https://sputnik.tj/20230518/barqarorsozi-hatsair-dushanbe-pekin-1057207761.html
Раҳмон ва Си Ҷинпин барқарорсозии хатсайри Душанбе - Пекинро баррасӣ карданд
Раҳмон ва Си Ҷинпин барқарорсозии хатсайри Душанбе - Пекинро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Ҳамчунин, кишвардорон, робитаҳо дар самти инфросохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла илму маориф муҳокима гардид
2023-05-18T13:14+0500
2023-05-18T13:14+0500
2023-05-18T13:24+0500
чин
дар тоҷикистон
нақлиёт
президент
эмомалӣ раҳмон
си ҷинпин
душанбе
пекин
хатсайр
парвозҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040302120_161:590:2284:1784_1920x0_80_0_0_3b49a9a537205de0ec878c10efa5851f.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Чин Си Ҷинпин барқарор намудани хатсайри Душанбе - Пекинро баррасӣ карданд.Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҳамчунин, робитаҳо дар самти пешрафти инфросохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф ва афзоиши шумораи бурсияҳои таҳсилотии Чин барои Тоҷикистон муҳокима гардид.Барқарорсозии хатсайри ҳавоӣ дар ҳолест, ки пештар аз оғози парвозҳо дар масири Сиан - Урумчӣ - Душанбе хабар дода шуд.Душанбею Пекин хостори омадурафти бештари заминию ҳавоӣ шудандИн парвоз аз 18 май мустақиман байни Сиан ва Душанбе оғоз мегардад. Парвозҳое, ки шаҳрҳои ду кишварро ба ҳам мепайвандад, тавассути ширкати China Southern Airlines анҷом мешавад.Тибқи маълумоти нав, парвози CZ5083/4 Сиан - Урумчӣ - Душанбе ҳар рӯзи панҷшанбе сурат мегирад. Ҳавопаймо аз Сиан соати 19:05 ба вақти Пекин парвоз карда, рӯзи ҷумъа соати 00:55 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасад.Шаҳрҳои Тоҷикистону Чинро хатсайри нав мепайвандадПарвози баргашт, рӯзи шанбе соати 01:35 ба вақти Пекин сурат гирифта, ҳавопаймо бояд соати 12:30 дақиқа дар Сиан фуруд ояд.
чин
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/12/1040302120_0:275:2364:2048_1920x0_80_0_0_b7198a7df750efad5e98b48292ba01b6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатсайр, душанбе - пекин, барқарор
хатсайр, душанбе - пекин, барқарор
Раҳмон ва Си Ҷинпин барқарорсозии хатсайри Душанбе - Пекинро баррасӣ карданд
13:14 18.05.2023 (Навсозишуда: 13:24 18.05.2023) Ҳамчунин, кишвардорон, робитаҳо дар самти инфросохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкорӣ, аз ҷумла илму маориф муҳокима гардид
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо кишвардори Чин Си Ҷинпин барқарор намудани хатсайри Душанбе - Пекинро баррасӣ карданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки зимни мулоқот ҳамчунин, робитаҳо дар самти пешрафти инфросохтори сайёҳии Тоҷикистон, истифодаи иқтидорҳо ҷиҳати рушди ҳамкории гуманитарӣ, аз ҷумла илму маориф ва афзоиши шумораи бурсияҳои таҳсилотии Чин барои Тоҷикистон муҳокима гардид.
Барқарорсозии хатсайри ҳавоӣ дар ҳолест, ки пештар аз оғози парвозҳо дар масири Сиан - Урумчӣ - Душанбе хабар дода шуд.
Ин парвоз аз 18 май мустақиман байни Сиан ва Душанбе оғоз мегардад. Парвозҳое, ки шаҳрҳои ду кишварро ба ҳам мепайвандад, тавассути ширкати China Southern Airlines анҷом мешавад.
Тибқи маълумоти нав, парвози CZ5083/4 Сиан - Урумчӣ - Душанбе ҳар рӯзи панҷшанбе сурат мегирад. Ҳавопаймо аз Сиан соати 19:05 ба вақти Пекин парвоз карда, рӯзи ҷумъа соати 00:55 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасад.
Парвози баргашт, рӯзи шанбе соати 01:35 ба вақти Пекин сурат гирифта, ҳавопаймо бояд соати 12:30 дақиқа дар Сиан фуруд ояд.