Ҳушдори табибони Суғд аз эҳтимоли хуруҷи бемориҳои сироятии мавсимӣ

© Sputnik / Евгений Козырев / Гузариш ба медиабонкВыпуск препарата
Выпуск препарата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ба далоили беҳдоштӣ дар Хуҷанд фурӯши кӯчагии маҳсулоти зудвайроншаванда, аз қабили гӯшти қиммакардашуда, яхмоси мулоим, маҳсулоти қаннодии кремдор манъ шудаст
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Табибони эпидемиолог дар шимоли Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки гармои шадид метавонад боиси ҳар лаҳза авҷгирии бемориҳои сироятӣ гардад.
Бемории рӯда ва меъда аз бемориҳои сироятии мавсимӣ аст, ки аз он бештар кӯдакон осебпазиранд, гуфт сардори Маркази назорати санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд, Азамат Воҳидов, дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
"Дар фасли гармо талаботи аҳолӣ аз ҷумла атфол ба маҳсулоти зудвайроншаванда ва яхмосу нӯшокиҳои ташнашикан афзун мегардад. Дар ҳоли риоя нагардидани талаботи санитарию эпидемиологӣ нисбати истеҳсол, коркард ва нигаҳдорӣ, эҳтимол истеъмоли он боиси хуруҷи бемориҳо гардад" - гуфт Воҳидов.
Вай манбаи аслии хуруҷи ин бемориро аз ҳисоби чиркинӣ ва риоя накардани қоидаҳои санитарию гигенӣ дар вақти истеъмоли ғизо арзёбӣ намуд.
 Заполнение больничного листа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2023
Дар Тоҷикистон назорат аз болои додани варақаҳои беморӣ пурзӯр мешавад
Бино ба иттилои Идораи тандурустӣ давоми 4 моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 200 кӯдаки то 14-сола ба бемориҳои шадиди рӯъдаю меъда сироят шудаанд.
Тибқи омори табибон хуруҷи ин беморӣ дар шаҳру навоҳии Хуҷанд, Конибодом, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Истаравшан ва Шаҳристон тамоюли афзоиш дорад. Таъкид шудаст, ки ин теъдод кӯдакон саривақт ба молиҷа фаро гирифта шуда ва саломатиашон беҳтар гардидааст.
Масъулони Идораи санитарию эпидемиологии Хуҷанд, барои пешгирӣ аз сирояти бемориҳо, фурӯши маҳсулоти зудвайроншаванда, аз қабили гӯшти қиммакардашуда, яхмоси мулоим, маҳсулоти қаннодии кремдор, ки муҳлати нигаҳдории онҳо хеле маҳдуд аст дар бозор ва нуқтаҳои савдои сарикӯчагӣ манъ намудаанд.
Татбиқи ин қарор ба зимаи масъулони муассисаҳои беҳдоштӣ вогузор шуда то моҳи октябр амал хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0