Дар Тоҷикистон шумори ширкатҳои аудитории дорои иҷозатномаи БМТ ба 10 адад расид

© Sputnik / Амир ИсаевДушанбе плаза
Душанбе плаза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Масъулини Бонки милии Тоҷикистон ахиран боз ба як ширкати аудиторӣ бо номи “РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА” барои фаъолият дар қаламрави кишвар иҷозатнома доданд
ДУШАНБЕ, 19 мая — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон ба ширкати аудитории “РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА” барои анҷом додани фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзӣ дар қаламрави кишвар ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дод.
Тибқи иттилои манбаъ иҷозатномаи мазкур дар асоси қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дода шудааст.
Ҳамзамон Бонки миллӣ қайд кардааст, ки мутобиқи қарори мазкур ба аудиторони ҶДММ “РАССЕЛЛ БЕДФОРД ААА” Ҳамдамов Аловиддин Нарзуллоевич ва Файзиев Далер Абдувакилович шаҳодатномаи тахассусии аудитори бонкӣ дода шуд.
Раёсати БМТ департаменти назорати бонкиро вазифадор кардааст, ки дар Феҳристи иҷозатномаҳои фаъолияти аудиторӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ сабти дахлдорро ворид намояд.
Валютная Биржа, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Бонки марказӣ: Таҷрибаи Эрон дар Русия такрор мешавад
Бояд гуфт, ки тибқи феҳристи Бонки миллӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир 10 ширкати аудиторӣ фаъолият дорад.
Аз ҷумла дар ин феҳрист ширкатҳои бонуфуз аз ҷумла Эрнст энд Янг Форд Родс Сидат Хайдер (Ernst & Young Ford Rhodes Sidat Hyder), ҶДММ "Моор Стивенс", ҶДММ "Аудит Консалтинг, ҶДММ "Кроу Хорват-ЭЙСИҶӢ" дида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0