https://sputnik.tj/20230514/shahrhoi-tojikistonu-chinro-khatsayri-nav-mepayvandad-1057094693.html
Шаҳрҳои Тоҷикистону Чинро хатсайри нав мепайвандад
Шаҳрҳои Тоҷикистону Чинро хатсайри нав мепайвандад
Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавонавардии Чин дар масири Сиан - Урумчӣ - Душанбе хатсайри нав ифтитоҳ намуд, ки ҳафтаи як марготиба парвоз анҷом медиҳад
2023-05-14T09:30+0500
2023-05-14T09:30+0500
2023-05-14T09:30+0500
дар тоҷикистон
чин
нақлиёт
хатсайр
ҳавопаймо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055848796_0:0:3605:2027_1920x0_80_0_0_fd11776d5982523a86e184c8958f9c71.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Чин ба пойтахти Тоҷикистон роҳи нави ҳавоӣ боз мекунад. Ба ин тартиб, аз 18 май парвози мустақим байни Сиан ва Душанбе оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад хабаргузории Синхуа. Парвозҳое, ки шаҳрҳои ду кишварро ба ҳам мепайвандад, тавассути ширкати China Southern Airlines анҷом мешавад. Тибқи маълумоти нав, парвози CZ5083/4 Сиан - Урумчӣ - Душанбе ҳар рӯзи панҷшанбе сурат мегирад. Ҳавопаймо аз Сиан соати 19:05 ба вақти Пекин парвоз карда, рӯзи ҷумъа соати 00:55 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасад.Парвози баргашт, рӯзи шанбе соати 01:35 ба вақти Пекин сурат гирифта, ҳавопаймо бояд соати 12:30 дақиқа дар Сиан фуруд ояд.Зимнан, Ли Ҷиучуан, муовини директори шӯъбаи Сиании ширкати ҳавопаймоии ҷанубии Чин гуфт, ки бештари мусофирон ҳоло бо сафари корӣ мераванд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда тлабот миёни сайёҳон хоҳад афзуд.Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоӣ рӯзи шанбеи 13 май хатсайри Сиан-Урумчӣ-Ашқободро ба роҳ монд.Қаблан ҷониби Чин хабар дода буд, ки барои пурра фаро гирифтани панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳарчӣ зудтар ду масири нав ба самти Душанбе ва Ишқобод боз мекунад.
https://sputnik.tj/20230513/somon-eyr-qasd-dorad-havopaymo-chin-kharid-1057091845.html
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1e/1055848796_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_db29dfe81cdd4d1ab99d674cd8c5e7a1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон чин хатсайри нав нақлиёт
тоҷикистон чин хатсайри нав нақлиёт
Шаҳрҳои Тоҷикистону Чинро хатсайри нав мепайвандад
Ширкати ҳавонавардии Чин дар масири Сиан - Урумчӣ - Душанбе хатсайри нав ифтитоҳ намуд, ки ҳафтаи як марготиба парвоз анҷом медиҳад
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Чин ба пойтахти Тоҷикистон роҳи нави ҳавоӣ боз мекунад.
Ба ин тартиб, аз 18 май парвози мустақим байни Сиан ва Душанбе оғоз мегардад, иттилоъ медиҳад хабаргузории Синхуа.
Парвозҳое, ки шаҳрҳои ду кишварро ба ҳам мепайвандад, тавассути ширкати China Southern Airlines анҷом мешавад.
Тибқи маълумоти нав, парвози CZ5083/4 Сиан - Урумчӣ - Душанбе ҳар рӯзи панҷшанбе сурат мегирад. Ҳавопаймо аз Сиан соати 19:05 ба вақти Пекин парвоз карда, рӯзи ҷумъа соати 00:55 ба вақти маҳаллӣ ба Душанбе мерасад.
Парвози баргашт, рӯзи шанбе соати 01:35 ба вақти Пекин сурат гирифта, ҳавопаймо бояд соати 12:30 дақиқа дар Сиан фуруд ояд.
Зимнан, Ли Ҷиучуан, муовини директори шӯъбаи Сиании ширкати ҳавопаймоии ҷанубии Чин гуфт, ки бештари мусофирон ҳоло бо сафари корӣ мераванд. Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда тлабот миёни сайёҳон хоҳад афзуд.
Қобили зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоӣ рӯзи шанбеи 13 май хатсайри Сиан-Урумчӣ-Ашқободро ба роҳ монд.
Қаблан ҷониби Чин хабар дода буд, ки барои пурра фаро гирифтани панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ҳарчӣ зудтар ду масири нав ба самти Душанбе ва Ишқобод боз мекунад.