Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Видео аз маркази Артемовск, ки аз фазо бо паҳпод наворбардорӣ шудааст расонаӣ шуд

Обуна шудан
Хабаргузории РИА “Новости” бо нашри як видео, ки бо кумаки паҳпод наворбардорӣ шудааст авоқиби ҷанг дар Артемовскро намоиш додааст
Хабаргузории РИА “Новости” видеои авоқиби ҷанг дар маркази Артемовскро расонаӣ кард. Ин видео тавассути паҳподҳои назоратӣ наворбардорӣ шудааст.
Дар видео дида мешавад, ки тақрибан ҳамаи биноҳо аз ҷанг осеб дидаан ва қисми зиёди иншоотҳои харобу валангор шудааст.
Бинои маъмурияти шаҳр бар асари таркиш аз дохили бино комилан хароб шудааст.
Расонаӣ шудани "сир"-и Пентагон – сафедкунии шикасти "ҳамлаи ҷавобӣ”-и артиши Украина аст
Тавре ба хабаргузории РИА “Новости” сарбозони нерӯҳои гурӯҳи “Вагнер” гуфтанд, низомиёни украинӣ онро дидаву дониста нобуд карданд, то нирӯҳои Русия натавонанд парчам баланд кунанд.
Новобаста аз ин сарбозони ин гурӯҳ тавонистанд парчамро болои харобаҳои бино насб кунанд.
Дар ҳамин ҳол радиои Sputnik хабар дод, ки вазорати дифои Русия дар бораи талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар Артемовск дар як рӯз хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0