳои сайёра ҳастанд.
Намунаҳои диққати ҳамаро бештар ҷалб менамуда – бесарнишинҳои ҷосусиву зарбазани "Буревестник", "Ловчий", "Чекан" ва "Орион", ҳамзамон – чархболи бесарнишини “Hunter”, маҷмааи мутаҳаррики мубориза бо дастгоҳҳои бесарнишини парвозкунанда "Миротворетс" ва модули ҷангии "Кречет" барои мубориза бо дронҳо буданд.
Маҷмааҳои зарбазани роботикунонидашудаи "Берсерк" низ диққати ҳамаро ба худ ҷалб менамуданд. Дар намоишгоҳи “MILEX-2023” маҷмааи реактивии оташи силсилавии дар ҷаҳон овозадори "Полонез"-и дурии парвозаш то 300 км-ро системаи реактивии оташи силсилавии ихчамтари "Флейта" бо дурии парвозаш то 52 км, ки ҳамчунин истеҳсоли комплекси саноати ҳарбии белорусияги мебошад, пурра менамояд.
"Буревестник" бовиқор алвонҷ мезанад
Бесарнишинҳои авиатсионии маҷмааи "Буревестник"–и истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус қодиранд аст сарбории фоиданоки то 80 кг-ро баранд – дастгоҳҳои ҷосусӣ, то ҳашт адад мушаки “С-5” ва ё ду адад дрони “худкушро”. Вақти парвоз дар баландии то 1000 метр – то 10 соат. Радиуси амал бе гум кардани алоқаи радиоӣ – то 70 км, бо истифода аз ретранслятор – то 220 км. Бо вазни ниҳоии парвоз, ки 390 кг мебошад, ин дастгоҳ боли паҳноиаш 9,24 метраро дорад. Мошини пурқувват барои иҷрои вазифаҳои муҳим.
Намунаҳои беҳтарини дронҳои беларусӣ "Ловчий" ва "Чекан" бо дурии парвоз, сарбории фоиданок ва бо тактикаи истифодаи ҷангӣ фарқ мекунанд. Датсгоҳи парвозкунандаи бесарнишини "Ловчий" метавонад дар ҳаво то 8 соат парвоз намояд. Радиуси амалаш 70 км, мушакҳои сабук ва бомбаҳои авиатсионии вазнашон то 20 кг-ро бурда метавонад.
Дрони “худкуш”-и ихчамтари "Чекан" барои ҷустуҷӯ ва нобуд сохтани иншоотҳои беҳаракат ва ҳаракаткунандаи заминӣ – қувваи зинда ва техникаи душман (дар фосилаи равшани шабонарӯз) пешбинӣ карда шудааст. Реҷаи автоматикунонидашудаи идоракунии парвоз дорад, радиуси амали тактикиаш – то 25 км. Давомнокии парвозаш – то 45 дақиқа дар баландии то 1000 метр бо суръати 140 км/соат. Вазни дрон - 12 кг, заряди ҷангиаш – то 2,5 кг.
Чархболи бесарнишини ҷосусӣ-зарбазани “Hunter” пурра роботонида шудааст, бо 2 таҷҳизоти бакорандозӣ барои 8 мушакҳои идоранашаванда ва 16 бомбаҳои зиддимушакии калибрашон 2,5 кг. ҷиҳозонида шудааст. Ин чархбол, ҳамчунин, курсии даввори тӯпу пулемёт, ки фосилавӣ идора карда мешавад, дорад ва дар он пулемёти Калашникови калибраш 7,62 мм бо лавозимоти ҷангӣ – 550 тир - насб карда шудааст.
Чархбол маҷмааи нишонгир бо ҳисобкунаки баллистикӣ, 6 адад камераи видеоии биноишаш давродаври реҷаи кораш “шаб/рӯз”, таҷҳиҳоти муҳофизат аз мушакҳои радиолакатсионӣ ва асбоби худкори мубориза бо мушакҳоро дорад. Вазни ниҳоӣ ҳини парвоз - 750 кг, давомнокии парвоз – то 6 соат, баландии ниҳоии парвоз - 3500 метр. Яроқи барвоҳима.
Бесарнишини русиягии "Орион" ба таври силсилавӣ аз соли 2019 истеҳсол карда мешавад, дар шароити ҷангӣ санҷида шудааст ва ба муаррифӣ ниёз ҳам надорад. Ба шарофати идоракунии моҳворавӣ радиуси идоракунандаи амалаш – то 4000 км – маҳдудияташ фақат вобаста ба захираи сӯзишворӣ аст. Давомнокии парвоз – то 24 соат, бо суръати 200км/соат дар баландии то 8000 метр. Сарбории ҷангии "Орион" – то 200 кг. (яроқи мушакии нишонрасиаш дақиқ).
