https://sputnik.tj/20230330/tojikiston-nazorat-varaqa-bemori-purzur-1055846914.html
Дар Тоҷикистон назорат аз болои додани варақаҳои беморӣ пурзӯр мешавад
Дар Тоҷикистон назорат аз болои додани варақаҳои беморӣ пурзӯр мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба пурзӯр намудани масъулияти табибон барои додани рухсатии беморӣ иловаи дахлдор ворид карда шуд
2023-03-30T09:42+0500
2023-03-30T09:42+0500
2023-03-30T09:45+0500
тандурустӣ
дар тоҷикистон
назорат
ҷавобгарӣ
иҷтимоъ
қонун
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032479407_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_c69d1591488957d3b4f24a075164b626.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон назорат аз болои додани варақаҳои беморӣ барои корношоямии муваққатӣ пурзӯр мешавад. Парлумони ҷумҳурӣ ислоҳи лоиҳаи қонуни ҷумҳуриро "Дар бораи дохил намудани иловаҳо ба Кодекси хуқуқвайронкунии маъмури"-ро маъқул донист. Вохӯрӣ таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид. Лоиҳаи қонунро муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед, вакилони Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонзода ва Баҳриддин Зиёӣ муаррифӣ намуданд.Он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шуда, ба масъалаи таъйин ва пардохти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дахл дорад. Дар ин соҳа масъулияти маъмурй зиёд карда мешавад. Барои аз ҷониби кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ додани варақаҳои қалбакӣ дар бораи корношоямии муваққатӣ ҷазо пешбинӣ шудааст. Дар бораи миқдори он ҳоло хабар дода нашудааст.
https://sputnik.tj/20230325/rusiya-vazir-tandurusti-tojikiston-qadrdoni-1055751028.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/12/1032479407_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_2fae94790afc1f850232c9f707a08cb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон рухсатӣ беморӣ роҳ
тоҷикистон рухсатӣ беморӣ роҳ
Дар Тоҷикистон назорат аз болои додани варақаҳои беморӣ пурзӯр мешавад
09:42 30.03.2023 (Навсозишуда: 09:45 30.03.2023) Ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оид ба пурзӯр намудани масъулияти табибон барои додани рухсатии беморӣ иловаи дахлдор ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон назорат аз болои додани варақаҳои беморӣ барои корношоямии муваққатӣ пурзӯр мешавад.
Парлумони ҷумҳурӣ ислоҳи лоиҳаи қонуни ҷумҳуриро "Дар бораи дохил намудани иловаҳо ба Кодекси хуқуқвайронкунии маъмури"-ро маъқул донист.
Вохӯрӣ таҳти роҳбарии раиси палатаи поёнии парлумон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.
Лоиҳаи қонунро муовини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед, вакилони Маҷлиси намояндагон Мансур Усмонзода ва Баҳриддин Зиёӣ муаррифӣ намуданд.
Он аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ таҳия ва пешниҳод шуда, ба масъалаи таъйин ва пардохти маблағҳои суғуртаи иҷтимоӣ, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ дахл дорад.
Дар ин соҳа масъулияти маъмурй зиёд карда мешавад. Барои аз ҷониби кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ додани варақаҳои қалбакӣ дар бораи корношоямии муваққатӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.
Дар бораи миқдори он ҳоло хабар дода нашудааст.