https://sputnik.tj/20230317/shoygu-khalabon-pahpod-amriko-qadrdoni-1055590400.html
Шойгу ба халабонҳое, ки роҳгири паҳподи амрикоӣ дар Баҳри сиёҳ шуданд, мукофот дод
Шойгу ба халабонҳое, ки роҳгири паҳподи амрикоӣ дар Баҳри сиёҳ шуданд, мукофот дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои Русия халабонҳои Су-27-ро ки паҳподи амрикоиро дар Баҳри сиёҳ роҳгирӣ кард, ба мукофоти давлатӣ пешниҳод кард
2023-03-17T15:09+0500
2023-03-17T15:09+0500
2023-03-17T15:09+0500
дар русия
паҳпод
халабон
мукофот
қадрдонӣ
вазорати дифои русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/11/1055590238_64:0:2469:1353_1920x0_80_0_0_6fbfd25663588f27e260a0bbbb7754e1.jpg
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу пас аз ҳодиса бо паҳподи амрикоии MQ-9 Reaper ба халабонҳои рус мукофот супорид, иттилоъ додааст вазорати дифоъ.Ба иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи сешанбе дар минтақаи Қрими Русия рух додааст.Паҳподи амрикоӣ бо транспондерҳои хомӯшшуда ба самти Русия парвоз карда, сарҳади минтақаи низоми муваққатии истифодаи фазоро, ки бо мақсади гузаронидани амалиёти вижаи низомӣ муқаррар шудааст, вайрон кард.Пас аз кашфи паҳподи амрикоӣ, ҷангандаҳои русӣ зуд парвоз карданд ва онро роҳгир шуданд.Паҳпод бо аз даст додани контрол, идораашро гум кард ва ба об суқут кард. Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки ҷангандаҳои Русия бо MQ-9 нарасиданд ва аз аслиҳа низ истифода накарданд ва ҷангандаҳои русӣ ба фурудгоҳ баргаштанд.Дар ҳамин ҳол, мақомоти ИМА таъкид кардааст, ки паҳпод баъд аз бархурди чархаш бо ҳавопаймо идораашро гум карда ба баҳр суқут кардааст.
https://sputnik.tj/20230316/videoi-barkhurd-janganda-rusiya-pahpodi-amrikoi-1055570084.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/11/1055590238_665:0:2469:1353_1920x0_80_0_0_ba69cf6107950a22e5b162794b288499.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, қрим, халабонҳо, баҳри сиёҳ, халабон, амрикоӣ, мукофот, давлатӣ
русия, қрим, халабонҳо, баҳри сиёҳ, халабон, амрикоӣ, мукофот, давлатӣ
Шойгу ба халабонҳое, ки роҳгири паҳподи амрикоӣ дар Баҳри сиёҳ шуданд, мукофот дод
Вазири дифои Русия халабонҳои Су-27-ро ки паҳподи амрикоиро дар Баҳри сиёҳ роҳгирӣ кард, ба мукофоти давлатӣ пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Вазири дифои Русия Сергей Шойгу пас аз ҳодиса бо паҳподи амрикоии MQ-9 Reaper ба халабонҳои рус мукофот супорид, иттилоъ додааст вазорати дифоъ.
“Вазири дифои Русия генерали артиш Сергей Шойгу халабонҳои ҳавопаймои Су-27-ро, ки паҳподи амрикоии MQ-9 дар минтақаи истифодаи муваққатии фазо роҳгирӣ карданд, ба мукофоти давлатӣ пешниҳод шуданд”, - гуфта мешавад дар хабари вазорат.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса субҳи сешанбе дар минтақаи Қрими Русия рух додааст.
Паҳподи амрикоӣ бо транспондерҳои хомӯшшуда ба самти Русия парвоз карда, сарҳади минтақаи низоми муваққатии истифодаи фазоро, ки бо мақсади гузаронидани амалиёти вижаи низомӣ муқаррар шудааст, вайрон кард.
Пас аз кашфи паҳподи амрикоӣ, ҷангандаҳои русӣ зуд парвоз карданд ва онро роҳгир шуданд.
Паҳпод бо аз даст додани контрол, идораашро гум кард ва ба об суқут кард. Вазорати дифои Русия таъкид кард, ки ҷангандаҳои Русия бо MQ-9 нарасиданд ва аз аслиҳа низ истифода накарданд ва ҷангандаҳои русӣ ба фурудгоҳ баргаштанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти ИМА таъкид кардааст, ки паҳпод баъд аз бархурди чархаш бо ҳавопаймо идораашро гум карда ба баҳр суқут кардааст.