"Миротворетс"-и ҷиддӣ ва дигарон
Маҷмааи муҳаррики "Миротворетс" барои мубориза бо дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар баландиҳои хурд ва миёна дар шароити мавҷуд будани монеаҳо пешбинӣ шудааст.
Ба ин маҷмаа мошини ҷангии “9А33-2Б”, мушакҳои идоракунандаи зенитии “9М33М3”, истгоҳи заминии идоракунии “U-GCS” , таҷҳизоти бакорандозии “КР120”, бесарнишинҳои зарбазани "Беркут", воситаҳои нақлиёт ва алоқа дохил мешаванд. Таҳияи бисёр ҳам аҷоиби комплекси ҳарбӣ-саноатии беларусӣ.
Дар намоишгоҳи MILEX-2023 бори аввал модули ҷангии беларусии барои мубориза бо бесарнишинҳои "Кречет" муаррифӣ гардид, ки қодир аст назорати давродаврии ҳарими ҳавоиро барад, дронҳои ҳаҷмашон хурдро ошкор ва онҳоро бо воситаи оташкушоӣ нобуд созад.
Ин модули ҷангӣ дар автомашинаи зиреҳпӯши "Кайман" насб карда шудааст, дар автомобил, ҳамчунин, истгоҳи радиолакатсионии доираи назараш давродаври "Глобус" ва маҷмааи назоратӣ-оташфишонии (идоракуниаш фосилавӣ) автоматикунонидашуда бо пулемёти танкии Калашниковро дорад.
Масофаи ниҳоии ошкорнамоии бесарнишинҳои душман – 6 км, дурии самараноки нишонрасӣ – 500 метр. Барои мубориза бо дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин дар минтақаи дуриаш аз 500 то 1000 метр дрони махсуси боздошткунанда истифода бурда мешавад.
Боз як шоҳкории технологии намоишгоҳ дар Минск – маҷмааи роботикунонидашудаи худгарди зарбазани "Берсерк" мебошад, ки бо пулемёти авиатсионии насбшудаи ГШГ-7,62 (захираи ҷангиаш – 3000 тир) ҷиҳозонида шудааст. Маҷмаа таҳти идораи фосилавии оператор метавонад аз масофаи то 1000 метр оташ кушода, ба нишон расад.
Суробҳои техникаи зиреҳпӯш ва чархболҳои душманро "Берсерк" мутаносибан аз масофаи аз 6 то 10 км. мешиносад. Мошинаи мазкур қобилияти баланди гузароӣ дорад, худмухтор то 60 дақиқа кор карда метавонад, захираи гашташ – то 30 км.
Соҳибон ва интиқолдиҳандагони асосии таҷҳизотҳои технологӣ дар “MILEX-2023” воқеан ҳам Беларус ва Русия буданд, ки тақрибан 150 ададӣ намунаҳои яроқ ва техникаро пешниҳод намудаанд – яъне ки зиёда аз нисфи экспонатҳои намоишгоҳро.
Хаймаҳои русиягӣ пеш аз ҳама бо номгӯи васеи техникаи авиатсионӣ, азҷумла - тайёраҳои “содиротивазкунанда”-и “МС-21” ва “Superjet” хело ҷаззоб буданд.
Мутахассисони русиягӣ дар Минск мекӯшанд ҳамкориҳои боз ҳам зичтарро бо истеҳсолкунандагони беларусӣ ба роҳ монанд, ҳаҷми фурӯши ҷузъҳои авиатсионӣ, қисмҳои васлкунӣ, агрегатҳоро зиёд намоянд. Барои дар қаламрави Чумҳурии Беларус ташкил намудани майдончаҳо барои таъмир ва ба роҳ мондани хизматрасонии техникаи авиатсионии ба ин кишвар интиқолдодашуда чораҳо андешда шуда истодаанд.
Ҷониби Беларус дар пасманзари амалиёти вижаи низомӣ истеҳсол ва интиқоли техникаи низомиро ба Русия ба таври чашмрас афзоиш додааст. Сухан дар бораи садҳо миллион доллар меравад.
Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба иштирокчиён ва меҳмонони “MILEX-2023” муроҷиат намуда, хотиррасон намуд, ки ҳадафи асосии баргузор намудани намоишгоҳ – ивази таҷриба, рушди ҳамкории байналхалиқии низомиву техникӣ, дастгирии сулҳу субот дар тамоми гӯшаҳои сайёра мебошад.
Котиби давлатии ин кишвари Иттифоқӣ Дмитрий Мезентсев дар тантанаи ифтитоҳи ”MILEX-2023” дар бораи афзоиши имкониятҳои мудофиавии муштараки Беларус ва Русия сухан кард.
Сардори Ситоди муттаҳидаи ИИАО генерал-полковник Анатолий Сидоров дар Минск ба дастовардҳои яроқсозони беларусӣ баҳои баланд дод.